ВОХУРИҲО НАТИҶА МЕДИҲАНД

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 13/06/2025 - 15:40

     Боиси зикр аст, ки  бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хоссатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамкориҳо бо бисёр мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон вусъати тоза меёбанду ба рушду нумӯи  соҳаи авиатсияи граждании кишвар  боис мегарданд.  
     Дар натиҷаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2024   аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  зиёд намудани  теъдоди парвозҳо байни пойтахти Тоҷикистону Чин ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои ду кишвар ба Агентии авиатсияи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуданд.
     Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Ҷаноби олӣ, бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ миёни Тоҷикистон ва Чин  моҳи марти соли 2025 ҳайати Раёсати авиатсияи граждании Чин (СААС)  ба   Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташриф оварда буданд. Зимни ташрифи ин ҳайат вохуриҳо байни  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ва муовини якуми директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, Директори тиҷоратии Ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” Ван Чжен  баргузор гардида буданд.
     Натиҷаи дастгириҳои Сарвари кишвар ва баргузории чунин вохуриҳо буд, ки шуруъ аз 16  июни соли 2025 парвозҳои мусофиркашонии мустақим миёни фурудгоҳҳои Пекин ва Душанбе оғоз гардида, ҳафтае ду маротиба (рӯзҳои сешанбе ва шанбе)  амалӣ карда мешаванд. 
     Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоби  ғамхориҳо ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста мекушад, ки ҷиҳати рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар  ҳамкориҳоро бо ширкатҳои ҳавопаймоии пешрафтаи ҷаҳон мустаҳкам намуда, шумораи хатсайрҳоро ба дигар минтақаҳон дунё зиёд намояд. 

 

Тоҷикӣ

Меню: