/ ЧОРАБИНИҲО

ЧОРАБИНИҲО



Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар Агентии 

авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба муносибати таҷлили ҷашни фархундаи Артиши миллӣ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид. 

Нахуст муовини директори Агентӣ Набизода Азиз Абдусамад вобаста ба арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри обу хоки Ватан, миллат, ҳимояи марзу буми Ватан, Истиқлолияти давлатӣ ва номуси ватандориву мактаби мардонагӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳ ба як нерӯи тавонои пуриқтидор табдил ёфта, амнияти давлату миллатро комилан боэътимод дифоъ менамояд. 

Дар фарҷом муовини директори Агентӣ Набизода Азиз Абдусамад ҳозиринро ба ифтихори 28-уми солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Ватани азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати сартосариро таманно кард. 




Ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти

 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ва корхонаҳои соҳа дар соли 2020


Субҳонзода Икром - Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонањои авиатсионии кишвар дар соли 2020 ва вазифаҳо барои семоњаи якуми соли 2021” баромад карда, чунин маърӯза намуданд.

Қайд карда шуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳа дар ин давра, нисбати соли гузашта коҳиш ёфтааст, ки сабаби асосии он паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва маҳдуд шудани парвозҳо аз санаи 20 марти соли 2020 ҷиҳати пешгирии шаҳрвандони кишвар аз ин беморӣ ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, баъди анҷоми маъруза Субҳонзода Икром - Директори Агентӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионии кишвар, нисбати натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои худ баромад намуда, оид ба чораандешӣ ва пешгирии коронавируси нави COVID-19 дар корхонаҳои авиатсионии кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонию интиқоли мусофирон, зиёд намудани хатсайрҳо, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо баъди муътадил шудани вазъият вобаста ба вируси пайдошуда (COVID-19) дар ҷаҳон суханронӣ намуданд.

Субҳонзода Икром қайд намуданд, ки ҷиҳати афзоиш додани хатсайрҳо, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва барқарор намудани парвозҳои мунтазам аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо шарикони худ ва дигар сохторҳои давлатҳои хориҷа аз ҷумла, бо Кордори Сафорати Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби генералии Коммисияи байниҳукуматии ТРАСЕКА, Кордори Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои авиатсионии давлатҳои Россия, Туркия, АМА ва Ӯзбекистон гуфтушуниду ҳамкориҳоро ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани хатсайрҳо ва афзоиши онҳо чораҳои дахлдор меандешад. 

Њамзамон, аз корхонаҳои авиатсионии кишвар дархост намуданд, ки ҷиҳати пешигирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва риояи ҳатмии тавсияҳои мақомоти соҳаи тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус чорҳои дахлдор андешида шавад.

Пас аз маърӯза, намояндагони корхонаҳои авиатсионӣ: Меликов А.И., Қурбони А., Ҳомидзода Н.Р., Абдурашидзода Ф.А., Саидов Р.Қ., Додихудоев М.А. ва Валиев А.С. ба таври фишурда аз натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои худ баромад намуда, қайд намуданд, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои молиявии корхонаҳо бо сабаби авҷи бемории сироятии COVID-19 коҳиш ёфта, мушкилиҳои корхонаҳоро дучанд гардонидааст.

Дар рафти ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муллоев Муҳаммадӣ аз баландшавии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ ҳангоми иҷрои парвозҳои чартерӣ аз намояндагони ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” пурсон шуда, дархост карда шуд, ки ҷиҳати коҳиш додани арзиши  чиптаҳои ҳавопаймоӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар посух намояндагони ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” Валиев А.С. қайд намуданд, ки ҳангоми иҷрои парвозҳои чартерӣ хизматрасониҳои рӯизаминии фурудгоҳию аэронавигатсионӣ ва хизматрасонии сӯзишворӣ гарон гардида, ба баланд гардидани нархи чиптаҳо оварда расониданд.

Инчунин, қайд гардид, ки парвозҳои чартерӣ бо ғунҷоиши яктарафа амалӣ гардида мешавад, ки он низ ба баланд гардидани нархи чиптаҳо таъсири манфии худро мерасонад.

Новобаста аз ин, ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нархи чиптаҳои ҳавопайомии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” аз Федератсияи Россия аз 39,5 ҳазор рубли русӣ ба 29,5 ҳазор рубли русӣ паст карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони корхонаҳои авиатсионӣ иттилоъ дода шуд, ки бо беҳ гардидани вазъияти баамаломада ва оғоз гардидани парвозҳо нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявии корхонаҳо афзоиш ёфта, ҳолати молиявии корхонаҳо беҳтар гардонида мешавад.

Бо назардошти фикру мулоҳизаҳои баромадкунандагон ва ҳолати ба миёномада ба соҳаи авиатсияи гражданӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муллоев Муҳаммадӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Комилов Ёқуб қаноатбахш арзёбӣ намуданд

Дар охири ҷаласа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Субҳонзода Икром қайд намуданд, ки   маҳз бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатисияи гражданӣ рушд ёфта истода, хатсайрҳо аз ҳамаи фурудгоҳҳои кишвар марњила ба марњила амалӣ шуда истода сулҳу субот ва пешравии њамаи соњањои иќтисод дар ҷумҳурӣ пойдор аст.

Субҳонзода Икром дар охири ҷаласа ба ҳама барори кор ва муваффақият орзу намуданд. 

Бо назардошти фикру мулоҳизаҳои иброзшуда, ҷаласа қарор кард: 

  1. Раёсату шуъбаҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва афзоиш додани хизматрасонию интиқоли мусофирону бору бағоҷ чораҳои зеринро андешанд:
    1. Нақшаи кории худро барои нимсолаи якуми соли 2021 таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои босифати онро таъмин намоянд;
    2. Ҷиҳати афзоиш додани интиқоли мусофирон ва хизматрасонӣ ба онҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар мунтазам чораҳои дахлдор андешида шавад;
    3.  Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва сохтмони толорҳои транзитӣ дар онҳо ба нақша гирифта шавад;
    4.  Бо мақсади азнавсозии парки ҳавопаймоҳҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва дастгоҳҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чораҳои дахлдор андешида шавад;
    5.  Дар асоси ќарорҳои дахлдори “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шавад;
    6.  Бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва зиёд намудани хатсайрҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷи дуру наздик гуфтушунидҳо анҷом дода шавад;
    7.  Маблағҳои воридшуда аз ҷониби корхонаҳои авиатсионии кишвар мақсадноку самаранок истифода бурда шуда, ба хароҷотҳои ғайримақсаднок роҳ дода нашавад;
    8. Ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои муайяннамудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ чораандешӣ карда шавад;
    9. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони корхонаҳои авиатсионии кишвар тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтиссос ва бозомӯзӣ ташкил карда шавад;   
    10. Менеҷмент ва банақшагирии дурусти иҷроиши парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самтҳои таъинотӣ дар доираи талаботҳои ҷорӣ ба роҳ монда шавад;
    11.  Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи авиатсияи граждании кишвар ба талаботҳои ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ мутобиқ карда шаванд;
    12. Бо назардошти он, ки парвозҳои мунтазам давра ба давра оғоз гардида истодаанд, кормандони корхонаҳои соҳа, ки дар рухсатии бемузд мебошанд, бозхонд карда шаванд.
    13. Ҷиҳати дароз намудани муҳлати шаҳодатномаҳо, сертификатҳо ва иҷозатномаҳо барои фаъолияти кормандони корхонаҳои авиатсионӣ ба Агентӣ дар муддати на кам аз 1 моҳ то ба охир расидани муҳлати онҳо муроҷиат карда шавад.

2. Бо мақсади пешигирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва риояи ҳатмии тавсияҳои мақомоти соҳаи тандурустӣ ва “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешида шавад.

3. Назорати иҷрои қарори ҷаласа ба зиммаи муовини директори Агентӣ - Набизода Азиз Абдусамад вогузор карда шавад.





ҚАРОРИ ҶАЛАСАИ 

АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ

НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


 08 январи соли 2021                   №1                      ш. Душанбе


Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ

ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар соли 2020

ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2021


Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи Директори Агентиро оид ба “Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар  соли 2020 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2021” муҳокима намуда, 

қ а р о р   к а р д:     

  1. Раёсату шуъбаҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва афзоиш додани хизматрасониҳои мусофирон ва интиқоли бору бағоҷ чораҳои зеринро андешанд:
    • Нақшаи кории худро барои нимсолаи якуми соли 2021 таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои босифати онро таъмин намоянд;
    • Ҷиҳати афзоиш додани интиқоли мусофирон ва хизматрасонӣ ба онҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар мунтазам чораҳои дахлдор андешида шавад;
    • Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва сохтмони толорҳои транзитӣ дар онҳо ба нақша гирифта шавад;
    • Бо мақсади азнавсозии парки ҳавопаймоҳҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва дастгоҳҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чораҳои дахлдор андешида шавад;
    •  Дар асоси ќарорҳои дахлдори “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шавад;
    •  Бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва зиёд намудани хатсайрҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷи дуру наздик гуфтушунидҳо анҷом дода шавад;
    •  Маблағҳои воридшуда аз ҷониби корхонаҳои авиатсионии кишвар мақсадноку самаранок истифода бурда шуда, ба хароҷотҳои ғайримақсаднок роҳ дода нашавад;
    • Ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои муайяннамудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ чораандешӣ карда шавад;
    • Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони корхонаҳои авиатсионии кишвар тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтиссос ва бозомӯзӣ ташкил карда шавад;   
    • Менеҷмент ва банақшагирии дурусти иҷроиши парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самтҳои таъинотӣ дар доираи талаботҳои ҷорӣ ба роҳ монда шавад;
    •  Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи авиатсияи граждании кишвар ба талаботҳои ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ мутобиқ карда шаванд;
    • Бо назардошти он, ки парвозҳои мунтазам давра ба давра оғоз гардида истодаанд, кормандони корхонаҳои соҳа, ки дар рухсатии бемузд мебошанд, бозхонд карда шаванд.
    • Ҷиҳати дароз намудани муҳлати шаҳодатномаҳо, сертификатҳо ва иҷозатномаҳо барои фаъолияти кормандони корхонаҳои авиатсионӣ ба Агентӣ дар муддати на кам аз 1 моҳ то ба   охир расидани муҳлати онҳо муроҷиат карда шавад.

2. Бо мақсади пешигирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва риояи ҳатмии тавсияҳои мақомоти соҳаи тандурустӣ ва “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешида шавад.

3. Назорати иҷрои қарори ҷаласа ба зиммаи муовини директори Агентӣ - Набизода Азиз Абдусамад вогузор карда шавад.


Директор                                                                 Субҳонзода Икром


Котиби ҷаласа                                                         Нурмаҳмадова Н.М.























Ҷаласаи

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон бахшида ба  рӯзи парчами давлатии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон


аз « 24 » ноябри соли 2020                                                          ш. Душанбе


Руйхати иштирокдорон замима мегардад


Рӯзномаи ҷаласа:

Бо ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузори ба муқаддасоти давлатӣ ҷашн гирифтани

рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла парчами давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бояд қайд намуд, ки қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24 – уми ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.   

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар саросари мамлакат санаи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи парчами давлатӣ» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Қайд намудани «Рӯзи парчам» дар замири хурду бузург ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузори ба муқаддасоти давлатиро афзун мекунад

12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
 3 ноябри  соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид.
           30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метра парафшон гардид, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштанд: «Вақте ки  мо имрӯз – дар асри бисту як ба таърихи гузаштаи  халқамон назар   меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёконамон  дар зери парчам саф кашида, барои  ҳимояи  марзу буми хеш чи ҷонбозиҳо кардаанд».Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, хосса Парчами давлатӣ, дар  Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 ба таври зайл дарҷ гардидааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Парчами даврони соҳибистиқлолии Ватан, ки ифодакунандаи орзуву ормонҳои ҳамаи мост, дар шароите қабул ва тасдиқ гардид, ки Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ нахустин қадамҳои худро мегузошту вазъ нотинҷ буд. Душманони дохиливу берунӣ ба ҳар роҳу восита оромии кишвари моро халалдор ва ба сари миллати мо ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро бор карданд. Дар чунин шароити ниҳоят душвор, Парчами давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ  қабул гашт. 

            Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар радифи муаррифӣ намудани соҳибихтиёриии Тоҷикистони азиз, боз сокинони кишварро ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ ҳидоят менамояд. Парчами миллӣ рамзи ватандориву ҳастии миллат ва нишони сарбаландии мардум аст. Парчами давлатӣ ифтихорӣ миллӣ буда, ҳар сокини кишварро ба бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Парчами давлатии Тоҷикистони азиз, ки   риштаи меҳри наслро бо асл пайваст, ҳамчун муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро таҷассум менамояд. 

            Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.  Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст; - Рӯи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст  тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. 

- Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; 

- Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар;  

- Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад.  

Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.  

         Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. 

Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.  Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.

Инак, 29 сол мешавад, ки 24 ноябр дар ҷумҳуриамон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ  ва хушрӯзиву пирӯзист, бо ифтихору эҳтироми сазовор таҷлил мегардад. Зери парчами парафшони Ватан ҷавонони саодатманд - ҳомиёни марзу буми кишвар, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногун ба Ватан - Модар савганди садоқат ёд мекунанд, навхонадорон маросими ақди никоҳ анҷом медиҳанд, мактабиён дарси далериву мардонагӣ меомӯзанд. 

Бо ба даст овардани дастовардҳои шоён аз ҷониби варзишгарон дар мусобиқоти гуногун Парчами давлатии кишварамон  барафрохта мешавад. Дар Тоҷикистони азизи мо, ки кулли шаҳрвандонаш бофарҳангу бомаърифатанд, ба рамзҳои давлатӣ, хосса Парчами давлатӣ,  эҳтироми самимӣ зоҳир мегардад. Мо ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ҳамаи  моро  зарур аст,  ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он  саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамкорони мӯҳтарам ва ҳамкасбони  гиромӣ дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям. Орзумандам, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад. 






























ПРОТОКОЛИ

Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон бахшида ба  рӯзи парчами давлатии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон


аз « 24 » ноябри соли 2020                        №5                               ш. Душанбе

Иштирок доранд 31 нафар кормандони Агентӣ (руйхат замима мегардад).

Рӯзномаи ҷаласа:

Бо ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузори ба муқаддасоти давлатӣ ҷашн гирифтани

рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Оғози ҷаласа

Ҷаласаро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Субҳонзода Икром Субҳон  ифтитоҳ намуда,  ҳозиринро бо рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ин ҷашни фархунда ҳамасола 24 ноябр бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва дар асл содиқ ба ватану миллатро мебояд  ҳамин рӯзро бо як самимияти хоса ҷашн гирад. 

Ҳамзамон, Субҳонзода Икром қайд намуданд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар саросари мамлакат санаи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи парчами давлатӣ» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Қайд намудани «Рӯзи парчам» дар замири хурду бузург ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузори ба муқаддасоти давлатиро афзун мекунад.

12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
 3 ноябри  соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид.
           30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метра парафшон гардид, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштанд: «Вақте ки  мо имрӯз – дар асри бисту як ба таърихи гузаштаи  халқамон назар   меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёконамон  дар зери парчам саф кашида, барои  ҳимояи  марзу буми хеш чи ҷонбозиҳо кардаанд». Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, хосса Парчами давлатӣ, дар  Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 ба таври зайл дарҷ гардидааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Парчами даврони соҳибистиқлолии Ватан, ки ифодакунандаи орзуву ормонҳои ҳамаи мост, дар шароите қабул ва тасдиқ гардид, ки Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ нахустин қадамҳои худро мегузошту вазъ нотинҷ буд. Душманони дохиливу берунӣ ба ҳар роҳу восита оромии кишвари моро халалдор ва ба сари миллати мо ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро бор карданд. Дар чунин шароити ниҳоят душвор, Парчами давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ  қабул гашт. 

            Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар радифи муаррифӣ намудани соҳибихтиёриии Тоҷикистони азиз, боз сокинони кишварро ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ ҳидоят менамояд. Парчами миллӣ рамзи ватандориву ҳастии миллат ва нишони сарбаландии мардум аст. Парчами давлатӣ ифтихорӣ миллӣ буда, ҳар сокини кишварро ба бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Парчами давлатии Тоҷикистони азиз, ки   риштаи меҳри наслро бо асл пайваст, ҳамчун муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро таҷассум менамояд. 

            Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.  Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст; - Рӯи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст  тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. 

- Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; 

- Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар;  

- Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад.  

Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.  

         Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. 

Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.  Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.

Инак, 29 сол мешавад, ки 24 ноябр дар ҷумҳуриамон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ  ва хушрӯзиву пирӯзист, бо ифтихору эҳтироми сазовор таҷлил мегардад. Зери парчами парафшони Ватан ҷавонони саодатманд - ҳомиёни марзу буми кишвар, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногун ба Ватан - Модар савганди садоқат ёд мекунанд, навхонадорон маросими ақди никоҳ анҷом медиҳанд, мактабиён дарси далериву мардонагӣ меомӯзанд. 

Бо ба даст овардани дастовардҳои шоён аз ҷониби варзишгарон дар мусобиқоти гуногун Парчами давлатии кишварамон  барафрохта мешавад. Дар Тоҷикистони азизи мо, ки кулли шаҳрвандонаш бофарҳангу бомаърифатанд, ба рамзҳои давлатӣ, хосса Парчами давлатӣ,  эҳтироми самимӣ зоҳир мегардад. Мо ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ҳамаи  моро  зарур аст,  ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он  саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамкорони мӯҳтарам ва ҳамкасбони  гиромӣ дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям. Орзумандам, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад. 


Раиси ҷаласа                                                     Субҳонзода Икром


Котиби ҷаласа                                                  Раҳмонов Комилҷон





Мулоқоти Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

18 сентябри соли 2020 дар доираи ҷаласаи дарпешистодаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, вохӯрӣ байни роҳбарияти Агентӣ ва Муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Махкамов Илҳом Рустамович баргузор гардида, дар он ҷонибҳо масъалаҳои фаъолияти минбаъдаро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ матраҳ намуданд.

Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати баррасӣ намудани масъалаи барқарор кардани парвозҳо байни шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 октябри соли 2020 иброз намуданд.

        Дар фарҷоми мулоқот бо мақсади таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҷонибҳо Протоколи вохӯриро ба имзо расониданд.













3-юми сентябр – Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рушди авиатсияи гражданӣ - яке аз омилҳои асоситарини ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.



“Рушди авиатсияи гражданӣ, муҳайё намудани шароити муосири инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асоситарини рушди туризм мебошад, ки дар навбати худ шарти муҳими рушди иқтисодиёти кишвар, афзоиши даромади ширкатҳо ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мебошад”, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.


Авиатсияи гражданӣ соҳаи калидиест, ки барои қонеъ гардондани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти кишвар равона гардидааст. Аслан, соҳаи мазкур худ як низоми мураккаб буда, диққати бештарро ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон тақозо намуда, метавонад дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши ҳалкунанда бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар шароити мусоидро фароҳам орад. 

Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардида, дар он Директори Агентӣ кули кормандони соҳаро бо ин иди касбӣ табрик намуда, қайд карданд:

Бояд тазаккур дод, ки 30-юми августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми сентябр ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардид ва он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Агар ба таърихи ҳавонавардии ватанӣ назар намоем, мебинем, ки Тоҷикистон ва авиатсияи гражданӣ ҳамнавоянд. Яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистӣ соли 1924 таъсис ёфт ва   3-юми сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) парвоз намуд. Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) тавассути ҳавопаймо оварданд ва бо омадани ин ҳавопаймо ва ҳайати ҳукуматӣ оғозе гузошт ба фаъолияти ниҳоди мазкур. 

Тӯли 96 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди як муҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калон ҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфта, пеш рафтанд.

Қайд кардан бамавридаст, ки маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29-уми декабри соли 2017, №596 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд,  ки ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои авали таъсисёбӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки ҳукумати мамлакат ба хотири рушди соҳаи ҳавопаймоӣ ҳамаи тадбирҳоро амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ ба яке аз соҳаҳои бонуфуз ва муаррификунандаи обрӯйи давлат табдил дода шавад. Боиси ифтихору сарбаландии мо - намояндагони ин ниҳод аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи авиатсияи граждании кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои мустаҳкам намудани инфрасохтори ин соҳа дастгириҳои ҳамаҷониба амалӣ менамоянд. Ҳаминаст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи авиатсияи граждании кишвар рӯ ба рушд ниҳода, ҷуғрофияи парвозҳо васеъ шудан гирифтанд. 

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон бо зиёда аз 20 кишвари дуру наздик бо алоқаи ҳавоӣ пайвастшуда, бо зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст, ки аз онҳо 10 кишвари ИДМ, 6 кишвари Аврупо ва 14 кишвари Осиё мебошанд.

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800 метра ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хатти нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки моҳи октябри соли 2012 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 «МРИЯ» дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» фуруд омад. 

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” терминали нави муосир барои мусофирон сохташуда, соли 2014 дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо тантана кушодаву мавриди истифода қарор додашуд. 

Ҳамчунин, моҳи июни соли 2018 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ба кори худ оғоз кард. Дар баробари ин, 26-уми сентябр соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ толори қабули меҳмонони расмии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин ҳама дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа нақши худро гузоштааст.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш нақшаҳои зиёде дорад. Маҳз барои таъмини амнияти парвозҳо ва таъмини бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ, ҷалби сармоягузарони хориҷӣ, аз ҷониби ширкатҳо баҳри хидматрасонии босифат ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнаҳаҷми муосир аз ҷумлаи нақшаҳои Агентӣ маҳсуб меёбанд. Итминон дорем, ки зина ба зина нақшаҳоро амалӣ намуда, соҳа қадамҳои устуворро дар роҳи рушд мегузорад.

Амалигардии ҳама ин нақшаҳо, албатта, аз меҳнати софдилонаи роҳбарият ва ҳар як корманди ин ниҳод вобаста аст, ки мо ба ояндаи он хушбинем.  Бояд гуфт, ки дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди авиатсияи граждании кишвар натиҷаҳои назаррасро ба бор оварда, рушди соҳаи авиатсияи граждании давлатамон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ қаноатбахшварӯ ба рушд арзёбӣ карда шудааст, ки ин боиси ифтихору сарбаландии тамоми мардуми тоҷик мебошад. 

Бояд эътироф кард, ки авиатсияи гражданӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини хоҷагии халқи кишварамон ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, ҷиҳати рушду такмили ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа вазифагузорӣ менамоянд. Боиси зикри махсус аст, ки диққати ҷидди додан ба ин соҳа ба рушди тамоми иқтисодиёти кишвар, махсусан ба соҳаи туризм, таъсири калон мерасонад.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки дар асоси фармоиши Директори агентӣ аз 31 августи соли 2020, №175 кормандони дастгоҳи маркази агентӣ ва соҳаи авиатсияи гражданӣ барои фаъолияти пурсамару бисёрсола, хизмати арзанда дар пешрафти соҳа, бахшида ба иди касбӣ - Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Нишони корманди фахрӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.














Маълумотнома

оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2020


Агентии авиатсияи гражданӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳоиавиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, барои хизматрасонӣ ба мусофироне, ки аз нақлиёти ҳавоӣ истифода мебаранд, 4 фурудгоҳи байналмилалӣ ва 2 ширкати ҳавопаймоии кишвар, инчунин 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ хизматрасонӣ намуда, аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба/аз 27 шаҳрҳои 10 давлати хориҷӣ (Федератсияи Россия, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Афғонистон, Хитой, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Ӯзбекистон) парвозҳо амалӣ карда мешуданд. 

Қайд кардан ба марид аст, ки дар доираи ҳамкориҳои бароҳмондашуда дар самти авиатсияи гражданӣ,Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 27 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонидааст, ки аз онҳо 9 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (Федератсияи Россия, Белорусия, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон), 7 кишвари Аврупо  (Франсия, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия) ва 11 кишвари 

Осиё (Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ) мебошанд.

Айни замон, лоиҳаҳои Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ дар баррасии кишварҳои хориҷи дуру наздик аз ҷумла, Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Шоҳигарии Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар нимсолаи якумисоли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, тақвияти фаъолияти самаранок дар самти афзоиш додани хизматрасониҳо ва интиқоли мусофирону бору бағоч тариқи зиёд намудани парвозҳо, васеъ намудани географияи парвозҳо гуфтушунидро бо ҳамтоёни худ ва дигар сохторҳо мунтазам ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ин давра бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби генералии Комиссияи байни ҳукуматии долони нақлиётии Аврупо–Қафқоз–Осиё (ТRАСЕCА) ва Кордори Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дода шуд.

Дар робита ба ин, бо мақсади зиёд намудани хатсайрҳо, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва афзоиш додани  ҳаҷми мусофиркашонию интиқоли бору боғоч Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамкориҳоро бо як қатор маъмуриятҳои авиатсионии хориҷи кишвар ба роҳ монда, биноба рхуруҷи бемории коронавируси COVID-19, гуфтушунидҳоро муваққатан мавқуф гузошта, баробари мӯътадил гаштани вазъият ҳамкориҳо боз барқарор намуда, барои амалишавии масъалаҳои болозикр чораҳои дахлдор меандешад.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи ҳамкориҳои ба роҳ мондашуда бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷа,  Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №274 тасдиқ гардида, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, санади мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли 2020, №119 тасдиқ карда шуд.

Илова ба ин, матни лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Салтанати Уммон оид ба алоқаи ҳавоӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори №367 аз 23 июни соли 2020 маъқул дониста шуд, барои ба имзо расонӣ омода гардид.

Дар баробари ин, лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Гурҷистон оид ба алоқаи ҳавоӣ бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои парафгузорӣ омода буда, лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ низ, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, ба имзорасонии он, зимни машваратҳои авиатсионӣ дар нимаи дуюми соли 2020 дар назараст.

Боиси қайд аст, ки лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, ки аз ҷониби маъмурияти авиатсионии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таввасути роҳҳои дипломатӣ пешниҳод шуда буд, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. 

Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи авиатсия, аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ дар нимсолаи якуми соли 2020, барои танзими фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ 18 маротиба комиссия таъсис дода шуда, дар асоси хулосаҳои дахлдори комиссияҳои мазкур ва талаботҳои Қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар, 59 адад шаҳодатномаҳои гуногуни мутобиқатии самти фаъолияти соҳавӣ дода шуд.

Инчунин, дар ин давра, дар асоси қарорҳои дахлдори Комиссияи олии тахассусии Агентии авиатсияи гражданӣ 6 маротиба ҷаласа баргузор гардида, протоколҳои комиссия тасдиқ ва ба 53 мутахассисони соҳа шаҳодатномаҳои марбут бо замимаҳои он дода шуда, дараҷаи тахассусии 18 нафар мутахассони соҳа баланд бардошта шуд.

Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати мутобиқ гардонидани фаъолияти соҳа ба талаботҳои байналмилалии пешбинишуда, аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмони манораи назоратӣ–танзимгарӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе” таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба сохтори нави мақомоти авиатсионии кишвар, аз ҷониби мутахассисони Агентӣдар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ба 9 Қоидаҳои умумии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуда, бо фармоишҳои дахлдори Агентӣ тасдиқ гардида, тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ қисме аз онҳо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, барои истифода ба корхонаҳои авиатсионии кишвар ирсол гардид.

Боиси қайд аст, ки вазъияте, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин босуръат паҳншавии коронавируси COVID-19 аст. Нақлиёти ҳавоӣ, ки босуръаттарин навъи нақлиёт ба ҳисоб меравад метавонад манбаи тез паҳнкунандаи вируси мазкур бошад.

Бо назардошти ин, оид ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365 оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси СОVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ мунтазам чораҳои дахлдор андешида шуда, дар Агентӣ Ситоди доимоамалкунанда оид ба пешгирии паҳншавии коронавируси СОVID-19 таъсис дода шуда, Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо фармоиши Агентӣ аз 19 марти соли 2020, №72 тасдиқ гардидааст.

Инчунин, аз тамоми корхонаҳои авиатсионии кишвар дархост карда шуд, ки оид ба пешгирии паҳншавии ин беморӣ ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис дода, нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии воридшавии вирусро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои саривақтии онро таъмин намоянд.

Вобаста ба пешгирии бемории сироятии нави коронавируси СОVID-19 ва роҳ надодан ба паҳншавии он, кормандони дастгоҳи марказии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корҳонаҳои авиатсионии кишвар бо риояи тамоми талаботҳои санитарию зиддиэпидемиологӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, бо ниқобҳои яккарата ва маводҳои антисептикӣ таъмин гардида, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани дохили утоқҳои кории кормандон мунтазам чораҳои лозима андешида шуда, утоқҳои корӣ пурра бо маводҳои махсус безарар гардонида шуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сирояти нави коронавируси СОVID-19 аксари давлатҳои рӯи дунё сарҳадҳои худро баста, парвозҳои байналмилалиро мувақкатан қатъ намуданд. Аз ҷумла, давлатҳое, ки дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти алоқаи ҳаовоӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, аз он давлатҳо ба кишвари мо парвозҳо амалӣ карда мешуданд (Федератсияи Росси, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Афғонистон, Хитой, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Ӯзбекистон), парвозҳои худро ба кишвари мо қатъ намуданд.

Аз ҷумла, дар асоси фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020, №635-5 бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 аз 18 марти соли 2020 маҳдудиятҳо баро ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд. Дар ин асос, ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо сабаби кам гардидани анбӯҳи мусофирон парвозҳои худро муваққатан қатъ намуданд. Ин омил ба он оварда расонид, ки интиқоли мусофирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти Федератсияи Россия, ки 75-77 фоизи умумии мусофироне, ки аз нақлияти ҳавоӣ истифода мебаранд ташкил медод, коҳиш ёфт.

Инчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирӣ аз паҳн шавии бемории коронавируси COVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишварамон, парвозҳои байналмилалии ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ аз ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020 муваққатан то беҳ гардидани вазъият манъ карда шуд. 

Аз ин сабаб, нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳа, корхонаҳои авиатсионии кишвар ва ҳамчунин ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ин давра, бинобар сабаби хуруҷи бемории коронавируси COVID-19 ва пешгирии гирифтории сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин беморӣ, назар ба ҳамин давраи соли 2019 коҳиш ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи пандемияи умумиҷаҳонӣ ва баста шудани сарҳадҳо, бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дигар давлатҳо қарор доштанд, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парвозҳои махсус ташкил карда шуда, ҳазорҳо шаҳрвандони кишварамон ба ватан баргардонида шуданд. 

Аз ҷумла, то санаи 1 июли соли ҷорӣ ба Федератсияи Русия, Туркия, Полша, Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Италия, Украина, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Покистон, Афғонистон, Давлати Қувайт, Ҷумҳурии Халқии Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парвозҳои махсус амалӣ гардида, аз ин кишварҳо зиёда аз 4000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 173,3 тонна таҷҳизотҳои тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба ватан интиқол дода шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳоро иҷро менамуданд. 

Дар ин давра, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Сомон Эйр” парвозҳо дар хатҳои ҳавоии байналмилалӣ, маҳаллӣ ва чартерӣ ба роҳ монда шуда, ҳамагӣ 178 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 фурудгоҳҳои байналмиллалии кишвар ҳамагӣ ба 494,1 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд. Аз ин нишондиҳанда ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” – 313,2 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” – 145,4 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” – 25,7 ҳазор мусофир ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” – 9,8  ҳазор мусофир рост меояд.

            Дар давраи ҳисоботӣ даромади “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 114,8 млн. сомонӣ, “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 38,8 млн. сомонӣ, “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 10,4 млн. сомонӣ, “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” 1,9 млн. сомонӣ, даромади КВД “Тоҷикаэронавигатсия” 27 млн. сомонӣ, даромади ҶСК “ТоҷикЭйр” 70,5 млн. сомонӣ ва даромади ҶДММ “Сомон Эйр” 257,7 млн. сомониро ташкил намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳ гардонии вазъимолиявию иқтисодии ҶСК “Тоҷик Эйр” барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи махсуси дастгирии давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТоҷикЭйр” барои солҳои 2018-2023”, инчунин дар асоси ҷаласаҳои Шӯрои нозирони ҶСК “Тоҷик Эйр” чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр”, 80 парвози мунтазам ва 2 парвози фармоиширо дар хастайри Душанбе-Москва-Душанбе, 1 парвози фармоишӣ дар хатсайри Душанбе-Қазон-Душанбе, 11 парвози фармоишӣ дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе бо ҳавопаймои Боинг 757-200 ва якпарвоз боҳавопаймои Ан-28 дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе иҷро кард.

Дар маҷмӯъ аз тарафи ширкати мазкур дар ин давра, 31,5ҳазор мусофир ва 16,8 тонна бор интиқол дода шуд. Қобили қайдаст, ки дар ҳаминдавраи соли гузашта, бо сабаби муваққатан қатъ гардидани фаъолияти ширкат нишондиҳандаҳои мазкур ба сифр баробар буд.

Ҳоло парки ҳавопаймоии ҷамъият аз як адад ҳавопаймои коршоями Боинг 757-200 ва як адад ҳавопаймои Ан-28 иборат мебошад, ки имконияти истифодабариро доранд. Боқимондаи ҳавопаймоҳо ва чархболҳо корношоям ва дар ҳолати таъмир қарор доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷамъият ҳоло низ дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор дошта, имконияти пардохти маблағҳои зиёди қарзии худро дар назди корхонаҳои авиатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии байналмиллалӣ надорад ва доир ба коҳиш додани ҳаҷми қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ чораҳои дахлдор андешида шудаистодааст.

ҶДММ “Сомон Эйр” дар нимсолаи аввали соли 2020 тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмиллалӣ, чартерӣ ва маҳаллӣ 146,5 ҳазор нафар мусофир ва 304 тонна борро интиқол додааст.

  ҶДММ“СомонЭйр” парвозҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Федератсияи Россия, 

Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва инчунин дар хатсайри маҳаллии Душанбе-Хуҷанд-Душанбе иҷро намуд. Интиқоли мусофирон дар ҳаҷми умумӣ аз фурудгоҳи Душанбе 73% ва аз фурудгоҳи Хуҷанд 27%-ро ташкил медиҳад. 

Аз Ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 11324 адад ҳавопаймоҳо хизматрасонӣ карда шудааст. Теъдоди парвозҳои транзитии хизматрасонидашуда бошад 2973 ададро ташкил намуд.

Аз Ҷониби корхонаи мазкур бо мақсади ҷалби баҳрабардории фазои ҳавоӣ пайваста Иттилооти аэронавигатсионии ҶумҳурииТоҷикистон (AIP) таҷдид ва такмилёфта, тоинзамон 68 тағйироту иловаҳо ба он воридгардид. Боиси қайдаст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин ҷониб Маҷмӯи маълумоти аэронавигатсионии худро надошт ва он аз давраи Шӯравӣ то моҳи июни солиҷорӣ дар Маҷмӯи маълумоти аэронавигатсионии дигар давлат (AIP) нашр мешуд ва барои ширкатҳои ҳавопаймои хориҷӣ барои дарёфти маълумоти зарурӣ монеа эҷод мегардид. 

Хушбахтона, Маҷмӯи маълумоти аэронавигатсионии миллии мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон (AIP) 18 июни соли ҷорӣ таҳия, нашр ва дар сомонаи электронии КВД“Тоҷикаэронавигатсия” бо дузабон (русӣ ва англисӣ) ҷой дода шуд, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) эътирофгардид. Ҳамчунин, бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Сиёсати дарҳои кушод” корҳо оид ба кушодани долонҳои ҳавоии нави транзитӣ баҳри ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ва кушодани хати ҳавоии нав DIPAX – NULNO – DILRO – EDOSU бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳила ба марҳила идома дорад.

Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои авиатсионии кишвар ба буҷети кишвар 42,7 млн. сомонӣ пардохт карда шудааст

Вобаста ба нишондиҳандаи омории соҳа қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон бинобар хуруҷи бемории коронавируси COVID-19 ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо, нишондиҳандаҳои соҳавӣ коҳиш ёфтааст. Пас аз муътадил гардидани вазъ ва аз байн рафтани маҳдудиятҳои парвозҳо, аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ҷиҳати беҳгардонии хизматрасонӣ ба мусофирон, афзоиш додани нишондиҳандаҳои соҳавӣ тамоми чораҳои дахлдор андешида шавад. 

БАЁНИЯ

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки вазъияте, ки имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин бо суръат паҳншавии бемории сироятии CОVID-19 мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки бо хурӯҷи босуръати вируси сироятии CОVID-19 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ бемории сироятии мазкурро пандемия эълон намуд ва дар ин асос аксари давлатҳои ҷаҳон бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони давлатњои худ парвозҳои байналмилалиро то беҳ гардидани вазъият қатъ намуданд. 

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар парвозҳои байналмилалӣ аз 20 марти соли 2020 аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз/ба Федератсияи Россия то беҳ гардидани вазъият муваќқатан ќатъ карда шудааст. 

Бояд ќайд кард, ки дар баъзе расонаҳои воситаҳои ахбори омма хабарњое паҳн гардидааст, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс иҷро карда мешаванд. 

Ин хабарњо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозњои мунтазами байналмилалї байни ду кишвари болозикр танњо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии љониби маќомотњои ваколатдори давлатї амалї карда мешавад.

Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозањое, ки асоси воќеї надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи њавопаймої то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст. 

Бори дигар огоњ карда мешавад, ки барқарорсозии парвозҳои байналмилалї аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танњо пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии CОVID-19 роҳандозӣ карда мешавад.

Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба вируси сироятии CОVID-19, оид ба барқарорсозии парвозҳои мунтазам расман эълон карда мешаванд.


Маъмурияти ААГ














Ҳисобот

оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2020





       Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2020, роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, тақвияти фаъолияти самаранок дар самти афзоиш додани хизматрасониҳо ва интиқоли мусофирону бору бағоч тариқи афзоиш додани парвозҳо, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва ҷалби бештари сайёҳон вохӯриҳо ва гуфтушунидро бо ҳамтоёни худ ва дигар сохторҳои алоқаманд идома дода, дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 феврали соли 2020 бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 марти соли 2020 бо Котиби генералии Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё (ТRАСЕCА) гуфтушунид анҷом дода шуд.

     Дар ин давра, ба суратҳисоби махсуси Агентии авиатсияи гражданӣ аз ҳисоби сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ 270,1 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб тибқи моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2019, №1650 “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”– 20%, яъне 54 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 5%, яъне 10,8 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби иншоотҳои муҳими давлатӣ пардохт карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби фаъолияти иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳии Агентӣ ба корхонаҳои авиатсионӣ ва ҷамъиятҳои чиптафурӯшӣ, инчунин, барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймоҳои гражданӣ 12,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 42 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” санаи 13 марти соли 2020 дар Агентии авиатсияи гражданӣ бо иштироки кормандони агентӣ ва муовини сардори Раёсати 1-уми Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Турсунзода Ш.Х. ҷаласа баргузор гардида, протокол тартиб дода шуда, вобаста ба корҳои иҷрошуда ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷониби агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2020, барои санҷиши фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ зиёда аз 12 маротиба комиссия таъсис дода шуда, дар асоси хулосаҳои дахлдори комиссияҳои мазкур ва талаботи Қоидаҳои умумии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 адад шаҳодатномаҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, оид ба сатҳи садо, мағал, бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишин, коршоямии аэродромӣ, шаҳодатномаи истифодабаранда, шаҳоданомаи эътирофи марказҳои хизматрасонии техникӣ, марказҳои таълимӣ-авиатсионӣ дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ, ба агентӣ 13 адад муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ аз ҷумла, ҷамъиятҳои фаъолияткунандаи нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, корхонаҳои авиатсионӣ барои гирифтани иҷозатнома ворид гардида, дар асоси талаботи “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” муроҷатҳои мазкур баррасӣ гардида, дар асоси хулосаи Комиссияи иҷозатномадиҳии агентӣ ба 10-тои онҳо, ки ба талаботҳои мавҷуда ҷавобгӯ буданд, ба мӯҳлати 5 сол иҷозатнома оид ба фаъолияти чиптафурушӣ ва дигар намуди фаъолият дода шуд.

Инчунин, дар ин давра, дар асоси қарори Комиссияи олии тахассусии агентӣ 4 маротиба ҷаласа гузаронида шуда, протокол тартиб дода шуд, ки дар натиҷа ба 50 мутахассисони соҳа шаҳодатномаҳои тахассусӣ бо замимаҳои он дода шуда, дараҷаи тахассусии 15 нафар мутахассони соҳа баланд бардошта шуд.

Бояд гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби мутахассисони агентӣ тибқи нақшаи тасдиқнамуда дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз 27 декабри соли 2019, дар 2 корхонаҳои авиатсионӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани қоидавайронкуниҳо ва камбудиҳои ҷойдошта 2 адад огоҳинома ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таъмин намудани бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, инчунин, мутобиқатии фаъолият ба талаботҳои мавҷудаи соҳавӣ, аз ҷониби мутахассисони агентӣ 2 маротиба санҷиши нозиротии ҳавопаймоҳҳо дар фурудгоҳҳои байналмиллалии кишвар аз рӯйи барномаи “Арзёбии бехатарии ҳавопаймоҳҳо” (SAFA) гузаронида шуд.

Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ,ҷиҳати мутобиқ гардонидани фаъолияти соҳа ба талаботҳои байналмилалии пешбинишуда, аз ҷониби агентӣ лоиҳаи  фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмони манораи назоратӣ – танзимгарӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе” таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба сохтори нави мақомоти авиатсионии кишвар, аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ба 2 Қоидаҳои умумии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, бо фармоишҳои дахлдори директори агентӣ тасдиқ гардида, дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуда, барои истифода ба корхонаҳои авиатсионии кишвар ирсол гардид.

Вобаста ба иҷроиши парвозҳо ва таъинотҳо дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2020 ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ барои иҷрои парвозҳои хатсайрҳои байналмилалӣ, барои иҷроиши 98 парвоз дар як ҳафта иҷозати парвозҳо дода шудааст, ки аз онҳо 31 парвоз ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ва 67 парвоз ба ҶДММ «Сомон Эйр» рост меояд.

Аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳоро иҷро намуда, ба мусофиркашонию боркашонӣ машғул буданд, ки айни замон бинобар сабаби хуруҷи бемории коронавирус (COVID-19) ва пешгирии сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин беморӣ, парвозҳои байналмилалии ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз 20 марти соли ҷорӣ муваққатан амалӣ карда намешавад.

Дар семоҳаи аввали соли 2020, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” парвозҳо дар хатҳои ҳавоии маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, ҳамагӣ 144,7 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли 2019 – 45 ҳазор мусофир ё ин, ки 23,7 фоиз коҳиш ёфтааст (семоҳаи аввали соли 2019– 189,7 ҳазор мусофир). Сабаби асосии коҳишёбии нишондиҳандаи интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ин, бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус (COVID-19) ва пешгирии гирифтории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин беморӣ, ҷорӣ намудани маҳдудияти муваққатӣ ба парвозҳо то муътадил гардидани вазъият мебошад. 

Дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентӣ бо мақсади беҳтаргардонии вазъи молиявию иқтисодии ҶСК “Тоҷик Эйр” барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи махсуси дастгирии давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018-2023”, инчунин дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои нозирони ҶСК “Тоҷик Эйр” чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Ҳамзамон, оид ба мӯҳлати 3 сол ба таъхир гузоштани пардохти қарзи ҶСК “Тоҷик Эйр” аз буҷет ба маблағи 11,4 млн. сомонӣ, аз ҷониби Вазорати молия лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. 

Инчунин, боиси қайд аст, ки ҶСК “Тоҷик Эйр” аз моҳи сентябри соли 2019 то инҷониб парвозҳои худро барқарор намуда, то ин вақт ба буҷети давлатӣ ба маблағи 3 млн. сомонӣ андозҳоро пардохт намудааст.

Бояд гуфт, ки бо ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҶСК “Тоҷик Эйр” парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе аз 2 сентябри соли 2019 ва Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе аз 26 ноябри соли 2019 бо ҳавопаймои Боинг 767-300 оғоз намуда, дар соли 2019 - 55,3 ҳазор мусофир ва 66,3 тонна бор интиқол додааст. 

Қайд намудан ҷоиз аст, ки парвозҳои ҷамъияти мазкур бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус (COVID-19) ва пешгирии гирифтории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин беморӣ муваққатан қатъ карда шуда, дар ҳолати мӯътадил гардидани вазъият боз барқарор хоҳанд шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 фурудгоҳҳои байналмиллалии кишвар ҳамагӣ ба 478 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019–79,1 ҳазор мусофир ё 14,2 фоиз кам мебошад. Аз ин нишондиҳанда ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” – 301,2 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” – 141,3 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” – 25,7 ҳазор мусофир ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” – 9,8 ҳазор мусофир рост меояд.

Сабаби асосии коҳишёбии нишондиҳандаи хизматрасонӣ ба мусофирон аз ҷониби фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба монанди ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин, бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус (COVID-19) ва пешгирии гирифтории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин беморӣ ҷорӣ намудани маҳдудияти муваққатӣ ба парвозҳо то муътадил гардидани вазъият мебошад.

Таносуби интиқоли мусофирон дар семоҳаи аввали соли 2020 байни ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ чунин мебошад: 

  • ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ: аз ҷумла байналмилалӣ– 144,7 ҳазор мусофир ё 31,8 фоиз;
  • ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ– 310,6 ҳазор мусофир ё 68,2 фоиз.

Бояд гуфт, ки 23,9 ҳазор мусофире, ки дар хатсайрҳои маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” дар самти Душанбе-Хуҷанд-Душанбе интиқол дода мешаванд, ҳам дар ҳисоботи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва ҳам дар ҳисоботи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба қайд гирифта шудаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки вазъияте, ки имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин бо суръат паҳншавии коронавирус буда, нақлиёти ҳавоӣ, ки бо суръаттарин навъи нақлиёт мебошад, метавонад манбаи тез паҳн гардидани вируси мазкур гардад.

Вобаста ба ин, дар асоси фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020, №635-5 бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-2019) аз 18 март то 1 майи соли 2020 маҳдудиятҳо барои ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардид. Дар ин асос, ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо сабаби кам гардидани анбуҳи мусофирон қисми зиёди парвозҳои худро муваққатан қатъ намуданд.

Инчунин, дар ҷаласаи Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 19 марти соли 2020 баргузор гардида буд, аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии авиатсияи гражданӣ супориш дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дастур дода шавад, ки парвозҳои байналмилалии худро аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан қатъ намоянд.

Бо ин мақсад, аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки парвозҳои байналмилалии худро аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020 муваққатан то беҳ гардидани вазъият қатъ намоянд. 

Дар баробари ин, Ҳукумати Федератсияи Россия дар асоси қарори дахлдори қабулнамудааш аз 27 марти соли 2020 ҳамаи парвозҳои байналмилалиро аз Федератсияи Россия ва ба Федератсияи Россия муваққатан қатъ намуд.

Новобаста ба ин, бо ҳидоятҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар, ки дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишварҳои гуногун ҷамъ шуда баданд, аз 21 то 25 марти соли 2020 парвозҳои махсус ташкил карда шуда, аз фурудгоҳҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Туркия ва Федератсияи Россия зиёда аз 1370 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар баргардонида шуданд.


Иҷрои парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ

 барои интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои байналмилалии кишварҳои хориҷӣ

Ширкати ҳавопаймоӣ

Санаи парвоз

Самти хатсайр

Шумораи мусофирон

Флай Дубай

21.03.2020

Дубай-Душанбе

163

Сомон Эйр

21.03.2020

Истамбул-Душанбе

182

22.03.2020

Москва (дмд)-Душанбе

188

24.03.2020

Жуковский-Кӯлоб

178

Тоҷик Эйр

21.03.2020

Москва (дмд)-Душанбе

216

22.03.2020

Москва (дмд)-Душанбе

230

25.03.2020

Москва (дмд)- Кӯлоб

218

Ҳамагӣ шаҳрвандони баргардонидашуда

1375


Ҳамзамон, қайд намудан лозим аст, ки ба аксарияти давлатҳое, ки кушодани хатсайрҳои нав ва зиёд намудани шумораи парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба нақша гирифта шудаанд, аллакай дар ин давлатҳо гирифторӣ ба бемории коронавирус (Covid-19) ба қайд гирифта шудааст.               

Бо назардошти ин, маълум менамоем, ки бо мақсади  зиёд намудани хатсайрҳо, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва афзоиш додани ҳаҷми мусофиркашонию интиқоли бору боғоч, Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамкориҳоро бо як қатор маъмуриятҳои авиатсионии хориҷи кишвар ба роҳ монда, ҳамзамон бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус (COVID-19), гуфтушунидҳо муваққатан мавқуф гузошта шуда, ҳангоми мӯътадил гаштани вазъият дар атрофи хуруҷи ин беморӣ ҳамкориҳо бо ин давлатҳо боз барқарор гардида, оид ба амалишавии масъалаҳои болозикр чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Қайд кардан ба марид аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати роҳ надодани воридшавӣ ба кишвар ва хуруҷи бемории коронавирус (COVID-19) чораҳои лозимаро меандешад. 

Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365 оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (СОVID-2019) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус  (СОVID-2019) Агентӣ мунтазам чораҳои дахлдорро андешида, ба тамоми корхонаҳои авиатсионии кишвар мактуб ирсол намуда, дастур дода шуд, ки оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус (СОVID-2019) дар корхонаҳои авиатсионӣ ситод таъсис дода, нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии воридшавии вирусро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои саривақтии онро таъмин намоянд.

Дар баробари ин, бо фармоиши Директори Агентии авиатсияи гражданӣ аз 28 феврали соли 2020, №56 ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, аъзоёни ситод вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус (СОVID-2019) тадбирҳои таъхирнопазир андешида, оид ба риояи қатъии талаботҳои санитарию эпидемиологӣ фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Инчунин, бо мақсади иҷрои саривақтии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365 вобаста ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (СОVID-2019) нақшаи чорабиниҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, бо фармоиши директори агентӣ аз 19 марти соли 2020, №72 тасдиқ гардидааст. Нақшаи чорабинии мазкур аз 11 банд иборат буда, тамоми масъалаҳои тавсияшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус дарҷ гардида, нусхаи он ба корхонаҳои авиатсионии кишвар барои иҷро ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии бемории сирояти нави коронавирус (СОVID-2019) ва роҳ надодан ба паҳншавии он, кормандони дастгоҳи марказии агентӣ бо ниқобҳои яккарата ва маводҳои антисептикӣ таъмин гардида, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани дохили утоқҳои кории кормандон мунтазам чораҳои лозима андешида шуда, утоқҳои корӣ пурра бо маводҳои махсуси антисептикӣ безарар гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.  

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар семоҳаи аввали соли 2020 ба 301,2 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,9 фоиз ё 33,1 ҳазор мусофир кам мебошад.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” қабул ва интиқолгардида, дар семоҳаи аввали соли 2020–393,1 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019–55,9 тонна ё 12,4 фоиз кам мебошад.

Теъдоди ҳодисаҳои таъхирмонии парвозҳо дар семоҳаи аввали соли 2020 – 202 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 –132 парвоз ё 188,5 фоиз зиёд мебошад (дар семоҳаи аввали соли 2019–70 адад).

Дар давраи ҳисоботӣ, дар натиҷаи корбарӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳию рӯизаминии фурудгоҳи мазкур, ҳодисаҳои осеб дидан, дер омадан ва гум шудани бағочҳои мусофирон кам шудааст. Аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби мусофирон нисбат ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷи мусофирон 63 эрод ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 154 эрод ё 244,4 фоиз кам мебошад (дар семоҳаи аввали соли 2019–217 адад).

Даромаднокии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ–102,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта–2,5 млн. сомонӣ ё 2,5 фоиз кам ва хароҷот бошад дар ин давра 113,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта– 27,4 млн. сомонӣ ё 31,8 фоиз зиёд мебошад.

Айни замон, қарзҳои кредитории ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” 381,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ин давраи соли гузашта – 36 млн. сомонӣ ё 8,6 фоиз кам буда, қарзҳои дебиторӣ бошад, ба 209,6 млн. сомонӣ баробар мебошад, ки нисбати ин давраи соли гузашта – 11,5 млн. сомонӣ ё 5,5 фоиз кам мебошад.

Маблағи ба буҷети давлатӣ гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин давра 12,9 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 – 12,3 млн. сомонӣ ё 49 фоиз кам мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 натиҷаи молиявии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо 11,3 млн. сомонӣ зарар ҷамъбаст гардид. 

Дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар семоҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби 4 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 1 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 3 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ хатсайрҳо иҷро карда шуданд. Дар ин давра, шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда 545 ададро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 169 хатсайр ё 23,6 фоиз кам мебошад. 

Дар фурудгоҳи мазкур дар семоҳаи аввали соли 2020 ба 141,3 ҳазор нафар мусофир хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  21,6 фоиз ё 39 ҳазор нафар мусофир кам мебошад. Интиқоли бор дар ин давра 86,7 тоннаро ташкил дода, нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 17,2 тонна ё 24,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб,даромади фурудгоҳ 36,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 –12,8 млн. сомонӣ ё 25,8 фоиз кам буда, хароҷот бошад –21,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 –2,1 млн. сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд мебошад. 

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” натиҷаи молиявии худро дар семоҳаи аввали соли 2020 бо 14,9 млн. сомонӣ фоида ҷамъбаст намуд, ки нисбат ба натиҷаи молиявии семоҳаи аввали соли  2019 – 14,8 млн. сомонӣ ё 49,8 фоиз кам мебошад.

Айни замон, қарзҳои кредитории ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” 33,6 млн. сомониро ташкил дода, қарзҳои дебиторӣ бошад, ба 55,1 млн. сомонӣ баробар мебошад.

Маблағи ба буҷети давлатӣ гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар ин давра, 5,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 – 3,8 млн. сомонӣ ё 40,3 фоиз кам мебошад.        

Шумораи ба таъхирмонии парвозҳо дар ҳамин давра 116 адад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта – 171 адад ё 32,1 фоиз кам мебошад. Ҳамзамон, дар семоҳаи аввали соли 2020– 100 ҳолати дер омадани бағоч  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019–137 эрод ё 57,8 фоиз кам мебошад. 

Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз ҷониби як ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия – ҶСК «Уралские авиалинии» правозҳо амалӣ карда шуданд. Инчунин, дар моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” тавассути фурудгоҳи мазкур 2 парвози чартерӣ аз Федератсияи Россия амалӣ карда шуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.

Дар ин давра, ҶСК«Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба 25,7 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 фоиз ё ин ки 3,8ҳазор нафар мусофир камтар мебошад.

Даромади фурудгоҳи мазкур дар ин давра – 10,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 –1,3 млн. сомонӣ ё 11,2 фоиз кам буда, хароҷот бошад 6,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 2,1 млн. сомонӣ ё 50,1 фоиз зиёд мебошад. 

Натиҷаи молиявии фурудгоҳ дар семоҳаи аввали соли 2020– 3,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба натиҷаи молиявии семоҳаи аввали соли 2019 – 3,4 млн. сомонӣ ё 47,5 фоиз кам мебошад.

Қарзҳои кредитории ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” 2,9 млн. сомониро ташкил дода, қарзҳои дебиторӣ бошад, ба 311,9ҳазор сомонӣ баробар мебошад.

Маблағи ба буҷети давлатӣ гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар ин давра, қариб 3 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 – 1,3млн. сомонӣ ё 80,6 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи парвозҳои ба таъхиргузошташуда дар давраи ҳисоботӣ дар фурудгоҳ ба қайд гирифта нашудаанд. Дер омадани бағоҷ дар ин давра ба 38 адад баробар буда, аз ҷониби шахсони масъули фурудгоҳ чораҷӯӣ гардида, ба соҳибонашон баргардонида шуданд. 

Дар семоҳаи аввали соли 2020дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» аз ҷониби як ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия “Северный ветер” парвозҳо амалӣ карда шудаанд.

Дар умум, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар” ба 9,8 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 ҳазор мусофир ё 24,6 фоиз кам мебошад.

Инчунин, аз ҷониби фурудгоҳи мазкур 133,8 тонна бору бағоҷ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019–62 тонна ё 31,7 фоиз кам мебошад.

Даромади фурудгоҳи мазкур дар семоҳаи аввали соли 2020– 1,9 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  591 ҳазор сомонӣ ё 24 фоиз кам ва хароҷот бошад 1,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбати ин давраи соли гузашта – 439 ҳазор сомонӣ ё 20 фоиз кам мебошад.

Натиҷаи молиявии фурудгоҳи мазкур 333,7 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151 ҳазор сомонӣ ё 31,2 фоиз кам мебошад.

Қарзҳои  дебиторӣ ва кредитории фурудгоҳи мазкур ба санаи 1 апрели соли 2020 чунин аст:

  • қарзи дебиторӣ– 1,9 млн. сомонӣ
  • қарзи кредиторӣ – 22,1 млн. сомонӣ.

  Маблағи ба буҷети давлатӣ гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» дар ин давра 497,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 – 25 ҳазор сомонӣ ё 5,2 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи парвозҳои ба таъхир гузошташуда дар давраи ҳисоботӣ дар фурудгоҳи мазкур ба қайд гирифта нашудаанд.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» бояд гуфт, ки ҷамъият дар семоҳаи аввали соли 2020 – 62,8 млн сомонӣ даромад ба даст овард, ки ин нисбати семоҳаи аввали соли 2019 61,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Хароҷоти ширкат бошад, дар ин давра 63,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати семоҳаи аввали соли 2019 – 51,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин рӯ, ҶСК “Тоҷик Эйр” натиҷаи молиявии худро дар ин давра бо зарар ба маблағи 765 ҳазор сомонӣ ҷамъбаст намудааст. 

Ҳамчунин, дар ин давра ҷамъият ба буҷети давлат 1,8 млн. сомонӣ андозпардохт намудааст, ки ин нисбати семоҳаи аввали соли 2019 – 1,3 млн. сомонӣ  ё 3,8 маротиба зиёд мебошад.

Қарзҳои кредитории ҶСК “Тоҷик Эйр” ба ҳолати 1апрели соли 2020 – 257,7 млн. сомонӣ ва қарзҳои дебиторӣ бошад ба 66,2 млн. сомонӣ баробар мебошад.

ҶСК “Тоҷик Эйр” дар семоҳаи аввали соли 2020 – 26,3 ҳазор мусофиронро интиқол дод. Қобили қайд аст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ширкат фаъолияти худро муваққатан манъ карда буд.

Вобаста ба банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи махсуси дастгирии давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр”барои солҳои 2018-2023” оид ба  коҳиш додани ҳаҷми қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо ширкати UAB “Skyroad Leasing”-и Ҷумҳурии Литва нисбати ситонидани қарзҳои кредитории ҷамъият дар ҳаҷми 2,9 млн. доллари ИМА ва 20,2 млн. доллари ИМА гуфтушунид доир гардида, аз тарафи ҷамъият пешниҳод ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати баргардонидани қарзҳо ба ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ҷамъият лоиҳаи созишномаи оштиро омода намуда, барои баррасӣ ба ҷамъиятҳои мазкур пешниҳод кардааст. Дар сурати ба мувофиқа расидан, имзои созиши оштии тарафҳо ва таҳияи нақшаи давра ба давра пардохт намудани маблағҳои қарзӣ, ҶСК “Тоҷик Эйр” омодааст, ки ҳангоми пайдо шудани имкониятҳои молиявӣ онро иҷро намояд. 

Ҳамзамон маълум менамоем, ки аз ҳисоби фурӯши воситаҳои асосӣ ба суратҳисоби махсусе, ки барои ҶСК “Тоҷик Эйр” дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шуда буд, ҶДММ “Вертол-К” 426,3 ҳазор доллари ИМА ва ҶДММ “Инкомавиа” 12 ҳазор доллари ИМА гузаронида буданд. Тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2019, №8798(22.5) маблағи воридшудаи мазкур барои харидории қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймои Боинг 757-200, қарзи кредитории ҷамъият аз ҳамкорони тиҷоратӣ барои хизматрасонии фурудгоҳию рӯизаминӣ ва аэронавигатсионӣ, харидории сӯзишворӣ барои ҳавопаймо ва иҷораи ҳавопаймо пардохт карда шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Дар умум, тибқи ҳисобҳои пешакӣ аз фурӯши воситаҳои асосии ҷамъият тақрибан 40,3 млн. сомонӣ ба даст меояд, ки 30,4 млн. сомонии он аз фурӯши 2 адад чархболи Ми-8 МТВ хоҳад буд. Бо назардошти вазъи душвори баамаломадаи молиявии ҷамъият ва пардохти қарзҳои ҳамкорони тиҷоратӣ ҶСК “Тоҷик Эйр” пешниҳод намудааст, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 2 адад чархболи Ми-8 МТВ-ро бо муҳаррикҳояш ба андозаи 27,0 млн. сомонӣ ба ҶСК «Тоҷик Эйр» пардохт намояд.

Инчунин, дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2020, №272094(22.5) вобаста ба уҳдадориҳои ҶСК “Тоҷик Эйр” дар назди ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ва ҶСП ТИМХ “Стандарт-иҷора” Агентии авиатсияи гражданӣ ба Вазорати молия хулосаи худро ирсол карда буд, ки пас аз ҳалли масъалаи мазкур эҳтимол меравад, ки ӯҳдадориҳои молиявии ҶСК “Тоҷик Эйр” камтар шавад.

ҶСК “Тоҷик Эйр” оид ба иҷрои якҷояи парвозҳо дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ ва истифодаи муштараки хатсайрҳо бо ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”-и Россия дар хатсайри Душанбе-Жуковский-Душанбе созишнома ба имзо расонидааст ва парвозҳо дар хатсайри мазкур ҳафтае 2 маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” иҷро карда мешаванд. Аз ҳисоби иҷрои якҷояи парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Жуковский-Душанбе ширкати ватанӣ 221,1 ҳазор доллари ИМА даромад ба даст овардааст, ки метавон ин маблағро барои заруратҳои ҷорӣ истифода кард.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашудаи ҶСК “Тоҷик Эйр”, қарзи кредитории ҳамкорони тиҷоратии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия барои хизматрасонии фурудгоҳию рӯизаминӣ ва аэронавигатсионӣ, таъмини ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ, ба маблағи 1,4 млн. доллари ИМА пардохт карда шуд. Ҳамчунин, қарзи кредитории хадамоти “Туркменхавоёллари”-и Ҷумҳурии Туркманистон ба маблағи 19,7 ҳазор доллари ИМА ва фурудгоҳи байналмилалии Деҳлӣ ба маблағи 7,5 ҳазор доллари ИМА пардохт карда шудааст.

Аз ҷониби роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” тасмим гирифта шудааст, ки коршоямии ҳавопаймоҳои дигари ширкат таъмин карда шуда, парвозҳо дар тамоми хатсайрҳои таъинотӣ барқарор карда мешаванд.

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” дар семоҳаи аввали соли 2020 тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ ҳамагӣ 118,4 ҳазор мусофир интиқол додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 – 71,3 ҳазор мусофирё 37,6 фоиз кам интиқол намудааст. 

Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” аз фурудгоҳи байналмилалии кишвар иҷозати парвозҳоро бо зичии умумии 68 парвоз дар як ҳафта дастрас намуда, барои кашонидани мусофирон аз ҳавопаймоҳои Боинг – 737-300 (148 ҷойи нишаст), 737-800 (189 ҷойи нишаст) 737-900 (184 ҷойи нишаст) истифода мебарад.

Дар хатсайрҳои байналмиллалӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ҳамагӣ 94,5 ҳазор нафар мусофирро интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019– 37 фоиз коҳиш ёфтааст ва тавассути хатсайрҳои дохилӣ бошад, дар ин давра 23,9 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 15,9 ҳазор нафар мусофир ё 39,9 фоиз кам мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба 10332 адад ҳавопаймоҳо хизматрасонӣ намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли 2019–1362 адад ё 11,6 фоиз кам мебошад.

Теъдоди парвозҳои транзитӣ 2553 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 105 адад ё 4,3% зиёд мебошад.       

Дар ин давра, даромади умумии корхона 23,7 млн.сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019–1,6 млн. сомонӣ ё 7 фоиз зиёд буда, хароҷот бошад дар ҳамин давра, ҳамагӣ 15,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019– 2 млн. сомонӣ ё 15 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 5 млн. сомонӣ пардохт карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли 2019– 85 ҳазор сомонӣ ё 2 фоиз камтар мебошад.

Қарзҳои дебитории корхонаи мазкур ба таърихи 31 марти соли 2020 дар умум 35 млн. сомониро ташкил дода, аз ин миқдор 17,7 млн. сомонӣ ё 50,6 фоиз ба ҶСК “Тоҷик Эйр” ва 11,9 млн. сомонӣ ё 34 фоиз ба ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” рост омада, дар якҷоягӣ 29,6 млн. сомонӣ ё 84,6 фоизи қарзро ташкил медиҳад. 

Қарзҳои кредиторӣ бошад 9,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба семоҳаи аввали соли 2019–1,8 млн. сомонӣ ё 24 фоиз зиёд шудааст.

Вазъи ҳозираи фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” маълум менамояд, ки корхона манфиатовар буда, пардохтҳо ба буҷети ҷумҳурӣ мунтазаму саривақтӣ мебошанд ва сатҳу сифати хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ бинобар дастрасӣ ба таҷҳизоту низомҳои муосири пешрав рӯ ба тамоюли беҳбудиву рушд дорад.

Бояд қайд намуд, ки айни замон бинобар сабаби хуруҷи бемории коронавирус (COVID-19) ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар авиатсияи гражданӣ, тамоми нишондиҳандаҳои соҳавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 коҳиш ёфтааст. Пас аз муътадил гардидани вазъ ва аз байн рафтани маҳдудиятҳои парвозҳо, аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар кушиш ба харҷ дода мешавад, ки ҷиҳати беҳгардонии хизматрасонӣ ба мусофирон, афзоиш додани нишондиҳандаҳои соҳавӣ тамоми чораҳои дахлдор андешида шавад. 

Новобаста ба ин, барои бозҳам хубтару беҳтар фаъолият намудани корхонаҳои авиатсионии кишвар зарур аст, ки корҳои зерин анҷом дода шаванд: 

  1. Афзоиш додани интиқоли мусофирон ва хизматрасонӣ ба онҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар;
  2. Васеъ намудани географияи парвозҳо ва хатсайрҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик;
  3. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба мусофирон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва сохтмони толорҳои транзитӣ дар онҳо;
  4. Азнавсозии парки ҳавопаймоҳҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ   ва дастгоҳҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия”;
  5. Ба роҳ мондани мунтазамии парвозҳо ва иҷроиши ҳамаи парвозҳои иҷозатдошта аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ:
  6. Истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои воридшуда аз ҷониби корхонаҳои авиатсионии кишвар ва роҳ надодан ба хароҷотҳои ғайримақсаднок;
  7. Ислоҳи саривақтии камбудиҳои муайяншуда ва тибқи талабот амалӣ намудани тавсияҳои пешниҳоднамудаи нозирони ИКАО;
  8. Дар доираи талаботи ИКАО баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони корхонаҳои авиатсионии кишвар;   
  9. Дар доираи талаботҳои ҷорӣ ба роҳ мондани менеҷмент ва банақшагирии дурусти иҷроиши парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самтҳои таъинотӣ;
  10. Бо омӯзиши таҷрибаи корхонаҳои аиватсионии бонуфузи хориҷӣ ба роҳ мондани фаъолият дар самти рушди соҳа ва афзоиш додани хизматрасонӣ ва интиқоли мусофирон;
  11. Мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии авиатсияи граждании кишвар ба талаботҳои ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ.

Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судмандро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷу дуру наздик, ташкилотҳои байналмилалии соҳаи авиатсияи гражданӣ ба роҳ мемонад.









Љаласаи тантанавї бахшида ба «Рўзи модар» 

дар Агентии авиатсияи гражданї


6 марти соли 2020 дар Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бахшида ба «Рўзи модар» бо иштироки модарону бонувон ва тамоми кормандони дастгоњи марказии агентї  љамъомади тантанавї доир гардид. 

Чорабинии идонаро Директори агентї Субњонзода Икром оѓози њусн бахшида, модарону бонувони азизро бо ин љашни фархунда муборакбод намуда, ќайд карданд, ки мањз Зан - Модар чашмаи софу зулол ва  нурбахши њаёт буда, чун гулњои зебои бањор рўзгорро муаттару мунаввар мегардонад. Нињоди поки модар  шабењи насими рўњбахши њаёт аст, ки ба њастию рўзгори мо тароват, мењру садоќат ва дўст доштани зиндагиро мебахшад.

Њамзамон, Субњонзода И. ќайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон маќому мартабаи модарону бонувони тољикро дар љомеа шоиста дониста, арз медоранд, ки «Модар гаронбањотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Љомеа замоне ба ављ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорњои модар пуштибонї кунад».

Инчунин, бањри хотирмон таљлил гардидани ин љашн роњбарияти агентї аз номи Асосгузорї сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон њамаи модарон ва бонувони азизро ба муносибати ин љашни фархунда табрик намуда, бо тўњфањои шоиста ва мукофотпулї  ќадрдонї карданд.












Нишасти матбуотӣ
оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар соли 2019








         Санаи 7 феврали соли 2020 соати 1100 дар маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори агентӣ Субҳонзода И. С., муовини Директори агентӣ Набизода А.А., Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Ашуров Л.Б., муовини Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Қурбонов А.М., муовини Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Меликов А., муовини якуми Директори генералии ҶДММ «Сомон Эйр» Ҷураев С.М., сардорони раёсату шуъбаҳои агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Бояд қайд кард, ки дар нишасти матбуотӣ 35 намояндаи расонаҳои иттилоотии дохилу хориҷи кишвар, давлативу мустақил, аз қабили Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Агентии иттилоотии «Рейтерс», Агентии иттилоотии байналмилалии Россия «РИА Новости», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», «Тоҷикистон», «Нақлиёт», «Халқ овози», «Илм ва ҳаёт», «Фараж», «Азия плюс», «Народная газета», «Дайжест Пресс», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Авесто», «Озодагон», шабакаҳои телевизиони «Сафина», «Ҷаҳонамо», радиоҳои «Ховар», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Имрӯз», «Озодӣ», намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва ғайра иштирок намудаанд. Барои намояндагони воситаи ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 бо забони давлатӣ дар шакли китобча пешниҳод карда шуд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал оид ба фаъолияти агентӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар соли 2019 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, баъдан ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма омодагии худро барои посухи саволҳо баён намуд. Ба саволҳои хабарнигорон оид ба арзиши нархи сӯзишворӣ (рӯзномаи Азия плюс), оид ба масъалаҳои харидорӣ намудани ҳавопаймоҳои нав аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ва нақшаҳо ҷиҳати азнавкунии парки ҳавопаймоҳо (Агентии иттилоотии «Рейтерс»), масъалаҳои кушодашавии хатсайрҳои нав бо дигар ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ (Маҷаллаи иран интернейшнл), масъалаҳои қарздории ҶСК «Тоҷик Эйр» (радиои Озодӣ), масъалаҳои таъмини хӯрок дар ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» (РИА Новости), оид ба масъалаҳои баҳси судии байни ҶСК «Тоҷик Эйр» ва Ширкати «Skyroad Leazing» (Радиои озодӣ), вобаста ба санҷиши гузошташудаи ИКАО дар соли 2019 (РИА Новости), ва чанде дигар саволҳо посухҳои мушаххас дода шуд. 
Дар охири нишаст аз ҷониби роҳбарияти агентӣ таъкид гардид, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои кишвар, зиёд намудани миқдор ва васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо, инчунин бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ чораҳои зарурӣ меандешад.







Маҷлис бахшида ба омўзиши нуќтањои асосии  паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон»


Рўзи 17 январи соли 2020 бахшида ба омўзиши нуќтањои асосии  паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон» зикр гардидаанд, маљлис баргузор гардид. Дар он роњбарияту кормандони Агентии авиатсияи гражданї ва мудири шуъбаи иттиллот ва таблиѓоти Кумитаи иљрояии Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур ширкат варзиданд.

Маљлисро Директори Агентии авиатсияи гражданї Субњонзода Икром ифтитоњ намуда, зимнан ќайд карданд, ки дар љамъбасти њар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халќи кишвари азизамон Паём ироа намудани Роњбари давлат, яке аз рукнњои муњимми давлати соњибистиќлол ба њисоб меравад. Мавсуф ќайд намуданд, дар паёми имсолаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Рањмон масъалањои рушди тамомои соњањои кишвар, аз љумла, иќтисодиёт, тандурустї, фарњанг, рушди соњаи маориф, њифзи иљтимоии ањолї, рушди соњаи сайёњї ва туризм, мубориза бо терроризм, экстремизм, ќочоќи маводи мухаддир ва коррупсия тањлилу баррасї шуданд.

Сипас, Муовини директори агентї Набизода Азиз ва мудири шуъбаи иттиллот ва таблиѓоти Кумитаи иљрояии Њизби Халќии Демократии Тољикистон Вализода Муњаммад вобаста ба Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон  суханронї намуда, нуќтањои муњим ва љанбањои гуногуни ин  санади сарнавиштсозро шарњу тавзењ доданд.

Љаласаро Директори Агентии авиатсияи гражданї Субњонзода Икром љамъбасту натиљагирї карда, изњори боварї намуд, ки њайати кормандони агентї минбаъд низ барои татбиќи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон  муњтарам Эмомалї  Рањмон ва Паёми имсолаи ў талош меварзанд ва бо таклифу пешнињодњои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тољикистони азиз сањм мегузоранд.











Ҷаласа оид ба ҷамъбасти соли 2019



      Дар Агентии авиатсияи гражданї бо иштироки Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ - Ҷӯразода Кабир, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон - Кишварзода Абдурашид, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роњбарони корхонањои авиатсионии кишвар оид ба натиљаи фаъолияти агентї ва корхонањои авиатсионии кишвар дар соли 2019 бо тањлили нишондињандањои соњаи авиатсияи гражданї ва вазифаҳо барои соли 2020 санаи 10 январи соли 2020 љаласаи љамъбастї гузаронида шудааст. 

Дар љаласа нишондињандањои њамлу наќли мусофирон, бору бағоҷ ва почта тариќи наќлиёти њавої, вазъи иќтисодию молиявии корхонањои авиатсионии кишвар, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва дигар нишондиҳандаҳои соҳа мавриди баррасӣ ва муњокима қарор дода шуданд. 

Њамзамон, ќайд гардид, ки пас аз таъсис ёфтани Агентии авиатсияи гражданї, амалї шудани хатсайрњо ва дар доираи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарм Эмомалї Рањмон фаъолият дар корхонањои авиатсионии кишвар боз њам хубтар ба роњ монда шудаанд.  

Дар соли 2019 соҳаи авиатсияи граждании кишвар ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гашт, аз љумла:

1. Дар соли 2019 фурудгоҳҳои байналмиллалии кишвар ҳамагӣ ба 2245,2 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018–248,4 ҳазор мусофир ё 12,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 1422,2 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 664,9 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 102,2 ҳазор мусофир ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” 55,9 ҳазор мусофир рост меояд.

2. 7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса зимни вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти ҳусни тафоҳумро бо ширкати «Airbus»-и Ҷумҳурии Фаронса ба имзо расонид. Дар доираи санади мазкур ҶДММ “Ширктаи ҳавопаймоии Сомон Эйр” тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоии маҳаллӣ ва рушди туризм дар ҷумҳурӣ илова ба чархболи H-125, ки аллакай харидорӣ шудааст, боз 2 адад чархболи H-130, 2 адад H-175 ва ҳавопаймоҳои нави оилаи «Airbus»-ро аз истеҳсолкунандагонаш харидорӣ намояд.

3. Оиди аудити Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, қайд кардани ҳастем, ки нозирони ҳамин ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ, дар доираи Барномаи универсалии ташкилоти мазкур аз 4 то 13 декабри соли 2019 соҳаи авиатсияи граждании кишварро дар самти таъмин намудани бехатарии авиатсионӣ мавриди санҷиш қарор доданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки нозирони ИКАО низоми таъмин намудани бехатарии авиатсионии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2011 аз рӯи талаботи худ, дар доираи саволномаи протоколӣ аз рўи 299 савол мавриди санҷиш қарор дода буданд, дар соли 2019 бошад, аз рӯи талаботњои нав дар доираи саволномаи протоколӣ, ки 497 саволро дар бар мегирифт, аз рўи 8 унсури интиќодї (8 критических элементов) мавриди санҷиш қарор доданд. Қобили қайд аст, ки аз љониби нозирони ИКАО нисбат ба мутамарказ намудани сохторњои танзимкунандаи соњаи авиатсияи гражданї ва таъсиси Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон њамчун сохтори алоњидае, ки танзим ва назорати фаъолияти соњаи авиатсияи граждании кишварро ба роњ мемонад, бањои баланд дода шуд. 

4. Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва иҷрои банди 21 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019, №1 оид ба васеъ намудани ҷуѓрофияи парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав, амалӣ намудани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ – техникӣҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи роҳҳои нави ҳавоӣ вохӯриҳо бо мақомотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Гурҷистон, Фаронса, Давлати Қатар, Федератсияи Россия ва Салтанати Умон доир  гардиданд. 

5. Дар давраи њисоботї бо Супориши Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ ва бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басомади рейсҳои ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ дар самтҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳрҳои Нурсултан ва Алмаато) ва Федератсияи Россия (шаҳри Санкт Петербург) зиёд карда шуд, аз он ҷумла:Ширкати ҳавопаймоии “Эйр Астана”, шаҳри Алмаато - 1 басомад, СКАТ шаҳри Нурсултан-1 басомад ва “Уралские авиалини”-и шаҳри Санкт Петербург-1 басомад.

Њамзамон, љињати афзоиш додани њамлу наќли мусофирон, бору бағоҷ тариќи наќлиёти њавої ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, афзоиш додани даромаднокӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои воридшаванда, инчунин таъмин намудани бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо ќарорҳои дахлдор ќабул карда шуда, барои корбарї ба корхонањои авиатсионии кишвар ирсол гардид. 












РӮЗИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН 24 НОЯБР
22 ноябри соли 2019 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони агентӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. 
Чорабинии мазкурро Муовини директории агентӣ Набизода А.А. кушода, ҳозиринро бо Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Мавсуф баён намуданд, ки Парчами миллӣ яке аз муқаддасоте аст, ки симои миллии давлатро дар сатњи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан,  хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ мебошад.
Мавсуф қайд карданд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Дар фарљоми љаласа Муовини директории агентӣ Набизода А.А. бори дигар кормандонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон бахту саодати рӯзгорро таммано карданд.












Мулоқоти  Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Украина
                                 
Санаи 27-уми ноябри соли 2019 ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо мулоқоти роҳбарияти агентӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Украина - Серватюк Василий Николаевич бо иштироки роҳбарияти ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” баргузор гардида, дар он масъалаҳои кушодани хатсайрҳои нав баррасӣ гардид.
Дар рафти мулоқот, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани хатсайрҳои транзитӣ бо истифодаи давлатҳои сеюм иброз намуд.
Ҳамзамон, Директори агентӣ Субҳонзода Икром қайд намуданд, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақим байни давлатҳо ва густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Дар баробари ин, Сафири Ҷумҳурии Украина пешниҳодҳои директори агентиро ҷонибдорӣ намуда, иброз намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ талош хоҳанд кард.








Мулоқоти  Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Санаи 13-уми ноябри соли 2019 ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо мулоқоти роҳбарияти агентӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон - Имран Ҳайдар баргузор гардида, дар он самтњои фаъолияти минбаъдаи љонибњо дар самти авиатсияи гражданӣ баррасї карда шуд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати кушодани хатҳоии нави ҳавоии байналмилалии PESHAWAR-SURVI-PINAX ва INDEK-RAMAN ба роҳ мондааст. 
Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақим байни давлатҳо ва густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ талош хоҳанд кард.










Бахшида ба 25 солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Директори агентӣ Субҳонзода Икром баромад намуда, зикр карданд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи давлатдории миллии мо рӯйдоди воқеан бузург мебошад.
   Дар ибтидои ҷаласа аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдоварӣ гардид. Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт. Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шудааст.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун тамоми конститутсияҳои дигар эътибори олии  ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Бо ин назардошт, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зиёде қабул гардида, мавриди танзими муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор доранд. Дар асос ва заминаи Конститутсия низоми ҳуқуқии мамлакат рушду таҳкими минбаъдаи худро ёфт, ки он ҷавобгӯи манфиатҳои  инсон  ва шаҳрванд, ҷомеа ва давлат мебошад.













Маъулмоти мухтасар оид ба чамбасти фаъолияти Агенти дар нух мохаи соли 2019 

    Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони корхонаҳои авиатсионии кишвар санаи 14 октябри соли 2019 ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаи фаъолияти агентӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар нӯҳ моҳи соли 2019 бо таҳлили нишондиҳандаҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2019 гузаронида шуд. 
    Дар ҷаласа нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли бор, мусофир ва почта тариқи нақлиёти ҳавоӣ, вазъи иқтисодии корхонаҳои авиатсионии кишвар муҳокима гардид. Вобаста ба ин, ҷиҳати афзоиш додани ҳамлу нақл тариқи нақлиёти ҳавоӣ қарор қабул карда шуда, барои корбарӣ ба корхонаҳои авиатсионӣ ирсол карда шуд.




Ҳисобот

оид ба натиҷаи фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва

 корхонаҳои авиатсионии кишвар дар нӯҳ моҳи соли 2019 


Агентии авиатсияи гражданӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмиллалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Дар нӯҳ моҳи соли 2019 дар доираи созишномаҳои мављудаи соҳавӣ ва дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ вохӯриҳои роҳбарияти Агентӣ бо як қатор роҳбарон ва намояндагони маъмуриятҳои авиатсияи граждании кишварҳои хориҷи дуру наздик сурат гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва иҷрои банди 21 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019, №1 оид ба васеъ намудани ҷуѓрофияи парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи роҳҳои нави ҳавоӣ вохӯриҳо бо маъмуриятҳои авиатсияи граждании Қазоқистон, Қатар, Федератсияи Россия, Гурҷистон, Салтанати Умон ва Фаронса доир  гардид. 

Бояд қайд намуд, ки айни замон, лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 кишвари Аврупо ва 5 кишвари Осиё (Финляндия, Фаронса, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ) дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия аз 10.09.1995, лоиҳаи Протоколи он омода гардида, дар баррасии тарафайн қарор дорад.

Дар доираи ҳамкориҳои бароҳмондашуда, аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Северный Ветер”-и Федератсияи Россия дар хатсайри Москва-Бохтар-Москва, Ширкати ҳавопаймоии “СКАТ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар хатсайри Остона-Душанбе-Остона ва Ширкати ҳавопаймоии “Varesh Airlines” дар хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад парвозҳо оғоз гардиданд.

Дар ин давра, дар агентӣ вобаста ба фаъолияти соҳа, ҷавобгӯ намудани соҳа ба талаботҳои байналмилалӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, гузаронидани маъракаи “Ҳаҷ-2019”, масъалаҳои андозбандӣ оид ба хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, таъминоти хӯрока ба мусофирон тибқи меъёрҳои байналмиллӣ зиёда аз 40 вохӯрию ҷаласаҳо баргузор карда шуданд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ, Агентӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби фаъолияти иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба корхонаҳои авиатсионӣ ва ҷамъиятҳои чиптафурӯшӣ ва барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймоҳои гражданӣ 33 ҳазору 545 сомонӣ сомонӣ ворид намудааст.

Дар ин давра ба суратҳисоби махсуси Агентӣ аз ҳисоби сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ 499 ҳазору 820 сомонӣ ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб тибқи моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 ноябри соли 2018, №1553) “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”– 20% - 99 ҳазору 964 сомонӣ ба суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 5% - 19 ҳазору 993 сомонӣ ба суратҳисоби иншоотҳои муҳими давлатӣ пардохт карда шудааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақша-чорабиниҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода ва тасдиқ гардида, ба корхонаҳои авиатсионӣ ҷиҳати корбарӣ ва иҷроиш ирсол гардид. Дар ин асос, ҷиҳати иҷроиши бандҳои дахлдори Нақша-чорабиниҳои мазкур тибқи тартиб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумот пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади батанзим даровардани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷониби агентӣ дар нӯҳ моҳи соли 2019, барои санҷиши фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ зиёда аз 25 маротиба комиссия таъсис дода шуда, дар асоси хулосаҳои комиссияҳои мазкур 65 адад шаҳодатномаҳо дода шуд.

Инчунин, аз тарафи Комиссияи олии тахассусии агентӣ дар давраи ҳисоботи ба 160 мутахассиси соҳа шаҳодатномаҳои тахассусӣ бо  замимҳои он дода шуда, дараҷаи тахассусии 33 нафар мутахассони соҳа баланд бардошта шуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти агентӣ, ин назорати доимии корхонаҳои авиатсионӣ оид ба таъмин намудани бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсонӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисон, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи агентӣ дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва дар асосӣ фармоишҳои дахлдор 11 маротиба корҳои санҷишии назоратии нақшавии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор гузаронида шуда, оид ба қоидавайронкуниҳо ва камбудиҳои ошкоргардида дар корхонаҳо 11 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 12 огоҳинома нисбати корхонаҳои авиатсионӣ тартиб дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, љиҳати мутобиқ гардонидани фаъолияти соҳа ба талаботҳои байналмилалии пешбинишуда, аз ҷониби агентӣ 6 лоиҳаи қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба сохтори нави мақомоти авиатсионии кишвар, аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ба 25 Қоидаҳои умумии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, бо фармоишҳои дахлдор тасдиқ карда шуда, дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд ва барои истифода ба корхонаҳои авиатсионии кишвар ирсол гардид.

Чи тавре, ки медонем 3-юми сентябри соли 2019 ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоиляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-умин солгарди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии авиатсияи граждании кишвар, инчунин, роҳбарони корхонаҳои авиатсионии ҷумҳурӣ, собиқадорон ва кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардида, собиқадорон, мутахассисони соҳа ва роҳбарони корхонаҳои авиатисионӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ, Сипоснома, Ифтихорнома, медали ҷашнии 95-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва медали сарисинагии Корманди фахрӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар нӯҳ моҳи соли 2019, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Сомон Эйр” парвозҳо дар хатҳои ҳавоии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ба роҳ монда шуда, ҳамагӣ 560,5 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2018 – 58,5 ҳазор мусофир ё 9,5 фоиз коҳиш ёфтааст. 

Вобаста ба иҷроиши парвозҳо ва таъинотҳо дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ то 1 октябри соли 2019 ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ барои иҷрои парвозҳои хатсайрҳои байналмиллалӣ, барои иҷроиши 97 парвоз дар як ҳафта иҷозати парвозҳо дода шудааст, ки аз онҳо 31 парвоз ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ва 66 парвоз ба ҶДММ «Сомон Эйр» рост меояд.

Айни замон, аз фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат ба кишварҳои хориҷи дуру наздик 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 13 ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳоро иҷро намуда, ба мусофиркашонию боркашонӣ машѓул мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки љиҳати дар сатҳи зарӯрӣ гузаронидани маръакаи  Мавсими “Ҳаҷ-2019” ва интиқоли саривақтии зоирин ба ҳаљ, аз љониби Агентӣ бо мувофиқаи Кумитаи дин, танзими анъана ва љашну маросим љадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ тасдиқ карда шуд. Дар ин радиф, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” зоиринро аз кишварамон ба Арабистони Саудӣ ва баръакс интиқол доданд. 

Дар нӯҳ моҳи соли 2019 фурудгоҳҳои байналмиллалии кишвар ҳамагӣ ба 1671,3 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018–202,9 ҳазор мусофир ё 13,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 1058,5 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 496,6 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 73,7 ҳазор мусофир ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” 42,5 ҳазор мусофир рост меояд.

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нӯҳ моҳи соли 2019 ба 1058,5 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз ё 61,6 ҳазор нафар мусофир зиёд мебошад.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” қабул ва интиқолгардида, дар нӯҳ моҳи соли 2019 – 1919,1 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018–3,4 фоиз ё 63 тонна зиёд мебошад.

Теъдоди ҳодисаҳои таъхирмонии парвозҳо дар нӯҳ моҳи соли 2019- 677 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 – 22,8% ё 200 парвоз камтар мебошад (дарсоли 2018 –877 адад).

Дар давраи ҳисоботӣ, дар натиҷаи корбарӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳию рӯизаминии фурудгоҳи мазкур, ҳодисаҳои осеб дидан, дер омадан ва гум шудани бағочҳои мусофирон кам шудааст. Аз ҷумла, дар нӯҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби мусофирон нисбат ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷи мусофирон 391 эрод ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 –592 эрод ё 60,2 фоиз камтар мебошад. 

Даромаднокии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нӯҳ моҳи соли 2019 - 308,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 51,2 млн.сомонӣ ё 20 фоиз зиёд ва хароҷот бошад дар ин давра 266,7 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,7 млн. сомонӣ ё 9 фоиз зиёд мебошад.

Маблағи ба буҷети давлатии кишвар гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин давра 61,1млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018- 2,7% зиёд мебошад.

Дар ҷамъбасти нӯҳ моҳи соли 2019 натиҷаи молиявии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 41,8 млн. сомониро ташкил намудааст. 

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар нӯҳ моҳи соли 2019 ба 496,6 ҳазор нафар мусофир хизмат расонида шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  27,8 фоиз ё 108 ҳазор нафар мусофир зиёд мебошад.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” қабул ва интиқолгардида, дар нӯҳ моҳи соли 2019 – 190,7 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 – 8,4 фоиз ё 34,9 тонна камтар мебошад.

Даромади фурудгоҳ 128,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 42,1 млн. сомонӣ ё 49 фоиз зиёд буда, хароҷот бошад – 62,9 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 14,5 млн. сомонӣ ё 17,2 фоиз зиёд мебошад. Натиҷаи молиявии фурудгоҳ дар нӯҳ моҳи соли 2019 – 65,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба натиҷаи молиявии соли 2018 – 33,7 млн. сомонӣ ё 106 фоиз зиёд мебошад.

Айни замон қарзҳои кредитории ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” 29,6 млн. сомониро ташкил дода, қарзҳои дебиторӣ бошад, ба 52,4 млн. сомонӣ баробар мебошад.

Маблағи ба буҷети давлатии кишвар гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар ин давра 34 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 – 10 млн. сомонӣ ё 41,9 % зиёд мебошад.   Шумораи ба таъхирмонии парвозҳо дар ҳамин давра 472 адад ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли 2018 17 адад камтар мебошад. Ҳамзамон, дар нӯҳ моҳи соли 2019 - 635 ҳолати дер омадани бағоҷ  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 - 219 адад зиёд мебошад. 

Дар нӯҳ моҳи соли 2019 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз ҷониби як ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия - ҶСК «Уральские авиалинии» правозҳо амалӣ карда шуданд.

Дар ин давра, ҶСК«Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба 73,7 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз ё ин ки 5,8 ҳазор нафар мусофир камтар мебошад.

Миқдори умумии бор бағоҷ ва почтаи аз ҷониби ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” қабул ва интиқолгардида, дар нӯҳ моҳи соли 2019 – 1116,1 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 – 9,3 фоиз ё 84,2 (2018 - 1200,3 т) тонна камтар мебошад.

Даромади фурудгоҳи мазкур дар ин давра – 26,9 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 –4,6 млн. сомонӣ ё 20,6 фоиз зиёд буда, хароҷот бошад – 12,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 1,2 млн. сомонӣ ё 8,6 фоиз кам мебошад. Натиҷаи молиявии фурудгоҳ дар нӯҳ моҳи соли 2019 – 14,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба натиҷаи молиявии соли 2018 – 6,1 млн. сомонӣ ё 74 фоиз зиёдтар мебошад.

Маблағи ба буҷети давлатии кишвар гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар ин давра 10,1 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 – 4,7 млн. сомонӣ ё 88,4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи парвозҳои ба таъхир гузошташуда дар давраи ҳисоботӣ дар фурудгоҳ ба қайд гирифта нашудаанд. Дер омадани бағоҷ дар ин давра ба 92 адад баробар буда, аз ҷониби шахсони масъули фурудгоҳ чораҷӯи гардида, ба соҳибонашон баргардонида шуданд. 

Дар нӯҳ моҳисоли 2019 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» аз ҷониби як ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия “Северный ветер” парвозҳо амалӣ шуданд.

Дар умум, дар нӯҳ моҳи соли 2019 ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар” ба 42,5 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,4 ҳазор нафар мусофир зиёд мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018 аз фурудгоҳи мазкур парвозҳо амалӣ карда намешуданд ва бинобар ин, нишондиҳандаи хизматрасонӣ ба мусофирон зиёд мебошад. Инчунин, аз ҷониби фурудгоҳи мазкур 588 тонна бору бағоҷ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 –544,4 тонна зиёд мебошад.

Даромади фурудгоҳи мазкур дар нӯҳ моҳи соли 2019 – 7,9 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 млн. сомонӣ зиёд ва хароҷот бошад 5,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 2,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағи ба буҷети давлатии кишвар гузаронидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» дар ин давра 1,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 – 1 млн. 285 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи парвозҳои ба таъхир гузошташуда дар давраи ҳисоботӣ дар фурудгоҳи мазкур ба қайд гирифта нашудаанд. Дер омадан ва осеб дидани бағоҷ дар давраи ҳисоботӣ ба 234 адад қайд шудааст.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» бояд гуфт, ки ҷамъият дар нӯҳ моҳи соли 2019 натиҷаи молиявии худро бо сабаби фаъолият накарданаш бо зарар ҷамъбаст намудааст. 

Қарзҳои дебитории корхона дар нӯҳ моҳи соли 2019 – 93,4 млн. сомониро ташкил намуда, қарзҳои кредиторӣ бошад, ба ҳолати 1 октябри соли 2019 ба 517,1 млн. сомонӣ баробар мебошад. 

Ҷамъияти мазкур аз ҳамкорони тиҷоратӣ барои таъмини ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои дохилӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хизматрасонии фурудгоҳию рӯизаминӣ ва аэронавигатсионӣ, таъмини аэронавигатсионии парвозҳо ва манбаъи иттилоот қарздор мебошад. Дар робита ба ин бо ҳамкорони тиҷоратӣ ҷиҳати фаҳмондадҳии вазъи кунунӣ ва тадбирҳои андешидашуда оиди пешгирӣ аз муфлисшавӣ ва барқарорсозии қобилияти пардохтии ҶСК “Тоҷик Эйр” мулоқоту гуфтушунидҳо гузаронида шуда истодааст.

Ҳоло ҷамъият 6 адад ҳавопаймою чархбол дорад, ки имкон дорад мавриди истифода қарор дода шавад. Дар айни замон дутои он корношоям (ҳавопаймои Ан-28 ва чархболи Ми-8 МТВ), 3 адад ҳавопаймо дар хизматрасонии техникӣ (Боинг 757-200, Боинг 737-300  ва Боинг 737-400) дар Марказҳои таъмири техникии “Ӯзбекистон техникс”  Москва ва Шарҷа қарор доранд.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар доираи Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, №476 тасдиқ шудааст ва Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №18-ф, дороиҳои истифоданашвандаи ҶСК “Тоҷик Эйр” ба фурӯш бароварда шуда, маблаѓи аз фуруш воридшуда барои муътадил намудани фаъолияти ширкати мазкур равона карда мешавад. 

Қайд намудан зарур аст, ки ҶСК “Тоҷик Эйр” пас аз мавқуфи ҳаштмоҳа парвозҳои худро дар доираи мавсими “Ҳаљ - 2019” оѓоз намуда, бо ҳавопаймоии Боинг-767, ки коршоямиаш барқарор карда шуд, зоирини кишварро ба Арабистони Саудӣ ва баракс интиқол дод. Инчунин, аз моҳи август дар хатсайрҳои Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Машҳад ва аз 2 сентябр парвозҳои худро дар самти Душанбе-Москва барқарор намуда, мунтазам иљро карда истодааст.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар гардонии вазъи молиявию иқтисодии ҶСК “Тоҷик Эйр” барои дар амал татбиқ намудани Барномаи махсуси дастгирии давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018-2023, инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои нозирони ҶСК “Тоҷик Эйр”ҷораҳои зарурӣ андешида шуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз љониби роҳбарияти ширкати мазкур як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.

Вобаста ба ворид намудан ва дар анборҳои Агентии захираҳои моддии давлатӣ нигоҳ доштани сӯзишвории авиатсионии ҶСК “Тоҷик Эйр” маълум гардид, ки танҳо анборҳои ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи авиатсияи гражданӣ ҷавобгӯ мебошанд. Бинобар ин, шартнома оиди дар анборҳои ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” нигоҳ доштани сӯзишвории авиатсионии ҶСК “Тоҷик Эйр” байни ин ду ширкат ба имзо расонида шуд.

Бо дарназрдошти вазъи душвори моливӣ, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, ҶСК “Тоҷик Эйр” тасмим гирифтааст, ки зимни истифодаи ҳуқуқҳои тиҷоратӣ дар асоси шартномаи “код-шер” иҷрои якҷояи парвозҳоро дар хатсайрҳои таъинотии Ҷамъият бо ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ намояд.

ҶСК “Тоҷик Эйр” дар давраи ҳисоботӣ 16,9 ҳазор мусофиронро интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 240,8 ҳазор мусофир камтар мебошад.

Аз љониби роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” тасмим гирифта шудааст, ки коршоямии ҳавопаймоҳои дигари ширкат таъмин карда шуда, парвозҳо дар тамоми хатсайрҳои таъинотӣ барқарор карда шаванд.

ҶДММ “Сомон Эйр” дар нӯҳ моҳи соли 2019 тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ ҳамагӣ 543,6 ҳазор мусофир интиқол додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 182,3 ҳазор нафар мусофир ё 50,5 фоиз зиёдтар мебошад. 

Дар нӯҳ моҳисоли 2019 ҶДММ “Сомон Эйр” аз фурудгоҳи байналмилалии кишвар иҷозати парвозҳоро бо зичии умумии 67 парвоз дар як ҳафта дастрас намуда, барои кашонидани мусофирон аз ҳавопаймоҳои Боинг истифода мебарад.

Дар хатсайрҳои байналмиллалӣ ширкати мазкур дар нӯҳ моҳи соли 2019 –ҳамагӣ ба 475,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбати соли 2018 – 42,6 фоизро ташкил намуд. 

Тавассути хатсайрҳои дохилӣ дар нӯҳ моҳи соли 2019 –68,4 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018- 28,1 ҳазор нафар мусофир зиёд мебошад.

Ширкати ҳавопаймоии “СомонЭйр” тибқи натиҷаҳои нӯҳ моҳи соли 2019 ва маълумотҳои ҳисоботӣ ба маблағи умумии 983,4 млн.сомонӣ даромад ба даст овардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи145,8 млн. сомонӣ ё 17,0 фоиз зиёдтар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ширкати мазкур ба буҷети давлат 39,4 млн. сомонӣ пардохт намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 – 1,7 млн. сомонӣ ё 4  фоиз камтар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба 33113 адад ҳавопаймоҳо хизматрасонӣ намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5230 адад ё 13,6 (дар соли 2018 – 38343) фоиз камтар мебошад.      

Сабаби кам шудани теъдоди хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин воқеаҳои ҳудуди марзии Ҳиндустону Покистон ва баста шудани ду роҳи ҳавоӣ аз ҳудуди Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон ва Афғонистон, инчунин, қатъ гардидани парвозҳо аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” дар соли равон ба ҳисоб меравад. 

Дар ин давра даромади умумии корхона 66,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018–4,4 млн. сомонӣ ё 7 фоиз зиёд мебошад. Хароҷот дар ҳамин давра ҳамагӣ 43,4 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018– 3,3 млн. сомонӣ ё 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Пардохтҳои андоз ба буҷети ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 18,04 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2018–  651,6 ҳазор сомонӣ ё 3,7 фоиз зиёд мебошад.

Қарзҳои дебиторӣ ба таърихи 01 октябри соли 2019 дар умум 30,9 млн. сомониро ташкил дода, аз ин миқдор 88,2 фоиз ба ҶСК “Тоҷик Эйр”, ки 17,1 млн. сомонӣ ташкил медиҳад ва ба ҶДММ “Сомон Эйр” 10,1 млн. сомонӣ рост меояд. Қарзҳои кредиторӣ бошад 15,5 млн. сомонӣ ташкил дода, нисбат ба ҳамин давра 4,7 млн. сомонӣ ё 44 фоиз зиёд шудааст.

Вазъи ҳозираи фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” нишон медиҳад, ки корхона манфиатовар буда, пардохтҳо ба буҷети ҷумҳурӣ мунтазаму саривақтӣ мебошанд ва сатҳу сифати хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ бинобар дастрасӣ ба таҷҳизоту низомҳои муосири пешрав рӯ ба тамоюли беҳбудиву рушд дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар таърихи 27 июни соли 2019, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоистаи Пешвои миллат дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар давоми якуним сол бунёд карда шуд.

Манораи мазкур ба талаботҳои муосири байналмиллалӣ чавобгӯъ буда, имконият медиҳад, ки таъминоти бехатарии парвозҳо, огоҳсозии садамавӣ, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ-танзимгарӣ ва назорати қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сатҳи баланд бардошта шавад. 

Аз натиҷаҳои омории мавҷуда хулоса кардан мумкин аст, ки корхонаҳои авиатсионии кишвар фаъолияти худро дар нӯҳ моҳи соли 2019 бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст намуда, дар самти нишондиҳандаҳои гирифтани даромад, пардохтҳо ба буҷет, афзоиши хизматрасонӣ ба мусофирон ва интиқоли онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмин намудани бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо натиҷаҳои назаррасро ба даст овардаанд.

Новобаста ба ин, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои авиатсионии кишвар зарур аст, ки корҳои зерин анҷом дода шаванд:  

  1. Вусъат додани доираҳои хизматрасониҳо бобати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳои гуногун аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ;
  2. Васеъ намудани географияи парвозҳо ва хатсайрҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик;
  3. Таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар хатсайрҳои транзитӣ тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО);
  4. Азнавсозии парки ҳавопаймоҳҳо ва дастгоҳҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи талаботҳои байналмилалии муосир;
  5. Сохтмони толорҳои транзитӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон.
  6. Аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ мунтазамии парвозҳо ва иҷроиши ҳамаи парвозҳои иҷозатдошта ба роҳ монда шуда, афзоиши нишондиҳандаҳои интиқоли мусофирону бору баѓоҷ таъмин карда шавад; 
  7. Низоми менеҷменти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва банақшагирии иҷроиши парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самтҳои таъинотӣ бо таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаҳои ширкатҳои хориҷӣ ба роҳмонда шуда, таносуби фоизи парвозҳои иҷрошуда нисбат ба парвозҳои иҷозатдошта мӯътадил гардонида шавад;

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судмандро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷу дуру наздик, ташкилотҳои байналмилалии соҳаи авиатсияи гражданӣ ба роҳ мемонад.












ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ 28-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА   95-УМИН СОЛГАРДИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН

3-юми сентябри соли 2019 ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоиляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии авиатсияи граждании кишвар, инчунин, роҳбарони корхонаҳои авиатсионии ҷумҳурӣ, собиқадорон ва кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар суханронии худ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз дастовардҳои солҳои ахири корхонаҳои авиатсионӣ ва кормандони соҳа ёдовар шуда, мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳавопаймоиро бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон табрику таҳният намуд.  Икром Субҳонзода афзуд, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон географияи парвозҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо васеъ гардида, алҳол лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ бо мақомоти авиатсионии Франсия, Қатар, Гурҷистон ва Озарбойҷон мувофиқа гардидааст. Амалшавии парвозҳо ба кишварҳои мазкур ба афзоиш ёфтани сатҳи хизматрасонии авиатсионӣ, ҷалби бештари мусофирону сайёҳон ба Тоҷикистон ва муаррифии мавзеёҳои мавҷудаи сайёҳии кишвар мусоидат менамояд. Инчунин, аз ҷониби директори агентӣ қайд гардид, ки дар сохтори интиқоли байналмилалии мусофирон саҳми авиатсияи граждании мамлакат 85 фоизро ташкил дода, шаҳодат аз он медиҳад, ки авиатсияи гражданӣ дар интиқоли байналмилалии кишвар нақши асосиро бозида, барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба хизматрасониҳои сатҳи баланд ва рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд. Ҳамзамон, Икром  Субҳонзода баён намуд, ки бо ба даст даровардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳа рӯ ба рушд ниҳода, айни замон бо зиёда аз 30 давлати ҷаҳон кишвари мо Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст, ки ин ҳама имконият медиҳад, ки пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги ин кишварҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст гарданд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар, бо ташаббус ва иқдомҳои наҷибона ва созандаи Пешвои муаззами миллат инфрасохтори соҳаи авиатсияи граждании кишвар ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, иншоотҳои наву замонавӣ сохта ба истифода супорида шудааст. Аз ҷумла, 3 сентябри соли 2014 дар Рӯзи таҷлили авиатсияи гражданӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлатамон, дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали наву замонавӣ ба истифода дода шуд, ки ин иншоот ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, моҳи июни соли 2018 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз марказҳои бузурги логистикӣ дар Осиёи Марказӣ–Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими бо тантана ба истифода дода шуд. Он имконият фароҳам меорад, ки ҳазорон тонна борҳо коркард ва ба хориҷи мамлакат интиқол дода шуда, молҳо ба Тоҷикистон ворид гарданд.

Ҳамзамон, 26 сентябр соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» толори намояндагони расмӣ ба истифода дода шуд, ки он барои қабули сатҳи олии роҳбарони баландпоя ва ҳайатҳои бонуфузи давлатҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, махсус гардонида шуда, бо тарҳ ва анъанаҳои хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Дар баробари ин, бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба сохтмони Манораи назоратӣ-танзимнамоӣ иншооти муҳими соҳаи авиатсияи гражданӣ, Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар давоми 18 моҳ бунёд карда шуда, иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ рузи 27 июни соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Инчунин, маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2017, №596 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷун як сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд, ки ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмиллалии авиатсияи граждани (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Ҳамҷунин, роҳбарони корхонаҳои авиатсионии кишвар суханронӣ намуда, тамоми кормандони соҳаро бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 95-солагии авиатсияи граждании кишвар табрик намуданд.

    

Дар охири ҷаласа, фаъолон ва собиқадорони соҳа, бахусус кормандоне, ки дар рушди соҳа нақши арзанда гузоштаанд, бо нишонҳои «Корманди фахрии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «95-солагии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

     
 
Музокироти Маъмурияти авиатсионии граждании Тоҷикистон ва Фаронса

 


Рӯзҳои 25-26 июни соли 2019 директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистонҷиҳати муҳокимаи лоиҳаи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ” ҳайати Маъмурияти авиатсияи гражданииҶумҳурии Фаронсаро таҳти роҳбарии муовини директори хадамоти хизматрасонӣ ва нақлиёти ҳавоии Мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Фаронса Мишел Ламал ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронсародар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва алоқаи ҳавоӣ табодули назар намуда, аз ҳолати ҳамкориҳои бароҳмонда миёни ду кишвар дар ин самт изҳори хӯшнудӣ намуданд.





сайёҳӣ ва сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, пас аз баррасии лоиҳаи санади мазкур дар поёни мулоқот лоиҳаи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронсаоид ба алоқаи ҳавоӣ” парафгузорӣ гардид.

Зимнан, дар робита ба иҷрои банди 21 нусхаи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019, №1 оид ба васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо инчунин, кушодани хатсайрҳои нав бо  Ҷумҳурии ФаронсаПротоколи вохӯрии Мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба имзо расид.







Тибқи Протоколи мазкур ҷонибҳо ҷиҳати амалӣ намудани парвозҳо дар самти Душанбе-Париж-Душанбе ва Париж-Душанбе-Париж ба ширкатҳои ҳавопаймоии якдигар ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва Эйр Франс бо зичии 3 парвоз дар як ҳафта таъинот доданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати гузаронидани расмиёти муқарраргардидаи дохилидавлатӣ барои баимзорасонии лоиҳаи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронсаоид ба алоқаи ҳавоӣ” талош хоҳанд кард.






-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Музокирот бо Маъмурияти авиатсионии граждании Тоҷикистон ва Умон


   14-15 июни соли 2019 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром Субҳон ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Салтанати Умон оид ба алоқаи ҳавоӣ» ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Салтанати Умонро таҳти роҳбарии Директори хадамоти нақлиёти ҳавоии Салтанати Умон Салим Ҳамед Саид Ал-Ҳусайнӣ ба ҳузур пазируфт. 
   Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Салтанати Умон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳои дўст табодули назар сурат гирифт.





    Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ ва сармоягузорӣ изҳори ҳавасманди намуда, дар поёни мулоқот лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Салтанати Умон оид ба алоқаи ҳавоӣ» парафгузорӣ гардид.
   Зимнан дар робита ба иҷрои банди 21 нусхаи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019, № 1 оид ба васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо инчунин, кушодани хатсайрҳои нав бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ аз ҷумла бо Салтанати Умон, Протоколи вохўрии Мақомоти Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.







   Тибқи Протоколи мазкур ҷонибҳо ҷиҳати амалӣ намудани парвозҳо дар самти Душанбе-Мусқат-Душанбе аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мусқат-Душанбе-Мусқат аз ҷониби Салтанати Умон ба ширкатҳои ҳавопаймоии якдигар ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ва «Оман Эйр», «Салам Эйр» бо зичии 3 парвоз дар як ҳафта таъинот доданд.
     Мулоқот дар фазои дўстона баргузор гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҷиҳати ҳарчи зудтар роҳандозӣ, ва зиёд намудани парвозҳо талош хоҳанд кард.






-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Музокироти мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар


      21 апрели 2019 дар шаҳри Давҳа — пойтахти Давлати Қатар музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистонва Қатар таҳти роҳбарии директории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва раиси Кумитаи авиатсияи граждании Давлати Қатар Абдулло Носир ал-Субейъӣ оғоз гардид.
      Зимни музокирот Икром Субҳонзода ва Абдулло Носир ал-Субейъӣ рафти татбиқи дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ин ростоиҷрои амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоиро, ки дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар моҳи феврали соли 2017 ба имзо расид, баррасӣ намуданд.
    Дар ин замина ҷонибҳо атрофии масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистону Қатар ва таҳияи барномаи ҳамкориҳои техникӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣмиёни Душанбе ва Давҳа, истифода аз имкониятҳои фурудгоҳҳо ва марказҳои логистики кишварҳои ҳамдигар ба мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд.
     Музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар то 23 апрели 2019 идома хоҳад ёфт.
         Инчунин 21 апрели 2019 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Давлати Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ бо директории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода баргузор гардид.

         Дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ва инчунин имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
        Ҷониби Қатар изҳор дошт, ки омода аст дар омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои баланд ихтисос барои рушди соҳаи ҳавопаймоии мадании Тоҷикистон мусоидат намояд.







-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Музокироти Маъмурияти авиатсионии граждании Тоҷикистон ва Гурҷистон



 

Бо супориши Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 13-уми марти соли 2019, муовини Директори Агентии Авиатсияи Граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад ба сафари корӣ дар Гурҷистон қарор дошт. Дар ҷамъбасти сафар, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни маъмуриятҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Гурҷистон ба имзо расонида шуд.