/ Пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Тибқи мактуби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз директори Агентӣ Икром Субҳонзода имзо намуд, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, муваққатан манъ карда шавад. Дар зер матни мактуби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон мегардад:
«Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд миннатдории худро баён намуда, ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсия дода мешавад, ки хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба ҶумҳурииТоҷикистон доранд, муваққатан фурўши чиптаҳои ҳавопаймо манъ карда шавад».