/ БАЁНИЯ ОИДИ ФУРӮШИ ОЗОДИ ЧИПТА

БАЁНИЯ ОИДИ ФУРӮШИ ОЗОДИ ЧИПТА

БАЁНИЯ


Агентиии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон иттилоъ медињад, ки аз љониби Ситоди љумњуриявї оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикї барои пешгирии интиќол ва пайдоиш сирояти нави коронавируси КОВИД-19 дар Љмҳурии Тољикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватанқарор ќабул карда шудааст, ки фурӯши озоди чиптаҳои њавопаймоии хатсайрҳои таҳлиявї (эвакуатсионӣ) аз шаҳрҳои Федератсияи Россия ба Љумҳурии Тољикистон роҳандозї карда шавад.

Аз санаи 16.11.2020 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, барои бозгашт аз Федератсияи Россия ба ватан мустақиман, бе сабти ном дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россиячипта харидорӣ намуда, озими Љумҳурии Тоҷикистон шаванд.

Парвозҳои таҳлиявӣ (эвакуатсионӣ) аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Федератсияи Россия (МоскваСанкт-ПетербургҚазонУфаКраснодарЕкатеринбургКрасноярскИркутскНовосибирскСургут) амалӣ карда шуда, фурӯши чиптаҳо дар асоси ҷадвали мувофиқашудаи парвозҳо тавассути нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои Россияки дар зер оварда мешавад, ба роҳ монда мешавад

  1. ш.Москва - Фурудгоҳи байналмилалии "Домодедовохазинаи чиптафурӯшии №88, тел: 89295994541;
  2. ш.Москва - Фурудгоҳи байналмилалии "Домодедовохазинаи чиптафурӯшии  40, тел: 89295994541;
  3. Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи Ибис, тел: 84956400451
  4. ш.Москва, км. 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 40/3, бинои 1 Меҳмонхонаи (гостевой дом) “Тоҷикистон”, тел: 89264550055;
  5. ш.Санкт-Петербург - Фурудгоҳи Пулковотел: 89775205886
  6. ш.Санкт-Петербург - Хиёбони Московский, Литер А, хонаи 7, ҳуҷраи 40N, тел: 89775205886;
  7. ш.Новосибирск - Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево), тел: 891611335998, 89035120420 
  8. ш.Екатеринбург - к.Техническая, хонаи 35, тел: 891756811253;
  9. ш.Красноярск - Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск,                         тел: 891611335998, 89035120420;
  10. ш.Иркутск - шаҳраки Ангарск, маҳаллаи 11, хонаи 19, дафтари кории №4, тел: 891611335998, 89035120420 
  11. ш. Қазон - Фурудгоҳи Қазонтел: 89035120420;
  12. ш.Уфа - Фурудгоҳи байналмилалии Уфател: 89035120420;
  13. ш. Сургут - к. Георгий Кукуевитский 15/1, тел: 89035120420;
  14. ш.Краснодар - Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар, тел: 89175681253.


 Барои дастрасии бештар ва бароҳатии мусофирон теъдоди нуқтаҳои фурӯши чипта дар шаҳрҳои Федератсияи Россия минбаъд зиёд карда мешавад ва оид ба  нуқтаҳои нави фурӯш маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад шуд

Барои пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавадки чиптањоро танњо аз нуќтањои дар боло ќайдшуда, харидорї намуда, аз шахсони сеюм ва дигар нуқтаҳо нагиранд.

Арзиши чипта дар хатсайрҳои таҳлиявӣ бо пуршавии яктарафа  395 евро (эконом-класс)  (аз самти Федератсияи Россия ба Љумҳурии Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Ҷумҳурии Тољикистон ба Федератсияи Россия) арзиши чипта коҳиш меёбад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талабот кулли мусофирони ба Ҷумњурии Тоҷикистон сафардошта бояд, ки талаботҳои синитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошандМусофиронеки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешавандМусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироят будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудаастдошта бошандКӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ё мавҷудияти ҳолатҳои фурӯши чипта бо нархи барзиёд лутфан бо рақамҳои зер муроҷиат намоед:

Агентии авиатсияи граждании назди Њукумати Љумњурии Тоҷикистон:

+992 (37) 222 22 36, +992 (37) 222 22 35, +992 (37) 222 22 43, info@caa.tj


Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”

+992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (44) 640 40 48,

call-center@somonair.com

claims@somonair.com