Санаи 26. 06. 2025 дар толори бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бахшида ба 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, дар он директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло баромад намуда, азҷумла қайд намуданд:
Ҳамкасбони азиз. Инак ҳамаи мо дар арафаи ҷашни барои миллатамон муқаддас, санаи таърихие, ки ҳаргиз аз хотири халқи тоҷик фаромуш намешавад, қарор дорем. Имсол халқи ватандӯсти кишвари мо 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу субот ва дустиву якдилӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Боиси зикр аст, ки пойдориву таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз меҳру муҳаббати самимии Пешвои миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати фарҳангсолорамон боис шуд, ки ҳисси ватандӯстиву худогоҳии халқи кишвар боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо намояд. Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона пеш бурда истодааст. Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бинобар ин, халқи тамаддунофар ва меҳнаткаши ҷумҳурӣ бояд, ки барои устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, ки хеле бо ҷонфидоӣ ба даст омадааст, тамоми неру ва маҳоратро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба харҷ диҳанд.
Ҳозирини арҷманд, ҳамкасбони гиромӣ. Ҳар яки мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем. Боварӣ дорам, ки ҳар яки мо ва халқи шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ҷаҳду талоши бештар намуда, дар боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳми босазои худро мегузорем.
Ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо, тамоми кормандон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании кишварро бо фарорасии иди муқаддаси миллат - 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад.
Ҳамчунин, дар раванди ҷамъомад муовини директори Агентӣ Набизода Азиз, ки ҳамчун собиқадори меҳнат ва шоҳиди воқеаҳои хунбори ҷанги шаҳрвандӣ мебошанд, аз ҳодисаҳои мудҳиши он солҳо ёдовар шуданд.
Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд ба қадри сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, тинҷию амонии кишварамон бирасанд ва бо шукргузорӣ аз ин Ватани ободу осуда, содиқонаю софдилона ба Тоҷикистони биҳиштосо хизмат намоянд.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.













































