Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом

Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Муроҷиат 4 Замима 5 Имзо 6 Пешнамоиш 7 Анҷом
0%
Нашрияи «Авиатсияи Тоҷикистон»МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР БОРАИ «ICAO»

Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ ва 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 30/01/2025 - 13:38
Тоҷикӣ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 29/01/2025 - 15:33

     Санаи 29 январи соли 2025, дар маҷлисгоҳи ҶСК “Тоҷик Эйр” бо роҳбарии Директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, инчунин, директори генералии ҶСК "Тоҷик Эйр"- Шодмонзода Парвиз, муовини якуми директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - Маликзода Аслиддин,  муовини директори генералии ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" - Алиаҳмад Қурбонов, муовини аввали директори генералии КВД "Тоҷикаэронавигатсия" - Шодмонбекзода Даврон, кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ нишасти матбуотӣ  доир гардид.

Тоҷикӣ

АФЗОИШИ ХАТСАЙРҲОИ МАҲАЛЛӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 27/01/2025 - 16:11

     Боиси хушнудист, ки дар соли 2024-2025 бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр”, бо мақсади осон гардидани рафтуомади шаҳрвандон ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, дар самти кушодани хатсайрҳои маҳаллӣ як қатор корҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд. Азҷумла, 3 октябри соли 2024 дар хатсайри Душанбе – Хоруғ, 15 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Кӯлоб, 24 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Панҷакент парвозҳои мунтазам оғоз гардиданд.

Тоҷикӣ

МАҚСАДИ МО ЗИЁД НАМУДАНИ ХАТСАЙРҲО ВА РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР КИШВАР

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 15/01/2025 - 13:01 • Санаи навкунии охирин Пшб, 16/01/2025 - 08:14

     Санаи 14 январи соли 2025 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ – Абдулазиз Абдуллоҳ Ал-Дуаилей ва вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Тавфиқ ибни Фавзои Ал-Рабия мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати рушди сайёҳии ду кишвар ва зиёд кардани хатсайрҳо мавриди барррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

 

Тоҷикӣ

Ҷамъбасти фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар давоми соли 2024

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2025 - 14:45

Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти 12 моҳи соли 2024 дар толори бинои Агентӣ баргузор гардид.

Тоҷикӣ

СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025 МУБОРАК БОШАД

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Сшб, 31/12/2024 - 12:52

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони соҳаи авиатсияи кишварро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона муборакбод намуда, бароятон хонаободиву тансиҳатӣ ва сарбаландиву комёбиҳоро таманно дорад. Бигзор, соли нави мелодӣ барои хонадони ҳар яки шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Тоҷикӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Шнб, 28/12/2024 - 15:55

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.

Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Тоҷикӣ

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Шнб, 28/12/2024 - 13:20

     28 декабр коллективи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тариқи монитор дастаҷамъона тамошо намуданд.
     Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар вазъи кунунии рушди кишварро мавриди арзёбӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро барои солҳои оянда муайян намуданд.

Тоҷикӣ

БА ИСТИҚБОЛИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ КИШВАР, САНАИ 28.12.2024 СОАТИ 10:00

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 27/12/2024 - 18:03

Паёмат сарнавишти роҳи фардост,
Паёмат номуси имрӯзу фардост.
Ба қалби мо бувад ҷои паёмат,
Ҳама бахту саодат ҳамраҳи мост.

 

Тоҷикӣ

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ДАР АГЕНТӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/12/2024 - 13:32

     Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии зерин озмун эълон менамояд:

1.    Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи танзими фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ – 3626 сомонӣ.
2.    Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи назорат оид ба истифодабарии парвозию техникӣ, 1 – ҷой, маоши мансабӣ – 3626 сомонӣ.
3.    Мутахассиси шуъбаи танзими фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 ҷой – маоши мансабӣ – 1484 сомонӣ.
4.    Мудири бахши бақайдгирӣ ва назорати киштиҳои ҳавоии бесарнишин, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2435 сомонӣ.
5.    Сармутахассиси бахши бақайдгирӣ ва назорати киштиҳои ҳавоии бесарнишин, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
6.    Мутахассиси шуъбаи назорат оид ба истифодабарии парвозию техникӣ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1484 сомонӣ.
7.    Сардори шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2968 сомонӣ.
8.    Сармутахассиси шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
9.     Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.
10.     Мутахассиси шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1484 сомонӣ.
11.     Сармутахассиси шуъбаи бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии киберӣ, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
12.     Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.
13.     Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорат, 1-ҷой, маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ.
14.     Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –– 2968 сомонӣ.
15.     Мудири бахши ҳуқуқ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2435 сомонӣ.
16.     Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.  

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН RSS