ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНИИ КИШВАР ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 10/07/2024 - 15:55

     10 июли соли 2024 ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2024 дар толори бинои Агентӣ баргузор гардид.
     Зимни баргузории ҷаласа аз ҷониби Директори Агентӣ муҳтарам Назарзода Ҳабибулло ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Амирзода Маҳмуд оиди боз ҳам  беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои кишвар, сазовор пешвоз гирифтани 33 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои миллӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати  эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 100 солагии Рӯзи таъсисёбии авиатсияи миллӣ, нашри китоби ҷашнӣ ва  газетаи соҳавӣ, рушди соҳаи авиатсия, дар муддати муқарраршуда таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, саҳм гузоштан дар ободии Ватан  дастурҳо доданд.
     Инчунин, қайд гардид, ки баимзорасии  Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи гражданӣ ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ, ки санаи 2 июли соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ҷиҳати боз ҳам рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар нақши муҳим мебозад.

Тоҷикӣ

Меню: