/ КАДРҲО ВА ҲУҚУҚ

КАДРҲО ВА ҲУҚУҚ

Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ фаъолияти муваффақиноки Агентиро барои баланд бардоштани қаноатмандии касбию модди ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон равона шудааст, иҷро менамояд. 
                                                                                           ВАЗИФАҲО ВАФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ барои таъмини вазифаҳои зерин амалӣ менамояд:
— таъмини татбиқи меъерҳои рафтори хизматчиениёни давлатӣ, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд;
— таҳияи мактубҳои дастурӣ ва интишори ҳуҷҷатҳои дигар оид ба масъалаҳои дахлдори шуъба;
— ҷамъбаст ва таҳияи пешниҳодҳои ҷиҳвти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— мувофиқати касбии ҳар як корманд ба он мансабе, ки ишғол кардааст, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ ва имеониятҳои воқеии инкишофи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд;
— тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи крпмандон, таҳлили натиҷаи он ва пешниҳодҳо оид ба такмили гузаронидани он, ҳамчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазшавии самаранок дар вазифаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ;
— назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаи кадрӣ ва ҳуқуқӣ;
— мустаҳкам намудани интизом, фароҳам овардани шароити мусоид, пешгирии муноқишаҳои меҳнатӣ
— таҳияи пешниҳодҳо оид ба гузаронидани озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ ва назорати дуруст гузаронидани онҳо;
— ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, бахисобгирии ҳайати шахсӣ, пешбурди кори ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва ҳуқуқӣ;
— ташкили захираи амалкунандаи кадрҳо;
— нигоҳ доштани сатҳи зарурии тахасссии кормандон;
— ташкили фаъолияти самараноки бозомӯзиҳо, фиристодани кормандон барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчун таҷрибаомӯзии ҳайат дар мақомоти пешқадами ҷумҳурӣ ва хориҷа;
— ариза ва шикоятҳои шахсони воқеъ ва ҳуқуқиро вобаста ба самти шуъба барраси намуда, ҳалли саривақтӣ ва беғаразонаи масъалаҳои дар онҳо зикр гардидаро амалӣ икнамояд. 
                                     ---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
                                                                                                    1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Низомномаи шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ (минбаъд— низомномаи шуъба) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 596 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитстон таҳия гардида, фаъолияти шуъбаро ба танзим медарорад. 
2) Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ (минбаъд — шуъба) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти шуъбаро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.
4) Дархосту супоришҳо, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Агентиро шуъба танҳо бо иҷозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
                                                                                            2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШУЪБА
5) Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба чор нафар кормандон фаъолият менамоянд:
— сардори шуъба;
— сармутахассис;
— мутахассиси пешбар;
— мутахассис. 
6) Шуъбаро сардори он рохбари менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба аз рўи вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул мебошад. 
7) Сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис сохтори шуъбаро ташкил мекунанд, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
8)Сардори шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роҳбарӣ намуда, аз номи шуъба баромад менамояд.
                                                                                  3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
9)Шуъбаи кадрҳова ҳуқуқ фаъолияти муваффақиятноки Агентиро барои баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон равона шудааст, иҷро менамояд.
10) Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ барои таъмини вазифаҳои зерин равона карда мешавад:
—  роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони шуъбаро анҷом медиҳад;
— иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд;
— таъмини татбиқи меъёрҳои рафтори хизматчиёни давлатӣ, ки бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд;
— таҳияи мактубҳои дастурӣ ва интишори ҳуҷҷатҳои дигар оид ба масъалаҳои дахлдори дар салоҳияташ буда;
— лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ таҳия карда шуда, барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба (дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалб намудани дигар шуъбаҳои Агентӣ) баррасӣ намуда, хулосаи Агентиро омода менамояд;
— ҷамъбаст ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— мувофиқати касбии ҳар як корманд ба он мансабе, ки ишғол кардааст, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ ва имкониятҳои воқеии инкишофи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд;
— бо тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи кормандон, таҳлили натиҷаи он ва пешниҳодҳо оид ба такмили гузаронидани он, ҳамчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазшавии самаранок дар вазифаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ;
— назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаи кадрӣ ва ҳуқуқӣ;
— мустаҳкам намудани интизом, фароҳам овардани шароити мусоид, пешгирии муноқишаҳои меҳнатӣ дар воҳидҳои сохтории Агентӣ;
— таҳияи пешниҳодҳо оид ба гузаронидани озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ ва назорати дуруст гузаронидани онҳо;
— ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирии ҳайати шахсӣ, пешбурди кори ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва ҳуқуқӣ;
— дар доираи салоҳияти шуъба барои беҳбудии фаъолияти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод омода месозад;
— ариза ва шикоятҳои шахсони воқеъ ва ҳуқуқиро вобаста ба самти шуъба баррасӣ намуда, ҳалли саривақтӣ ва беғаразонаи масъалаҳои дар онҳо зикргардидаро амалӣ менамояд. 
                                                                                                          4. ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА 
11) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи авиатсияи гражданиро таҳия менамояд.
12) Аз дигар зерсохторҳои Агентӣ маълумоти заруриро талаб менамояд.
13) Ваколати иштирок дар мурофиаҳои судиро дорад.
14) Риояи талаботҳои қонунгузории соҳаи ҳифзи меҳнат, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Агентиро талаб менамояд.
15) Дар ҳолатҳои зарурӣ маводҳои заруриро бо мувофиқаи Роҳбарият ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунад.
16) Нусхаи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъерии ҳуқуқии умумиҳатмии ваҳоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомотимаҳаллии худидоракунӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷуиҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, маҳфуз медорад.
17) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ ва электронӣ ташкил мекунад.
18) Иҷрои қонунҳо дар соҳаи авиатсияи гражданиро назорат ва таъмин менамояд.
19) Барои беҳбудии кормандони шуъба ба Директори Агентӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
20) Кафолатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии худ ва кормандони шуъбаро муҳофизат намояд. 
21) Рафти иҷрои нақшаи кории Агентиро аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии Агентӣ зери назорат мегирад ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳоро талаб менамояд. Дар сурати иҷро нагардидани нақшаи кори Агентӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
                                                                                               5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
22) Низомномаи шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштанисана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
23) Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани азнавташкилдиҳии шуъба ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи шуъба мегарданд, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.