/ ИҚДОМИ

ИҚДОМИ

Иқдоми

 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пaйрaвӣ aз иқдомҳои пешгирифта ва наҷибонаи Пешвои муаззами миллaт, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19, аз суратҳисоби маблағҳои махсуси худ ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ интиқол дод.

         Иқдоми мазкур бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тиб, пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси COVID-19 амалӣ гардида, идомадиҳандаи иқдомҳои Ҷаноби Олӣ, ки маоши вазифаи якмоҳаи худро ба суратҳисоби болозикр гузарониданд, мебошад. 

Вазъи кунунии баамаломада вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 моро водор менамояд, ки дар чунин вазъияти ногувору душвор дар паҳлӯи ҳамдигар бошем ва то қадри имкон дастгири ҳамдигар бошем.

Ёдрас мешавем, ки дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат аз ҷониби вазорату идораҳо ва соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдоми мазкур дастгирии пурраи худро ёфта, то инҷониб идома ёфта истодааст.

Бо назардошти ин, Агентии авиатсияи гражданӣ дар оянда низ чунин иқдомҳои наҷибонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, баҳри амалӣ гаштани чунин иқдомҳо тамоми чораҳои дахлдорро меандешад.


   Маъмурияти

 ААГ назди ҲҶТ