/ ВАЗИФАҲО ВА МАСЪАЛАҲО

ВАЗИФАҲО ВА МАСЪАЛАҲО

Вазифаҳо ва масъалаҳои асосии
Агентии авиатсияи гражданӣ:
  • татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки ба талаботҳои аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисодиёт дар нақлиёти ҳавоӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;
  • таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар асоси барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва соҳавӣ;
  • татбиқи сиёсатгузории ҳамоҳангшуда дар соҳаи фаъолияти иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ, мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
  • ташкили истифодаи як қисми фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқарраршуда барои хатсайрҳои ҳавои, хатсайрҳои маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои авиатсионӣ, фурудгоҳҳо ва аэродромҳои граждани муайян карда шудааст;
  • таҳия ва татбиқи стандартҳои ягона оид ба амалиётҳо ва интиқоли авиатсионӣ, стандартҳои қобилиати парвозии ҳавопаймоҳо, системаҳо ва воситаҳои таъминоти парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
  • таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои парвози ва техникии истифодабарии ҳавопаймоҳои гражданӣ, талаботҳои тахассусӣ барои ҳайати кормандони авиатсионӣ;
  • таъмини барномаи давлат оиди бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсиони;
  • ҳамоҳангсозии муштаракии фаъолият дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва бор тавассути нақлиёти ҳавои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
  • кӯмак дар гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
  • таҳлили ҳамаҷонибаи чорабиниҳо ва дурнамоии рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва иҷрои тадбирҳо оид ба таъмини фаолиати устувор ва рушди он;
  • таъсис додан, таъмини риояи стандартҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунанда, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, бехатарии авиатсиони;
  • мусоидат барои такмил додани самаранокӣ ва рақобатпазирии корхонаҳои авиатсионии граждани дар бозори хизматрасонии нақлиётии байналмилалӣ ва дохилӣ;
  • мониторинги тарифҳо ва пардохтҳо, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймои пардохта мешавад;
  • таъмини риояи ӯҳдадориҳое, ки аз созишномаҳои байниҳукуматӣ ва шартномаҳои байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ, инчунин шартномаҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ;
  • гуфтушунид бо мақомотҳои авиатсионии кишварҳои хориҷӣ дар танзими парвозҳои дуҷониба;
  • фаъолияти сертификатсиякуни ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
  • таъмини истифодаи ҳавопаймоҳои гражданӣ, инчунин иҷрои барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда.