/ Изҳороти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо.

Изҳороти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо.

ИЗҲОРОТИ
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо.
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Федератсияи Россия қарор қабул намудааст, ки аз 18 марти соли 2020 вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба ҳудуди худ муваққатан то 1 майи соли 2020 манъ намояд.
Бояд қайд намуд, ки маҳдудияти мазкур нисбати ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки аз гузаргоҳҳои транзитии фурудгоҳҳои Федератсияи Россия мегузаранд ва ё ба Федератсияи Россия ба муносибати вафоти хешу табори наздик сафар менамоянд, татбиқ намегардад.
Дар асоси қарори қабулгардидаи Ҳукумати Федератсияи Россия, вуруди мусофирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, муваққатан манъ карда шудааст.
Ин амал ба он оварда расонидааст, ки шумораи мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия тариқи нақлиёти ҳавоӣ бояд сафар мекарданд, кам гардида, ба ин васила ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо як қисми парвозҳои хатсайрҳои худро муваққатан қатъ намудаанд.
Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоии худро, ки қаблан дастрас намудаанд, ба муҳлати дертар аз 1 майи соли 2020 иваз намоянд, ё ин ки метавонанд аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намудаанд, маблағи пардохтнамудаи худро бозпас гиранд.
Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё мушкилот шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 222-22-36, 222-22-39,
 222-22-35, 222-22-43 бо мутахассисони Агентии авитасияи гражданӣ дар тамос шаванд.