/ РАЁСАТИ НАЗОРАТ

РАЁСАТИ НАЗОРАТ

                                                                                                        НИЗОМНОМАИ
                                                                                                      РАЁСАТИ НАЗОРАТ
                                                                                                  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Низомномаи Раёсати назорат (минбаъд — низомномаи раёсат) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 596 ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитстон таҳия гардида, фаъолияти раёсатро ба танзим медарорад.
2) Раёсати назорат (минбаъд — раёсат) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти раёсатро Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ӯ роҳбарӣ менамоянд.
4) Дархосту супоришҳо, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Агентиро раёсат танҳо бо иҷозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
                                                                                             2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ РАЁСАТ
5) Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори раёсат ҳашт нафар кормандон фаъолият менамоянд:
Сардори Раёсати назорат
Шуъбаи фурудгоҳо, аэронавигатсия ва бехатарии авиатсионӣ
1. Сардор;
2. Сармутахассис;
3. Мутахассиси пешбар;
4. Мутахассис.
Бахши баҳрабардории парвозҳо ва истифодабарии техникӣ
1. Мудири бахш;
2. Сармутахассис;
3. Мутахассиси пешбар;
6) Раёсатро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори раёсат аз рӯи вазифаҳои ба зиммаи раёсат гузошташуда масъул мебошад.
7) Сардори раёсат, сардори шӯъба, мудири бахш, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассис сохтори раёсатро ташкил мекунанд, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8) Сардори раёсат тамоми фаъолияти кории раёсатро роҳбарӣ намуда, аз номи раёсат баромад менамояд.
                                                                                         3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ РАЁСАТ
9) Вазифаҳои Раёсати назорат иборатанд аз:
— таъмини барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионҳ;
— таъмини истифодаи авиатсияи гражданӣ, инчунин амалисозии барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда;
— назорати фаъолияти ташкилотҳо оид ба иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳӣ ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳо оид ба таъмини бехатарии парвозҳо, таҳлили амалияи истифодаи онҳо дар авиатсияи гражданӣ, назорати фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва ташкилотҳои дигари дар соҳаи авиатсияи гражданҳ фаъолияткунада;
— назорати кори профилактикӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳои авиатсияи гражданӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— назорати иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба танзими ҳолатҳои бӯҳронии вобаста ба забт ё рабудани ҳавопаймо ё амалҳои террористии ба вайрон кардани шартҳои бехатарии авиатсионӣ равонагардида якӣо бо масомоти давлатии дигар иштирок намудан;
— ташкил ва таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор;
— ташкили комиссия оид ба таҳсисоти ҳодисаҳои ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳои ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ичунин ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои шабеҳ, агар ҳодиса дар доираи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад;
— ба ҳисобгирии ҳодисаҳои ҳавоӣ ва фавқулодда бо ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, таҳлили ҳолати бехатарии парвозҳо, таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳо доир ба таъмини бехатарии парвозҳо ва назорати иҷроиши онҳо, хабардор намудани мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ аз ҳолати бехатарӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
— ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таъмини интиқоли мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои моддии барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва анҷомдиҳии чорабиниҳои таҳияи (эвакуатсионӣ) зарур;
— мусоидат барои таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллҳ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, инчунии фароҳам овардани шароит барои амнияти парвозҳо;
— лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тартиби фаъолияти авиатсияи гражданиро муайян мекунанд, таҳия менамояд ва онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
— дар доираи салоҳияти худ иҷрои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, аз ҷумла амали гардидани санадҳо оид ба таъмини барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ ва истифодаи онҳоро дар авиатсияи гражданӣ, фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва дигар муассисаҳои дар соҳаи авиатсияи гражданӣ фаъолияткунадаро таҳлил ва назорат мекунад;
— дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ иштирок мекунад;
— дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори муассисаҳои ҳавопаймоӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ ширкат менамояд;
— ҷиҳати ворид намудани чорабиниҳои зиддимонополӣ дар авиатсияи гражданӣ ва рушди рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ тадбирҳо меандешад;
— эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро барои татбиқи барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти устувор ва бехатари соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ асоснок менамояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, иҷрои корҳои ҳавопаймоӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва маводро таҳия ва интишор намуда, дар доираи салоҳияти худ назорати риояи ин талаботро анҷом медиҳад;
— аттестатсияи ҳайати ҳавопаймоӣ, муҳандисию техникӣ ва кормандони роҳбарикунандаи истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданиро ба анҷом мерасонад;
— иҷроиши талаботи сертификатсиониро оиди ҳолати саломатии мутахассисони ҳавопаймоӣ назорат менамояд;
— дар доираи салоҳияти худ иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистонро марбут ба масъалаҳои фаъолияти авиатсияи гражданӣ ташкил ва ҳамоҳанг месозад ва тибқи тартиби муқарраргардида манфиатҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ менамояд;
— назорати кори профилактикӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳои, авиатсияи гражданӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— назорати иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорати фаъолияти ташкилотҳо оид ба иҷрои шарту талаботҳои иҷозатномадиҳию сертификатсиякунонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таъмини истифодаи авиатсияи гражданӣ, инчунин амалисозии барномаҳои махсус-дар ҳолати фавқулода.
— намояндагӣ намудани Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) ва дигар созмонҳои авиатсияи гражданӣ;
— татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;
— баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию техникӣ ва лоиҳавӣ дар самтҳои рушд ва вазифаҳои он; 
— санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро оид ба мутобиқат ба шартҳои бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо инчунин бехатарии авиатсионӣ анҷом диҳад,тибқи тартиби муқаррар гардида санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои (ширкатҳои) авиатсияи гражданиро оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, талаботи техникии бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ таъин намояд ва гузаронад, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида табдирҳо андешад;
— санҷишҳои нозиротии ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро,ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ менамояд, анҷом диҳад;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки иҷрояшон барои ҳама иштирокунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, таҳия намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
— санадҳои меъёрии роҳбарони корхонаҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро,ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва бехатрии парвозҳо таъсир мерасонанд, бекор кунад ё дар хусуси бекор кардани онҳо ба мақомоти валоҳиятдор муроҷиат намояд;
— даргузаронидани чорабинихо оид ба танзими ҳолатҳои буҳронӣ вобаста ба забт ё рабудани ҳавопамо ё амалҳои терористи ба вайрон кардани шартҳои бехатарии авиатсионӣ равона гардида якҷо бо мақомоти давлатии дигар иштирок намудан;
— ташкил ва таъмини корҳои ҷустуҷуи ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳамкори бо вазорату идораҳои дахлдор;
— ташкили коммисияи оид ба таҳқиқоти ҳодисаҳои ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳҳои ба феҳристи ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, инчунин ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои шабеҳ, агар ҳодиса дар ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад;
— ба ҳисобгирии ҳодисаҳои ҳавоӣ ва фавқулода бо ҳавопаймоҳои авиасияи гражданӣ, таҳлили ҳолати бехатарии парвозҳо, таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳо доир ба таъмини бехатарии парвоҳо ва назорати иҷроиши онҳо, хабардор намудани мақомот ва ташкилотҳои дахлдорӣ давлатӣ аз ҳолати бехатарӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
— ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода,таъмини интиқоли мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои модии барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ва анҷмдиҳии чорабиниҳои тахлия (эвакуатсионӣ) зарур;
— додани иҷозат барои интиқоли борҳои хатарнок ва муқаррар намудани қоидаҳои интиқоли ҳавоии онҳо;
— барои сохтмони (таҷдиди) объектҳое,ки истифода ё баландии онҳо бо истифодаи фазои ҳавоӣ вобастааст ё ба бехатарии парвоҳо таҳдид мекунад розигӣ диҳад;
— назорати коршоямии воситаҳои техникӣ ва мӯҳлатҳои муқарраргардидаи истифодаи таҷҳизоти заминии таъмини парвозҳо,кори мақомоти хизматрасонии ҳавракати ҳавоӣ ва истифодаи фазои ҳавоиро анҷом диҳад;
— модификатсияҳои ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ намояд ва санҷиши ҳатмии онҳоро гузаронад;
— фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд,иттилоот оид ба нигоҳдории ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро назорат кунад, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
— сертификатҳои ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро баррасӣ намояд, амали шаҳодатномаҳои истифодабарангон,сертификатҳоро боздорад, додани онҳоро рад намояд,онҳоро бекор кунад (мусодира намояд);
— таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар заминаи барномаҳои соҳавии мақсадноки давлатӣ ва ғайра;
— назорати ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;
— назорати ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои ҳавопаймоӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, низом ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— назорати таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодабарии техникӣ ва парвозии ҳавопаймоҳои гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати ҳавопаймоӣ;
— ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои агентӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
— мусоидат дар анҷом додани дигаргуниҳои институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— татбиқи сиёсати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти сармоягузорӣ, тарифӣ, илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таҳлили маҷмӯи фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
— назорат намудани меъёрҳои таъмини бехатарии парвозҳо ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, стандартҳои усулҳои пешқадами идоракунӣ, бехатарии авиатсионӣ;
—    назорати таҳлили тарифҳо ва боҷҳое, ки муассисаҳои ҳавопаймоӣ меситонанд;
— мониторинги тайёр намудани мутахассисони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— таъмини истифодаи ҳавопаймоии гражданӣ, инчунин татбиқи барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда;
— комиссияи олии тахассусӣ (КОТ) мутобиқи низомномаи аз тарафи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ташкил карда мешавад.
— мутахассисони Раёсати назорат дорои шаҳодатномаи махсусе, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудааст, мебошанд.
— дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони Раёсати назорат дар марказҳои таълимӣ, макотиботҳои олӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ бо пардохт намудани корҳои баанҷомрасонида аз тарафи ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— назорати иҷроиши ӯҳдадориҳои хидматӣ оид ба мониторинги бехатарии парвозҳои истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ, фурудгоҳҳо ва хадамотҳое, ки парвозҳои ҳавопаймоҳоро таъмин менамояд, иҷроиши талаботҳои қоидаҳои парвоз ва дигар санадҳои меъёрие, ки корҳои парвозӣ ва фаъолияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия медиҳанд, мутахассисони раёсати назорат дар дохили ҳавопаймо новобаста аз будани нозири тафтишкунандаи ширкатҳо ва корхонаҳои авиатсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар супориш барои парвоз навишта мешаванд.
                                                                                                           4.ҲУҚУҚҲОИ РАЁСАТ
10)Раёсати назорат ҳуқуқ дорад:
— барои сохтмони (таҷдиди) объектҳое, ки истифода ё баландии онҳо бо истифодаи фазои ҳавоӣ вобаста аст ё ба бехатарии парвозӣ таҳдид мекунанд, розигӣ диҳад;
— назорати коршоямии воситаҳои техникӣӣ ва муҳлатҳои муқарраргардидаи истифодаи таҷизоти заминии таъмини парвозҳо, кори мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва истифодаи фазои ҳавоиро анҷом диҳад;
— модификатсияҳои ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ намояд ва санҷиши ҳатмии онҳоро гузаронад;
— фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд, иттилоот оид ба нигоҳдории ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро назорат кунад, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
— сертификатҳои ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро баррасӣ намояд, амали шаҳодатномаҳои истифодабарандагон, сертификатҳоро боздорад, додани онҳоро рад намояд, онҳоро бекор кунад (мусодира намояд);
— санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро оид ба мутобиқат ба шартҳои бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо, инчунин бехатарии авиатсионӣ анҷом диҳад, тибқи тартиби муқарраргардида санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои (ширкатҳои) авиатсияи гражданӣ ва марказҳои таълимии авиатсиониро оид ба риояи Қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, талаботи техникии бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ таъин намояд ва гузаронад, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳо андешад;
— санҷишҳои нозиротии ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро, ки ба фурудгоҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ менамоянд, амалӣ намояд;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, таҳия намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод намояд;
— санадҳои меъёрии роҳбарони корхонаҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва ба бехатарии парвозҳо таъсир мерасонанд, бекор кунад ё дар хусуси бекор кардани онҳо ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намояд;
— тибқи қоидаҳои муқараргардида истифодаи қисми фазои ҳавоии ба авиатсияи гражданӣ ҷудогардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тамоми навъҳои фаъолият дар авиатсияи гражданӣ, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, иҷозат диҳад (манъ кунад);
— сохтмони (навсозии) иншоотҳо, ки истифода ё баландии онҳо бо истифодаи фазои ҳавоӣ вобаста аст ё ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, назора намуда розигӣ диҳад;
— назорати тамоми субъектҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи ваколати муқарраргардида ба амал мебарорад;
— назорати ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, ба амал меорад;
— иштирок дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти давлатии ваколатдории дигар давлатҳо ва тасдиқи ҳисса дар баамалбарории ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ва шароити иҷроиши онҳо;
— санадҳои меъёрии иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бударо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
— тибқи қоидаҳои муқараргардида аз муассисаҳои хавопаймоӣ ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Раёсат гузошташударо гирад;
— доир ба саҳомикунонӣ ва хусусигардонии муассисаҳо ва иншоотҳои авиатсияи гражданӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, пешниҳодҳо ирсол намояд;
— мутахассисони Раёсати назорат ҳуқуқ доранд, ки дорои либоси расмии махсус бошанд, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати истифодабарии он аз тарафи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи «Низомнома дар бораи пӯшидани либоси расмии кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», тасдиқ гардидааст;
— ба мутахассисони Раёсати назорат ҳамаи имтиёзҳои дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда таалуқ дорад.
— кормандони Раёсати назорат ҳуқуқдоранд, ки барои самаранокии иҷроиши вазифаҳои худ, сатҳи дониши худро такмил диҳанд.
— дорои дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, мебошад.
                                                                                                     5. МУҚАРРОТИ ХОТИМАВӢ
11) Низомномаи раёсат дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
12) Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани аз нав ташкилдиҳии раёсат ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи раёсат мегардад, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
                                                                                                           НИЗОМНОМАИ
                                                               ШУЪБАИ ФУРУДГОҲО, АЭРОНАВИГАТСИЯ ВА БЕХАТАРИИ АВИАТСИОНИ
                                                                                                     1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1)Низомномаи шуъбаи фурудгоҳо, аэронавиратсия ва бехатарии авиатсионӣ (минбаъд — низомномаи шуъба) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №596 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитстон таҳия гардида, фаъолияти шӯъбаро ба танзим медарорад.
2) Шуъбаи фурудгоҳо, аэронавиратсия ва бехатарии авиатсионӣ (минбаъд — шуъба) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд— Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти шуъбаро сардори раёсат роҳбарӣменамоянд.
4) Дархосту супоришҳо, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Агентиро раёсат танҳо бо иҷозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
                                                                                             2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШУЪБА
5) Мувофиқи сохтори Агентӣ дар шуъба чор нафар кормандон фаъолият менамоянд:
сардори шуъба;
сармутахассис;
мутахассиси пешбар;
мутахассис.
6) Шуъбаро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба аз рӯи вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул мебошад.
7) Сардори шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис сохтори шуъбаро ташкил мекунад, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8) Сардори шуъба тамоми фаъолияти кории шуъбаро роҳбарӣ намуда, аз номи шуъба баромад менамояд.
                                                                                         3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА
9) Вазифаҳои шуъба иборатанд аз:
— лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тартиби фаъолияти авиатсияи гражданиро муайян мекунад, таҳия менамояд ва онҳоро
мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
— дар доираи салоҳияти худ иҷрои санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, аз ҷумла амали гардидани санадҳо оид ба таъмини барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ ва истифодаи онҳоро дар авиатсияи гражданӣ, фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва дигар муассисаҳои дар соҳаи авиатсияигражданӣ фаъолияткунадаро таҳлилва назорат мекунад;
— дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ иштирок мекунад;
— дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори муассисаҳои ҳавопаймоӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ ширкат менамояд;
— ҷиҳати ворид намудани чорабиниҳои зиддимонополӣ дар авиатсияи гражданӣ ва рушди рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ тадбирҳо меандешад;
— эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро барои татбиқи барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти устувор ва бехатари соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ асоснок менамояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, иҷрои корҳои ҳавопаймоӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва маводро таҳия ва интишор намуда, дар доираи салоҳияти худ назорати риояи ин талаботро анҷом медиҳад;
— аттестатсияи ҳайати ҳавопаймоӣ, муҳандисию техникӣ ва кормандони роҳбарикунандаи истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданиро ба анҷом мерасонад;
— иҷроиши талаботи сертификатсиониро оиди ҳолати саломатии мутахассисони ҳавопаймоӣ назорат менамояд;
— назорати кори профилактикӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳои, авиатсияи гражданӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
—назорати иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорати фаъолияти ташкилотҳо оид баиҷрои шарту талаботҳои иҷозатномадиҳию сертификатсиякунонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таъмини истифодаи авиатсияи гражданӣ, инчунин амалисозии барномаҳои махсус-дар ҳолати фавқулода;
— татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;
— баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию техникӣ ва лоиҳавӣ дар самтҳои рушд ва вазифаҳои он;
— санҷишҳои фаъолтияти корхонаҳои авиатсиониро оид ба мутобиқат ба шартҳои бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо инчунин бехатарии авиатсионӣ анҷом диҳад,тибқи тартиби муқаррар гардида санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои (ширкатҳои) авиатсияи гражданиро оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, талаботи техникии бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ таъин намояд ва гузаронад, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида табдирҳо андешад;\
— санҷишҳои нозиротии ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро, ки бафурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ менамояд, анҷом диҳад;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки иҷрояшон барои ҳама иштирокунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, таҳия намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
— санадҳои меъёрии роҳбарони корхонаҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва бехатрии парвозҳо таъсир мерасонанд, бекор кунад ё дар хусуси бекор кардани онҳо ба мақомоти валоҳиятдор муроҷиат намояд;
— даргузаронидани чорабинихо оид ба танзими ҳолатҳои буҳронӣ вобаста ба забт ё рабудани ҳавопамо ё амалҳои терористи ба вайрон кардани шартҳои бехатарии авиатсионӣ равона гардида якҷо бо мақомоти давлатии дигар иштирок намудан;
— ташкил ва таъмини корҳои ҷустуҷуи ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳамкори бо вазорату идораҳои дахлдор;
— таъсиси коммисияи оид ба таҳқиқоти ҳодисаҳои ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳҳои ба феҳристи ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, инчунин ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои шабеҳ, агар ҳодиса дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад;
— ба ҳисобгирии ҳодисаҳои ҳавоӣ ва фавқулода бо ҳавопаймоҳои авиасияи гражданӣ, таҳлили ҳолати бехатарии парвозҳо, таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳо доир ба таъмини бехатарии парвоҳо ва назорати иҷроиши онҳо, хабардор намудани мақомот ва ташкилотҳои дахлдорӣ давлатӣ аз ҳолати бехатарӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
— ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таъмини интиқоли мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои модии барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ва анҷмдиҳии чорабиниҳои тахлия (эвакуатсионӣ) зарур;
— додани иҷозат барои интиқоли борҳои хатарнок ва муқаррар намудани қоидаҳои интиқоли ҳавоии онҳо;
— назорати коршоямии воситаҳои техникӣ ва мӯҳлатҳои муқарраргардидаи истифодаи таҷҳизоти заминии таъмини парвозҳо, кори мақомоти хизматрасонии ҳавракати ҳавоӣ ва истифодаи фазои ҳавоиро анҷом диҳад;
— модификатсияҳои ҳавопамоҳои гражданиро тасдиқ намояд ва санҷиши ҳатмии онҳоро гузаронад;
— фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд, иттилоот оид ба нигоҳдории ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро назорат кунад, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
— сертификатҳои ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро баррасӣ намояд, амалӣ шаҳодатномаҳои истифодабарангон, сертификатҳоро боздорад, додани онҳоро рад намояд,онҳоро бекор кунад (мусодира намояд);
— таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар заминаи барномаҳои соҳавии мақсадноки давлатӣ ва ғайра;
— назорати ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;
— назорати ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои ҳавопаймоӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, низом ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— назорати таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодабарии техникӣ ва парвозии ҳавопаймоҳои гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати ҳавопаймоӣ;
— ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои агентӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
— мусоидат дар анҷом додани дигаргуниҳои институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— татбиқи сиёсати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти сармоягузорӣ, тарифӣ, илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таҳлили маҷмӯи фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
— назорат намудани меъёрҳои таъмини бехатарии парвозҳо ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, стандартҳои усулҳои пешқадами идоракунӣ, бехатарии авиатсионӣ;
— назорати таҳлили тарифҳо ва боҷҳое, ки муассисаҳои ҳавопаймоӣ меситонанд; 
— мониторинги тайёр намудани мутахассисони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таъмини истифодаи ҳавопаймоии гражданӣ, инчунин татбиқи барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда;
— мутахассисони шуъба дорои шаҳодатномаи махсусе, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудааст, мебошанд;
— дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони шуъба дар марказҳои таълимӣ, макотиботҳои олӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ бо пардохт намудани корҳои ба анҷомрасонида аз тарафи ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорати иҷроиши ӯҳдадориҳои хидматӣ оид ба мониторинги бехатарии парвозҳои истифодабарандагони ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ, фурудгоҳҳо ва хадамотҳое, ки парвозҳои ҳавопаймоҳоро таъмин менамояд, иҷроиши талаботҳои қоидаҳои парвоз ва дигар санадҳои меъёрие, ки корҳои парвозӣ ва фаъолияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия медиҳанд, мутахассисони раёсати назорат дар дохили ҳавопаймо новобаста аз будани нозири тафтишкунандаи ширкатҳо ва корхонаҳои авиатсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар супориш барои парвоз навишта мешаванд.
                                                                                                         4. ҲУҚУҚҲОИ ШУЪБА
10) Шуъба ҳуқуқ дорад:
— тибқи қоидаҳои муқараргардида истифодаи қисми фазои ҳавоии ба авиатсияи гражданӣ ҷудогардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тамоми навъҳои фаъолият дар авиатсияи гражданӣ, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, иҷозат диҳад (манъ кунад);
— сохтмони (навсозии) иншоотҳо, ки истифода ё баландии онҳо бо истифодаи фазои ҳавоӣ вобаста аст ё ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, назоратнамуда розигӣ диҳад;
— назорати тамоми субъектҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи ваколати муқарраргардида ба амал мебарорад;
— назорати ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, ба амал меорад;
— иштирок дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти давлатии ваколатдории дигар давлатҳо ва тасдиқи ҳисса дар баамалбарории ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ва шароити иҷроиши онҳо;
— санадҳои меъёрии иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бударо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
— тибқи қоидаҳои муқараргардида аз муассисаҳои хавопаймоӣ ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи бахш вогшудузор шударо гирад;
— доир ба саҳомикунонӣ ва хусусигардонии муассисаҳо ва иншоотҳои авиатсияи гражданӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, пешниҳодҳо ирсол намояд;
— мутахассисони шуъба ҳуқуқ доранд, ки дорои либоси расмии махсус бошанд, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати истифодабарии он аз тарафи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи «Низомнома дар бораи пӯшидани либоси расмии кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», тасдиқ гардидааст;
— ба мутахассисони шуъба ҳамаи имтиёзҳои дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда таалуқ дорад;
— кормандони бахш ҳуқуқдоранд, ки барои самаранокии иҷроиши вазифаҳои худ, сатҳи дониши худро такмил диҳанд;
— дорои дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, мебошад.
                                                                                                        5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
11) Низомномаи шуъба дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба сардори бахш бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
12) Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани аз нав ташкилдиҳии раёсат ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи шӯъба мегардад, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
                                                                                                               НИЗОМНОМАИ
                                                                  БАХШИ БАҲРАБАРДОРИИ ПАРВОЗҲО ВА ИСТИФОДАБАРИИ ТЕХНИКИ
                                                                                                          1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Низомномаи бахши баҳрабардории парвоз ва истифодабарии техники (минбаъд – низомномаи бахш) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №596 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, фаъолияти бахш ба танзим медарорад.
2) Бахши баҳрабардории парвоз ва истифодабарии техники (минбаъд - бахш) воҳиди сохтории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3) Фаъолияти бахшро сардори раёсат роҳбарӣ менамояд.
4) Дархосту супоришҳо, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи Агентиро бахш танҳо бо иҷозати Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ БАХШ
5) Мувофиқи сохтори Агентӣ дар бахш се нафар кормандон фаъолият менамоянд:
мудири бахш;
сармутахассис;
мутахассиси пешбар;
6) Бахшро сардори он роҳбарӣ менамояд,ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори бахш аз рӯи вазифаҳои ба зиммаи бахш гузошташуда масъул мебошад.
7) Сармутахассис ва мутахассиси пешбар сохтори бахшро ташкил мекунад, ки тибқи  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8) Сардори бахш тамоми фаъолияти кории бахшро роҳбарӣ намуда, аз номи бахш баромад менамояд.
                                                                                      3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ БАХШ
9) Бахши назорат ва истифодабарии техникии раёсати назорат барои таъмини вазифаҳои зерин равона карда мешавад;
— лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки тартиби фаъолияти авиатсияи гражданиро муайян мекунад, таҳия менамояд ва онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ;
— дар доираи салоҳияти худ иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла амали гардонидани санадҳо оид ба таъмини барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ ва истифодаи онҳоро дар авиатсияи гражданӣ, фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарадагони фазои ҳавоӣ ва дигар муассисаҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ фаъолияткунандаро таҳлил ва назорат мекунад;
— дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, дар ташаккул ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ иштирок мекунад;
— дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори муассисаҳои ҳавопаймои дар шароити муносибатҳои бозорӣ ширкат менамояд;
— ҷиҳати ворид намудани чорабиниҳои зиддимонополӣ дар авиатсияи гражданӣ ва рушди рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ тадбирҳо меандешад;
— эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро барои татбиқи барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти ва бехатарии соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва дигар эҳтиёҷоти давлатӣ асоснок менамояд;
— тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, иҷрои корҳои ҳавопаймоӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва маводро таҳия ва интишор намуда, дар доираи салоҳияти худ назорати риояи ин талаботро анҷом медиҳад;
— аттестатсияи ҳайати ҳавопаймоӣ, муҳандисию техникӣ ва кормандони роҳбарикунандаи истифодабарандагони 
ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданиро ба анҷом мерасонад;
— иҷроиши талаботи сертификатсиониро оиди ҳолати саломатии мутахассисони ҳавопаймоӣ назорат менамояд;
— назорати кори профилактикӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳои, авиатсияи гражданӣ ва ташкали ҳаракати ҳавоӣ дар мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— назорати иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорати фаъолияти ташкилотҳо оид ба иҷрои шарту талаботҳои иҷозатномадиҳию сертификатсиякунонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таъмини истифодаи авиатсияи гражданӣ, инчунин амалисозии барномаҳои махсус дар ҳолати фавқулода.
— татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои бехатарии парвозҳо;
— баамалбарории сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию техникӣ ва лоиҳавӣ дар самтҳои рушд ва вазифаҳои он;
— санҷишҳои фаъолтияти корхонаҳои авиатсиониро оид ба мутобиқат ба шартҳои бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо инчунин бехатарии авиатсионӣ анҷом диҳад, тибқи тартиби муқаррар гардида санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои (ширкатҳои) авиатсияи гражданиро оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, талаботи техникии бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ таъин намояд ва гузаронад, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида табдирҳо андешад;
— санҷишҳои нозиротии ҳавопаймоҳоиширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро,ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ менамояд, анҷом диҳад;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки иҷрояшон барои ҳама иштирокунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, таҳия намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
— санадҳои меъёрии роҳбарони корхонаҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунандадар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва бехатрии парвозҳо таъсир мерасонанд, бекор кунад ё дар хусуси бекор кардани онҳо ба мақомоти валоҳиятдор муроҷиат намояд;
— дар гузаронидани чорабинихо оид ба танзими ҳолатҳои буҳронӣ вобаста ба забт ё рабудани ҳавопамо ё амалҳои терористи ба вайрон кардани шартҳои бехатарии авиатсионӣ равона гардида якҷо бо мақомоти давлатии дигар иштирок намудан;
— ташкил ва таъмини корҳои ҷустуҷуи ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳамкори бо вазорату идораҳои дахлдор;
— таъсиси коммисияи оид ба таҳқиқоти ҳодисаҳои ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳҳои ба феҳристи ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, инчунин ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои шабеҳ, агар ҳодиса дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад;
— ба ҳисобгирии ҳодисаҳои ҳавоӣ ва фавқулода бо ҳавопаймоҳои авиасияи гражданӣ, таҳлили ҳолати бехатарии парвозҳо, таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳо доир ба таъмини бехатарии парвоҳо ва назорати иҷроиши онҳо, хабардор намудани мақомот ва ташкилотҳои дахлдорӣ давлатӣ аз ҳолати бехатарӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
— ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таъмини интиқоли мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои модии барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ва анҷмдиҳии чорабиниҳои тахлия (эвакуатсионӣ) зарур;
— назорати коршоямии воситаҳои техникӣ ва мӯҳлатҳои муқарраргардидаи истифодаи таҷҳизоти заминии таъмини парвозҳо, кори мақомоти хизматрасонии ҳавракати ҳавоӣ ва истифодаи фазои ҳавоиро анҷом диҳад;
