/ КАДРЫ И ПРАВО

КАДРЫ И ПРАВО

ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ И ФУНКЦИИ ОТДЕЛА

   Отдел кадров и права, осуществляет следующие функции:
— обеспечение выполнения норм поведения государственных служащих, установленных Гражданским кодексом Республики Таджикистан;
— разработка методических материалов и публикация других документов по актуальным ведомственным вопросам;
— обобщение и разработка предложений по совершенствованию законодательства о гражданской авиации;
— профессиональная квалификация каждого работника на занимаемой должности, а также создание необходимых условий и возможностей для развития способностей и удовлетворенности каждого работника;
— проведение аттестации работников в установленном порядке, анализ ее результатов и предложений по ее совершенствованию, а также разработка предложений по эффективному выполнению поставленных задач и повышению уровня квалификации;
— контроль за выполнением нормативных правовых актов по кадровым и правовым вопросам;
— укрепление дисциплины, создание благоприятных условий и предотвращение конфликтов;
— готовить предложения о проведении конкурсов на замещение вакантных должностей и проведении их надлежащего контроля;
— оформление документов, личный учет, продвижение рабочей и юридической документации;
— контроль за поддержанием необходимого уровеня профессионализма сотрудников;
— организация работы по подбору персонала, отправке персонала в учебные заведения страны и за рубежом;
— рассматрение заявлений и жалоб физических и юридических лиц.

----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

НИЗОМНОМАИ ШУЪБАИ КАДРЊО ВА ЊУЌУЌИ 
АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

1) Низомномаи шуъбаи кадрњо ва њуќуќ (минбаъд — низомномаи шуъба) дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрї њуќуќї», «Дар бораи хизмати давлатї», амру фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2017, № 596 ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикитстон тањия  гардида,    фаъолияти шуъбаро ба танзим медарорад.

2) Шуъбаи кадрњо ва њуќуќ (минбаъд — шуъба) воњиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд — Агентї) буда, дар фаъолияти  худ Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумхурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрї њуќуќї», «Дар бораи хизмати давлатї» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роњбарї мегирад.

3) Фаъолияти шуъбаро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон роњбарї  менамояд.

4) Дархосту супоришњо, додани ахбор, маълумот ва њуљљатњои меъёриву њуќуќии тасдиќкардаи Агентиро шуъба танњо бо иљозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон иљро менамояд.


2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШУЪБА

5) Мувофиќи љадвали корї дар сохтори шуъба чор нафар кормандон фаъолият менамоянд:

— сардори шуъба;

— сармутахассис;

— мутахассиси пешбар;

         — мутахассис.

     6) Шуъбаро сардори он рохбари менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон тибќи санадхои меъёрии хуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба аз рўи вазифањои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул мебошад. 

7) Сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис сохтори шуъбаро ташкил мекунанд, ки тибќи санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

8) Сардори шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роњбарї намуда, аз номи шуъба баромад менамояд. 


3. ВАЗИФАЊО ВА ФУНКСИЯЊОИ АСОСИИ ШУЪБА

9) Шуъбаи кадрњо ва њуќуќ фаъолияти муваффақиятноки Агентиро барои баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон равона шудааст, иҷро менамояд.

10) Шуъбаи кадрњо ва њуќуќ барои таъмини вазифаҳои зерин равона карда мешавад:

— роњбарии умумї ва назорати фаъолияти кормандони шуъбаро анљом медињад;

— иљрои санадњои меъёрии њуќуќии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд;

— таъмини татбиќи меъёрњои рафтори хизматчиёни давлатї, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Љумњурии Тољикистон муайян карда шудаанд;

— тањияи мактубњои дастурї ва интишори њуљљатњои дигар оид ба масъалањои дахлдори дар салоњияташ буда;

— лоињаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро, ки аз тарафи дигар маќомоти давлатї тањия карда шуда, барои мувофиќа   пешнињод карда шудаанд, дар якљоягї бо дигар кормандони шуъба (дар њолатњои зарурї бо љалб намудани дигар шуъбањои Агентї) баррасї намуда, хулосаи Агентиро омода менамояд;

