«Забон донӣ – ҷаҳон донӣ»
Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро шумораи зиёди давлатҳои дунё ба расмият шинохта, муносибатҳои мутақобила ва судмандро ба роҳ мондаанд, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим мебошад.
Ин аст, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, № 795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» коллективи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба омӯзиши забони англисӣ фаро гирифта шуданд.