Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин зимни мулоқот дар шаҳри Остона, ки имрӯз дар доираи ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» баргузор шуд, оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки 16 июн байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Пекини Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ гардиданд. Нахустин парвози мустақим байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин тавассути ширкати ҳавопаймоии чинӣ анҷом дода шуд.
Нахустин парвоз дар масири Пекин –Душанбе бо ҳавопаймои Боинг 787 анҷом дода шуд. Дар оянда ҳавопаймои Боинг 737-8 дар ин масир ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвоз менамояд.
Ҳавопаймо аз Фурудгоҳи «Пекин-Дасин» соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз намуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Ҳавопаймо дар самти бозгашт аз Душанбе соати 22:30 парвоз намуда, ба Пекин рӯзи дигар, соати 07:20 мерасад. Вақти парвоз дар масири Пекин –Душанбе аз як тараф тақрибан 7 соат ва бозгашт 6 соат аст.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.













































