/ ТАЛАБОТ

ТАЛАБОТ

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ба истиснои намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии дорои хусусияти махсус, меҳмонони аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъватшаванда, ки ба кишвар ворид мегарданд, то муайян намудани ташхиси озмоишӣ бо натиҷаи “манфӣ” нисбат ба сирояти коронавируси нави COVID-19 дар минтақаҳои карантинӣ қарор дода мешаванд. Шахсони бо ташхиси озмоишӣ бо натиҷаи “мусбӣ” дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ ба ташхису табобат фаро гирифта мешаванд.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи вазъи саломатӣ бо назардошти маълумотнома бо ташхиси озмоишӣ бо натиҷаи “манфӣ” нисбат ба сирояти коронавируси нави COVID-19  бо муҳлати 48 соати пеш аз вурудро доранд, бемамоният ба кишвар роҳ дода мешаванд. Ин муқаррарот ба намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии дорои хусусияти махсус, меҳмонони аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъватшаванда низ дахл дорад. 
  3. Бо назардошти он, ки ҳассосияти тестҳои озмоишӣ 100 фоизро ташкил намекунанд, аз ин лиҳоз шаҳрвандони бо маълумотномаи “манфӣ” воридшуда пеш аз рӯхсатдиҳӣ аз озмоиш гузаронида мешаванд. Шахсони бо ташхиси “манфӣ” воридшуда ӯҳдадоранд, пас аз расидан ба макони зист худро аз қайди мақомоти тандурустии маҳаллӣ гузаронида, таҳти назорати онҳо дар давоми 14 рӯз бо гӯшанишинии ихтиёрӣ фаро гирифта шаванд.
4.  Ченкунии ҳарорати мусофирон бо термосканерҳо ва санҷиши аломатҳои бемории роҳҳои нафас. Мусофироне, ки ҳарорати баланд ё аломатҳои беморӣ (сулфа, нафастангӣ, табларза) доранд, барои нишастан ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд;
5.  Дар бинои терминали фурудгоҳҳои байналмилалӣ, ҷойҳои истифодаи умум ва ҳуҷраҳои хидматии терминал маводҳои безараркунӣ гузошта шаванд;
6.  Барои безарар намудани ҳаво дар биноҳое, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, маводҳои махсуси зиддимикробии тозакунандаи ҳаво (кварцевые лампы ) насб карда шаванд;
7.  Дар терминали фурудгоҳҳои байналмилалӣ риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бо истифода аз воситаҳои ҳимояи шахсӣ (ниқоб ва дастпушак) ба роҳ монда шуда, дар ҷойҳои серодам, дохили ҳавопаймо ҳангоми парвоз, баррасии маълумот тариқи баландгуяк ва видеоӣ таъмин карда шавад; 
8.  Пеш аз нуқтаи бақайдгирии мусофирон ва пеш аз баромадан ба минтақаи муоина аломатҳои риояи масофа (на камтар аз 1,5-2 метр) барои мусофирон нақш карда шавад;
9.  Рӯбучини минтақаҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва ҷойҳои кории ҳайати шахсӣ бо истифодаи маводҳои безараркунӣ ба карат зиёдтар анҷом дода шавад;
10.Безараргардонии автобусҳои мусофирбар ва нақлиёти махсус аз дохил ва берун, инчунин ҳоҷатхонаҳо, мебелҳои истифодаи умум, қисмҳои берунаи таҷҳизотҳои технологӣ доимо амалӣ карда шаванд;
11.Ҳайти шахсӣ, ки ба мусофирон хизмат мерасонанд, ҳайати парвозии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, дигар кормандони фурудгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла кормандони хадамоти сарҳад, гумрук ва ғайра ҳамарӯза пеш аз оғози фаъолияти касбиашон ҳолати саломатиашон санҷида шуда, аз воситаҳои ҳимояи шахсӣ – ниқоб ва дастпӯшакҳо ҳатман истифода намоянд; 
12.Дар вақти бақайдгирӣ, ҳангоми гузаштани муоинаи пешазпарвозӣ, дар дохили ҳавопаймо ва дар тамоми муддати парвоз мусофирон, аз ҷумла кӯдакони аз 6 сола боло бо ниқоби муҳофизатӣ бошанд;
13.Дар дохили ҳавопаймо миқдори зарурии ниқобҳои яккарата бо назардошти вақти парвоз ва ивази ниқобҳо пас аз ҳар се соат захира карда шаванд. Ба ғайр аз ин, миқдори зарурии сачоқчаҳо, гелҳо ва маводҳои зиддимикробӣ барои безараргардонии дастон захира карда шаванд;
14.Барои алоқаи камтарини мусофирон бо ҳайати парвозӣ додани хӯрок дар бастаҳои ҳавоногузар ва додани обу маводҳои ташнашикан дар зарфҳои истеҳсолии хурдҳаҷм амалӣ карда шавад;
15.Имконияти пурбории ҳавопаймоҳоро ба инобат гирифта, мусофирон аз ҳамдигар дар масофаи муайян ҷойгир карда шаванд;
16.Дар ҳолати асоснокии хавф ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ки се қатори охирини курсиҳои ҳавопайморо холӣ нигоҳ доранд. Ҷойҳои холиро метавонанд ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ ҳамчун минтақаи карантинӣ истифода намоянд.