ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ДАВҲА-ДУШАНБЕ

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 28/11/2024 - 18:23

     Санаи 28 ноябри соли 2024 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии СомонЭйр» хатсайри Душанбе-Давҳа-Душанбе кушода шуд, ки ҳар ҳафта як маротиба ин хатсайр амалӣ карда мешавад. Муҳлати парвоз 3 соату 50 дақиқаро дарбар мегирад.
     Боиси зикр аст, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ» 6 феврали соли 2017 ба имзо расида, ба роҳ монда шудааст. Протоколи вохӯрӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Давлати Қатар 22 апрели соли 2019 ба имзо расонида шуда, аз 25 модда иборат мебошад. Умед дорем, ки ташкили хатсайри мазкур дар рушди соҳаи авиатсияи кишвар ва ҷалб гардидани шумораи зиёди сайёҳон мусоидат менамояд.

 

Тоҷикӣ

Меню: