Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Муроҷиат 4 Замима 5 Имзо 6 Пешнамоиш 7 Анҷом
0%

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 03/20/2024 - 17:55

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям.

Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/32977

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 03/20/2024 - 15:55

Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз ҷамъомад баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ муовини Директори Агентӣ Набизода Азиз Абдусамад аз ҷумла қайд намуданд:
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки тайи чанд сол инҷониб бо ибтикори бевоситаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тоҷикӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Шнб, 03/09/2024 - 14:55

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!

Дар ибтидо кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/32921

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 03/07/2024 - 15:55

     Бахшида ба Рӯзи Модарон дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 03/07/2024 - 07:00

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони aзиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/32916

ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Якш, 03/03/2024 - 14:33
Тоҷикӣ

Тоҷик Эйр - Боинг 757-200

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Якш, 03/03/2024 - 13:55
Тоҷикӣ

Сомон Эйр - Боинг 739

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Якш, 03/03/2024 - 13:55
Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН RSS