Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)

Панҷшанбе, Ноябр 28, 2024

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 28/11/2024 - 18:13

шаҳри Душанбе

     Санаи 28 ноябри соли 2024 дар толори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким ҷаласа баргузор гардид, ки дар он  сардорони раёсат, шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентӣ,  намояндагони корхонаҳои авиатсионии кишвар иштирок намуданд ва дар он рафти иҷрои  “Стратегияи  давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди муҳокима  қарор гирифт.
     Дар оғози ҷаласа директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти  давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”. Ҳамчунин, қайд карданд, ки дар асоси гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо хизматчиёни давлатӣ бояд бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фарогир аст, мубориза бурда, дар иҷрои вазифаҳои  худ содиқонаю софдилона хизмат намоем. Қайд гардид,  ки мақсади  роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ пешгирии омилҳои коррупсионӣ  буда, дар ҳар як маҷлису вохурӣ оид ба ин масъалаи доғи рӯз нисбати фаъолияти кормандони Агентӣ ва корхонаҳои зерсохтор ҳатман таъкиду дастурҳо дода мешаванд. Дар асоси ин гуфтаҳо бо пешниҳоди агентӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳҳои кишвар  ба имзо расид, ки иҷрои қарори мазкур ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ  ва беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ  ба мусофирон мусоидат хоҳад кард.
     Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бандҳои дахлдори стратегияи мазкур суханронӣ намуда, азҷумла, оид ба беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои идоравӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, махсусан, гирифтани пораю туҳфа, суистифода аз мансаб, ғайримақсаднок истифода бурдани ашёи корӣ,   пардохти андози давлатӣ, иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар иҷрои барномаю қонунҳои қабулшуда ва мувофиқи ихтисос қабули дурусти кадрҳо ибрози андеша намуданд.
     Дар охир директори Агентӣ ба намояндагони корхонаҳои авиатсионии кишвар дастур доданд, ки бо иштироки коллективҳои меҳнатӣ ҷиҳати мавзӯи болозикр ҷамъомад гузаронида, моҳияти он ба кормандон расонида шавад.

Тоҷикӣ

ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ДАВҲА-ДУШАНБЕ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 28/11/2024 - 18:23

     Санаи 28 ноябри соли 2024 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии СомонЭйр» хатсайри Душанбе-Давҳа-Душанбе кушода шуд, ки ҳар ҳафта як маротиба ин хатсайр амалӣ карда мешавад. Муҳлати парвоз 3 соату 50 дақиқаро дарбар мегирад.

Тоҷикӣ