Баимзорасонии Созишномаи  байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон оид ба алоқаи ҳавоӣ

Зимни сафари расмии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба шаҳри Масқати Салтанати Умон Созишномаи байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба алокаи ҳавоӣ 15 марти соли 2023 ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, заминаи мусоидро барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон аз кишварҳои халиҷӣ мегузорад. Инчунин баимзорасии  Созишномаи зикргардида барои кушодани хатсайри нав, амалӣ намудани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва  ба кишвари транзитӣ табдил додани  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегардад.