/ КОРГУЗОРИ

КОРГУЗОРИ

                                     Фаъолияти  шуъбаи  коргузорї

Шуъбаи коргузории агентӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамали коргузорӣ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои зерсохтори он” дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти шуъбаро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти воҳидҳои корӣ ба танзим медарорад. 

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии шуъбаи коргузорӣ:

- дар доираи муқаррароти “Дастурамали коргузорӣ дар Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои зерсохтори он”, ки бо фармоиши Директори Агентии авиатсия граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасдиқ шудааст, қоидаҳои ба роҳ мондани коргузорӣ ва назоратро муқаррар карда, кор бо ҳуҷҷатҳоро аз лаҳзаи ворид ва ё таҳия шуданашон то вақти барои нигоҳдорӣ ба бойгонӣ супоридани онҳо дар Дастгоҳи марказии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои зерсохтори он ба низом медарорад;

- кормандони шуъба дар рафти фаъолияти ҳамарӯзаи худ тибқи Дастурамалҳои мансабӣ гардиш ва ташкили тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои воридгардида, ирсолшаванда ва дохилиро, ки онро Дастурамали коргузорӣ нисбати расмиятдарории ҳуҷҷатҳои тавассути таҷҳизоти компютерӣ омодошуда пешбинӣ менамояд, дар дафтарҳои бақайдгирӣ ба таври мутамарказ ба қайд гирифта, муҳлати иҷрои онҳоро назорат мебаранд;

- дар асоси феҳристи ягонаи парвандаҳои Дастгоҳи марказии агнетӣ ҳуҷҷатҳоро барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъда барои ба бойгонии Дастгоҳи марказии агентӣ барои ҳифз супоридан омода менамоянд.