+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |
Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира
Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин
Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАРАФГУЗОРӢ
Санаи 23 июли соли 2024 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Директори генералии Агентии авиатсияи граждании Вазорати сохтмон ва нақлиёти Маҷористон Мате Ловингер ва Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло доир гардид, ки дар он масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия, кушодани парвозҳо байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
1. Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 1-ҷой, маоши мансабӣ – 2967 сомонӣ.
2. Сардори шуъбаи танзими фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва иҷозатномадиҳӣ 1-ҷой, маоши мансабӣ – 2967 сомонӣ.
3. Сардори шуъбаи фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва бехатарии авиатсионӣ 1-ҷой, маоши мансабӣ – 2967 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ 1-ҷой, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ.
5. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисод 1-ҷой, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ.
6. Мутахассиси шуъбаи фурудгоҳҳо, аэронавигатсия ва бехатарии авиатсионӣ 1-ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНИИ КИШВАР ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024
10 июли соли 2024 ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2024 дар толори бинои Агентӣ баргузор гардид.
Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Роҳбаладон (Стюард)-и авиатсияи граждании кишварҳои долони «Як камар ва як роҳ»
Моҳи июни соли 2024 дар баробари мутахассисони маъмуриятҳои авиатсионӣ ва роҳбаладони ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳуриҳои Сийера-Леоне, Уганда, Панама (Амрикои Лотинӣ), Ироқ, Непал, Камбоҷа ва Муғулистон, мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбаладони ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар семинари омӯзишӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии парвоз ва риояи талаботҳои байналмилалӣ дар дохили ҳавопаймоҳо ва тарзи хизматрасонӣ ба мусофирон дар дохили ҳавопаймо, дар музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуд, иштирок намуданд.
ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БАЙНИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАЪМУРИЯТИ АВИАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
Имрӯз вохӯрии маҷозӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсионии Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ КИШВАР РУШД МЕЁБАД
Cанаи 2 июли соли 2024 пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки муҳтарам Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим, аз ҷумла дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ
Ҳамватанони азиз!
Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АВИАТСИЯИ МИЛЛӢ”
Санаи 26 июни соли 2024 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авиатсияи миллӣ” баргузор гардид.
Нахуст рузномаи маҷлис тасдиқ гардида, мақоми кории маҷлис интихоб карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи Назарзода Ҳабибулло Темур раиси ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.