/ ИЗҲОРОТИ Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муваққатан қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ

ИЗҲОРОТИ Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муваққатан қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ

ИЗҲОРОТИ
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба муваққатан қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ.
Иттилоъ дода мешавад, ки вазъияте, ки имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин бо суръат паҳншавии коронавирус (COVID-19). Дар ин ҷодда, нақлиёти ҳавоӣ - бо суръаттарин навъи нақлиёт буда, метавонад манбаи тез паҳн гардидани вируси мазкур гардад.
Аз ин лиҳоз, Агентии авиатсияи гражданӣ бо мақсади пешгирии воридшавии бемории сироятии коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи нақлиёти ҳавоӣ, парвозҳои байналмилалие, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ амалӣ карда мешуданд, муваққатан манъ кардааст.
Дар ин асос, парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия муваққатан қатъ карда шудаанд.
Вобаста ба ин, ба мусофирони нақлиёти ҳавоӣ расонида мешавад, ки иқдоми мазкур бо мақсади пешгирии воридшавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ шуда, ин амал муваққатӣ мебошад.