Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафарзода Дилшод Файзалӣ – Директори Агентӣ, Набизода Азиз Абдусамад – муовини Директори Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахши Агентӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

     Дар оғоз Сафарзода Дилшод Файзалӣ ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни сиёсиву тақдирсоз Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, қайд намуданд, ки саҳми Пешвои миллат дар бақодории миллати тоҷик ва давлатдории навин беназир мебошад. Бояд бо муҳаббат иброз дошт, ки Ватан-Модар ва мардуми сарбаланди тоҷик хизматҳои ин шахсияти сиёсии сатҳи ҷаҳониро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Дар замоне, ки ҳеҷ кас ба оромии ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар надошт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рузҳои нек ҳатто ҷонашонро дареғ надоштанд.

      Аз ҷумла кормандони Агентӣ нисбати хизматҳои шоёни Президенти маҳбуби кишварамон ибрози андеша намуданд.