АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ КИШВАР РУШД МЕЁБАД

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 16/05/2025 - 19:35

     Бо даъвати роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми моҳи майи соли 2025 дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Арзёбии таҳдидҳо” ва “Фарҳанги бехатарии авиатсионӣ” аз ҷониби нозирони Конфронси Аврупоии авиатсияи гражданӣ (ЕСАС), коршиносони беҳтарин дар самти бехатарии авиатсионӣ дар ЕСАС аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон баргузор гардида истодааст. Дар семинари мазкур мутахассисони соҳавии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар иштирок менамоянд.
     Мақсад аз баргузории ин курси омӯзишӣ баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳавӣ ва таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад.
     Боис ба тазаккур аст, ки гузаронидани ин чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаштан аз аудити нозирони ИКАО мусоидат менамояд.
     Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ мақсад дорад, ки дар баландравии сатҳи малакаи касбӣ ва таъмини бехатарии авиатсионии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ чунин чорабиниҳоро бештар намояд.
     Аксҳо аз ҷараёни баргузории семинар.

Тоҷикӣ

Меню: