Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафарзода Дилшод Файзалӣ – Директори Агентии авиатсияи гражданӣ, Набизода Азиз – муовини Директори Агентӣ, Искандаров Азиз – сардори раёсати назорат ва Сайдализода Шоира- сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Агентӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ роҳбари гурӯҳ – Даниел Саславский, мутахассис оид ба нақлиёт – Абдулҳамид Халилӣ, коршинос оид ба бехатарӣ – Лия Ривальс ва Акбар Ходжаев – машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур қайд гардид, ки соҳа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ солҳои охир ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, бисёр барномаҳоро амалӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ қайд гардид, ки мақсад аз ташриф овардан ин рушди ҳамкориҳо ва баррасии таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2030” мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки вохӯрии мазкур аз санаи 9 то 13 октябри соли равон идома хоҳад ёфт.