— љамъбаст ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;

— мувофиќати касбии њар як корманд ба он мансабе, ки ишѓол кардааст, инчунин фароњам овардани шароити зарурї ва имкониятњои воќеии инкишофи  ќобилиятнокї ва ќонеъ гардонидани талаботи њар як корманд; 

— бо тартиби муќарраргардида гузаронидани   аттестатсияи кормандон, тањлили натиљаи он ва пешнињодњо оид ба такмили гузаронидани он, њамчунин тањияи пешнињодњо оид ба љойивазшавии самаранок дар вазифањо ва баланд бардоштани дараљаи тахассусї;

— назорати иљрои санадњои меъёрии њуќуќї оид ба масъалаи кадрӣ ва ҳуқуқӣ

— мустањкам намудани интизом, фароњам овардани шароити мусоид, пешгирии муноќишањои мењнатї дар воњидњои сохтории Агентї; 

— тањияи пешнињодњо оид ба гузаронидани озмунњо барои ишѓоли мансабњои холї ва назорати дуруст гузаронидани онњо;

— ба расмият даровардани њуљљатњо, бањисобгирии њайати шахсї, пешбурди кори њуљљатгузории кадрї ва ҳуқуқӣ;

— дар доираи салоњияти шуъба барои бењбудии фаъолияти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба роњбарияти Агентї пешнињод омода месозад;

— ариза ва шикоятњои шахсони воқеъ ва ҳуқуқиро вобаста ба самти шуъба баррасї намуда, њалли сариваќтї ва беѓаразонаи масъалањои дар онҳо зикргардидаро амалї менамояд.

 4. ЊУЌУЌЊОИ ШУЪБА 

11) Санадњои меъёрии њуќуќии соњаи авиатсияи гражданиро тањия менамояд.

12) Аз дигар зерсохторњои Агентї маълумоти заруриро талаб менамояд.

13) Ваколати иштирок дар мурофиањои судиро дорад.

14) Риояи талаботњои ќонунгузории соњаи њифзи мењнат, интизоми мењнат ва ќоидањои тартиботи дохилии мењнатии Агентиро талаб менамояд. 

15) Дар њолатњои зарурї маводњои заруриро бо мувофиқаи Роҳбарият ба маќомоти њифзи њуќуќ пешнињод мекунад.

16) Нусхањои ќонунњои конститутсионї, ќонунњои Љумњурии Тољикистон, ќарорњои якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, амру фармонҳои Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарору фармоишњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии умумињатмии вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти идоракунии давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти мањаллии худидоракунї ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон эътироф кардааст, мањфуз медорад.

17) Санадњои меъёрии њуќуќии дахлдори Љумњурии Тољикистонро дар шакли хаттї ва электронї ташкил мекунад.

18) Иљрои ќонунњо дар соњаи авиатсияи гражданиро назорат ва таъмин менамояд.

19) Барои бењбудии кормандони шуъба ба Директори Агентӣ пешнињодњо манзур намояд.

20) Кафолатњои иљтимої-мењнатии худ ва кормандони шуъбаро муњофизат намояд.

 21) Рафти иљрои наќшаи кории Агентиро аз љониби раёсату шуъбањо ва бахшњои дастгоњи марказии Агентї зери назорат мегирад ва иљрои сариваќтии наќшаи чорабинињоро талаб менамояд. Дар сурати иљро нагардидани наќшаи кори Агентӣ чораҳои зарурӣ меандешад.


5. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

22) Низомномаи шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар Шуъбаи кадрњо ва њуќуќ нигоњ дошта шуда,  нусхаи дуюми он аз тарафи Шуъбаи кадрњо ва њуќуќ ба сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби баќайдгирї супорида  мешавад.

23) Њангоми ба таври љиддї таѓйир ёфтани азнавташкилдињии шуъба ё Агентї ва дигар њолатњое, ки боиси таѓйир ёфтани Низомномаи шуъба мегарданд, Низомнома аз нав тањия ва тасдиќ карда мешавад.