/ КОРТАЪМИНКУНИ

КОРТАЪМИНКУНИ

ТАРТИБИ ҚАБУЛ БА КОР

ДАР АГЕНТИИ АГ ҲҶТ


Ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентї тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сурат гирифта, тартиби гузаронидани он тавассути"Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї«, (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 (№ 647) муқаррар карда мешавад.

Озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатии маъмурӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ гузаронида мешавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки ба талаботи тахассусии барои мансаби дахлдори муқарраргардида ва талаботи Низомномаи дар боло зикршуда мувофиқат мекунанд, ҳуқуқ доранд, довталаби мансабҳои холӣ бошанд ва дар озмун иштирок намоянд.

Эълон дар бораи гузаронидани озмун дар сомонаи Агентї, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ нашр карда мешавад. 

Дар эълон номи мақомоти давлатӣ, номгӯи мансабҳои холӣ, андозаи музди меҳнат, инчунин талаботи асосӣ нисбат ба довталабон ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳоро љой дода мешавад.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо на камтар аз 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмунро дар бар мегирад. Довталабон барои иштирок дар озмуни кушода ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  1. Ариза ба номи Директори агентї;
  2. Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
  3. Тарҷумаи ҳол;
  4. 2 дона расм (4x5) ;
  5. Нусхаи шиноснома;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.) ;
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  8. Нусхаи њуљљатњои уњдадорони њарбњ — билети њарбњ ё шањодатномаи баќайдгирї;
  9. Маълумотномаи тиббии № 038 (тибқи тартиби муайянгардида) ;
  10. Маълумотнома оид ба даромад ва амвол;
  11. Нусхаи гувоњнома дар бораи додани раќами мушаххаси андозсупоранда ва шањодатномаи суѓуртаи њатмии нафаќавї;
  12. Маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доѓи судї.


Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, хислатнома, тавсияҳо) маълумоти иловагӣ пешниҳод намоянд. Ариза ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталабон бояд дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод карда шаванд. Комиссияи озмунӣ баъди анҷоми марҳалаи қабули аризаҳо, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳлил карда, мувофиқати довталабонро ба талаботи тахассусӣ нисбат ба мансабҳои холӣ муайян ва дар бораи ба сӯҳбат иҷозат додан ё надодани онҳо қарор қабул мекунад.

Сӯҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронида мешавад. Дар рафти сӯҳбат сатҳи дониш, дараҷаи тахассус, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ муайян карда мешавад. 

Дар сурати ба суҳбат ҳозир нашудани довталаб, ӯ аз озмун нагузашта ҳисобида мешавад.

Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмунӣ баъди анҷоми суҳбат бо довталабон баргузор гардида, номзад ё номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсия дода мешаванд. Довталаб дар ҳолате аз озмун гузашта ҳисобида мешавад, ки натиҷаи имтиёзҳои бадастовардаи ӯ барои ишғоли мансабҳои холӣ кофӣ бошанд ва ба тарафдории ӯ аксарияти ҳайати комиссияи озмунӣ овоз дода бошад. Рафти суҳбат бо довталабон ва қарори комиссияи озмунӣ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, он аз тарафи раис, аъзо ва котиби комиссияи озмунӣ имзо карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки ба суҳбат иҷозат дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси муроҷиати довталаб бо гирифтани забонхат баргардонида мешаванд.