— модификатсияҳои ҳавопамоҳои гражданиро тасдиқ намояд ва санҷиши ҳатмии онҳоро гузаронад;
— фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд, иттилоот оид ба нигоҳдории ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро назорат кунад, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
— сертификатҳои ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро баррасӣ намояд, амалӣ шаҳодатномаҳои истифодабарангон, сертификатҳоро боздорад, додани онҳоро рад намояд, онҳоро бекор кунад (мусодира намояд);
— таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар заминаи барномаҳои соҳавии мақсадноки давлатӣ ва ғайра;
— назорати ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;
— назорати ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои ҳавопаймоӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, низом ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
— назорати таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодабарии техникӣ ва парвозии ҳавопаймоҳои гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати ҳавопаймоӣ;
— ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои агентӣ, дигар мақомоти идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
— татбиқи сиёсати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти сармоягузорӣ, тарифӣ, илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
— таҳлили маҷмӯи фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
— назорат намудани меъёрҳои таъмини бехатарии парвозҳо ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, стандартҳои усулҳои пешқадами идоракунӣ, бехатарии авиатсионӣ;
— мониторинги тайёр намудани мутахассисони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таъмини истифодаи ҳавопаймоии гражданӣ, инчунин татбиқи барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда;
— мутахассисони бахш дорои шаҳодатномаи махсусе, ки аз тарафи Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудааст, мебошанд;
— дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони бахш дар марказҳои таълимӣ, макотиботҳои олӣ,  бастани шартномаи меҳнатӣ бо пардохт намудани корҳои баанҷомрасонида аз тарафи ташкилотҳои авиатсияи  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорати иҷроиши ӯҳдадориҳои хидматӣ оид ба мониторинги бехатарии парвозҳои истифодабарандагони  ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, 
тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ, фурудгоҳҳо ва хадамотҳое, ки парвозҳои  ҳавопаймоҳоро таъмин  менамояд,  иҷроиши талаботҳои қоидаҳои парвоз ва дигар санадҳои меъёрие, ки корҳои парвозӣ ва фаъолияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия  медиҳанд мутахассисони раёсати назорат дар дохили ҳавопаймо новобаста аз будани нозири тафтишкунандаи 
ширкатҳо ва корхонаҳои авиатсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар супориш барои парвоз навишта мешаванд.
                                                                                                          4.ҲУҚУҚҲОИ БАХШ
10) Бахш ҳуқуқ дорад:
— тибқи қоидаҳои муқараргардида истифодаи қисми фазои ҳавоии ба авиатсияи гражданӣ ҷудогардидаи Ҷумҳурии 
Тоҷикистон, инчунин барои тамоми навъҳои фаъолият дар авиатсияи гражданӣ, ки ба бехатарии парвозҳо  таҳдид мекунанд, иҷозат диҳад (манъ кунад);
— назорати тамоми субъектҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи ваколати муқарраргардида ба амал мебарорад;
— назорати ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, ба амал меорад;
— иштирок дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти давлатии ваколатдории дигар давлатҳо ва тасдиқи ҳисса дар баамалбарории ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ва шароити иҷроиши онҳо;
— санадҳои меъёрии иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бударо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
— тибқи қоидаҳои муқараргардида аз муассисаҳои хавопаймоӣ ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи бахш вогузор шударо гирад;
— доир ба саҳомикунонӣ ва хусусигардонии муассисаҳо ва иншоотҳои авиатсияи гражданӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, пешниҳодҳо ирсол намояд;
— мутахассисони бахш ҳуқуқ доранд, ки дорои либоси расмии махсус бошанд, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати истифодабарии он аз тарафи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи «Низомнома дар бораи пӯшидани либоси расмии кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», тасдиқ гардидааст;
— ба мутахассисони бахш ҳамаи имтиёзҳои дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда таалуқ дорад.
— кормандони бахш ҳуқуқ доранд, ки барои самаранокии иҷроиши вазифаҳои худ, сатҳи дониши худро такмил диҳанд.
— дорои дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, мебошад.
                                                                                                      5. МУҚАРАРРОТИ ХОТИМАВӢ
11) Низомномаи бахш дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ ба мудири бахш бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирӣ супорида мешавад.
12) Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани аз нав ташкилдиҳии раёсат ё Агентӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Низомномаи бахш мегардад, Низомнома аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.