/ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД

МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД

Шуъбаи молия ва иқтисод барои таъмини вазифаҳои зерин амалӣ менамояд:
— гузаронидани тафтиши муҳосиботи ташкилот ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин тафтиши ҳуҷҷатҳои молиявии сохторҳои тобеи ташкилотро мегузаронад;
— фаъолияти хоҷагиву молиявии ташкилотро аз рӯи маълумотҳои ҳисоботҳои муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ бо мақсади ошкор намудани захираҳои дохилиидоравӣ, пешгири кардани хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ таҳлили иқтисодӣ менамояд.
— саривақт пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ;
— саривақт супоридани андозҳо;
— назорати молия ва хоҷагии Агентӣ;
— мувофиқи сметаи хароҷот сарфакорона ва мақсаднок хароҷот намудани маблағҳои буҷетӣ ва роҳ надодан хароҷотҳои дуюминдараҷа;
— мусоидат барои таъсис ва фаъолияти, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ.
— асосноккунии эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатӣ барои амалисозии барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти устувор ва бехатари соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва эҳтиҷоти дигари давлаӣ.
— гузаронидани омӯзишҳо ва фаҳмонидани мамоният ва маҳдудиятҳо, ки барои хизматчиёни давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
— масъалаҳои музди меҳнат ва кафолатҳои хизматчиёни давлатиро баррасӣ намуда, ҷиҳати такмили онҳо таклиф пешниҳод менамояд.
— муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд;
— масъалаҳои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, муайян намудани собиқаи хизмати давлатӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ, пардохти музди меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа баррасӣ менамоя.
            -------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
                                                                                                НИЗОМНОМАИ
                                                              ШУЪБАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ
                                                                                НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                                                                         1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Низомномаи шӯъбаи молия ва иқтисодӣ (минбаъд низомномаи шуъба) дар асоси конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 596 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитстон таҳия гардида, фаъолияти шуъбаро ба танзим медарорад.
2) Шуъбаи молия ва иқтисодӣ (минбаъд шуъба) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти шуъбаро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.
                                                                               2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШУЪБА
4) Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба чор нафар кормандон фаъолият менамоянд:
— сардори шуъба;
— сармутахассис;
— мутахассиси пешбар;
— мутахассис.
5) Шуъбаро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба аз рӯи вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул мебошад.
6) Сармутахассис, мутахассиси пешбари ва мутахассис сохтори шуъбаро ташкил мекунанд, ки тибқи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
7) Сардори шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роҳбарӣ намуда аз номи шуъба баромад менамояд.
                                                                                3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
8) Гузаронидани тафтиши муҳосиботи ташкилот ва ҳисобдиҳӣ, инчунин тафтиши ҳуҷҷатҳои сохторҳои тобеъи ташкилотро омода месозад.
9) Фаъолияти хоҷагиву молиявии ташкилотро аз рӯи маълумотҳои ҳисоботҳои муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ бо мақсади ошкор намудани захираҳои дохилихоҷагӣ, пешгири кардани хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ таҳлили иқтисодӣ менамояд.
10) Саривақт пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ;
11) Саривақт супурдани андозҳо;
12) Назорати молия ва хоҷагии Агентӣ;
13) Мувофиқи сметаи хароҷот, қоидаю қонунҳои амалкунандаи хароҷоткунии маблағҳо;
14) Мусоидат барои таъсис ва фаъолияти, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ.
15) Иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, ташаккул ва амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ.
16) Иштирок дар такмили системаи идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори корхонаҳои авиатсионӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ.
17) Асосноккунии эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатӣ барои амалисозии барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти устувор ва бехатари соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва эҳтиҷоти дигари давлаӣ.
18) Доир ба саҳомикунонӣ ва хусусигардонии корхонаҳо ва иншоотҳои авиатсияи гражданӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, таклифҳо пешниҳод менамояд.
19) Гузаронидани омӯзишҳо ва фаҳмонидани мамоният ва маҳдудиятҳо, ки барои хизматчиёни давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
20) Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додан ва бо онҳо ҳамкорӣ намудан.
21) Интизоми иҷроияро дар шуъба назорат менамояд.
22) Маводҳои воридаро ба кормандони шуъба барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд;
23) Ба кормандони шуъба дар доираи ваколатҳои шуъба супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
24) Нақшаҳои кори шуъбаро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
25) Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
26) Лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони шуъбаро таҳия намуда бо шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ мувофиқа намуда ба тасдиқи Директори Агентӣ пешниҳод менамояд.
27) Масъалаҳои музди меҳнат ва кафолатҳои хизматчиёни давлатиро баррасӣ намуда, ҷиҳати такмили онҳо таклиф пешниҳод менамояд.
28) Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, муайян намудани собиқаи хизмати давлатӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ, пардохти музди меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа баррасӣ намуда хулосаи Агентиро омода менамояд.
29) Мутобиқи тартиби муқарраргардида ҳисоботи кормандонро қабул намуда, нақшаи кори нимсолаи (солонаи) хизматчии давлатиро тартиб дода, бо гузоштани баҳо Варақаи баҳогузории фаъолияти хизматчии давлатиро хонапурӣ карда, ба хадамоти кадрӣ пешниҳод менамояд.
30) Ҷиҳати иштирок дар баҳогузории фаъолияти кормандони шуъба ба Директори Агентӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
31) Ба фаъолияти кормандони шуъба барои содир нагардидани амалҳои коррупсионӣ назорат менамояд.
32) Дигар супоришҳои Директори Агентиро иҷро менамояд.
Фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомоти зерин ба роҳ мемонад:
— Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Сарраёсати омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор;
                                                                                           4. ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА
33) Дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок намояд;
34) Маводҳои дар ихтиёри Агентӣ қарордоштаро омӯзад;
35) Бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;
36) Ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти шуъба дахл доранд, ташкил ва гузаронад;
37) Ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ба роҳбарияти Агентӣ таклиф пешниҳод намояд;
38) Дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
39) Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони шуъба, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гаштаанд, ба роҳбарияти Агентӣ таклиф пешниҳод намояд;
40) Дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони шуъба ба роҳбарияти Агентӣ таклиф пешниҳод намояд;
41) Шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохтории Аентӣ намояндагӣ кунад.
                                                                                       5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
42) Низомномаи шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.