ТАЛАБОТ

Талабот оид ба хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалї намудани парвозҳои байналмилалӣ дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19
Подробнее

ИҚДОМИ

Иқдоми Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пaйрaвӣ aз иқдомҳои пешгирифта ва наҷибонаи Пешвои муаззами миллaт, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Подробнее

ИЗҲОРОТ

Изҳороти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Подробнее

ИЗҲОРОТИ Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муваққатан қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ

ИЗҲОРОТИ
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба муваққатан қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ.
Иттилоъ дода мешавад, ки вазъияте, ки имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин бо суръат паҳншавии коронавирус (COVID-19). Дар ин ҷодда, нақлиёти ҳавоӣ - бо суръаттарин навъи нақлиёт буда, метавонад манбаи тез паҳн гардидани вируси мазкур гардад.
Аз ин лиҳоз, Агентии авиатсияи гражданӣ бо мақсади пешгирии воридшавии бемории сироятии коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи нақлиёти ҳавоӣ, парвозҳои байналмилалие, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ амалӣ карда мешуданд, муваққатан манъ кардааст.
Дар ин асос, парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия муваққатан қатъ карда шудаанд.
Вобаста ба ин, ба мусофирони нақлиёти ҳавоӣ расонида мешавад, ки иқдоми мазкур бо мақсади пешгирии воридшавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ шуда, ин амал муваққатӣ мебошад.
Подробнее

Изҳороти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо.

ИЗҲОРОТИ
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо.
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Федератсияи Россия қарор қабул намудааст, ки аз 18 марти соли 2020 вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба ҳудуди худ муваққатан то 1 майи соли 2020 манъ намояд.
Бояд қайд намуд, ки маҳдудияти мазкур нисбати ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки аз гузаргоҳҳои транзитии фурудгоҳҳои Федератсияи Россия мегузаранд ва ё ба Федератсияи Россия ба муносибати вафоти хешу табори наздик сафар менамоянд, татбиқ намегардад.
Дар асоси қарори қабулгардидаи Ҳукумати Федератсияи Россия, вуруди мусофирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, муваққатан манъ карда шудааст.
Ин амал ба он оварда расонидааст, ки шумораи мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия тариқи нақлиёти ҳавоӣ бояд сафар мекарданд, кам гардида, ба ин васила ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо як қисми парвозҳои хатсайрҳои худро муваққатан қатъ намудаанд.
Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоии худро, ки қаблан дастрас намудаанд, ба муҳлати дертар аз 1 майи соли 2020 иваз намоянд, ё ин ки метавонанд аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намудаанд, маблағи пардохтнамудаи худро бозпас гиранд.
Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё мушкилот шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 222-22-36, 222-22-39,
 222-22-35, 222-22-43 бо мутахассисони Агентии авитасияи гражданӣ дар тамос шаванд.
Подробнее