ХУШ ОМАДЕД БА ТОҶИКИСТОН!
Манбаъ: НИАТ «ХОВАР»
Манбаъ: НИАТ «ХОВАР»
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамбастагӣ бо ширкати FLY.TJ хатсайри мустақими Душанбе – Тбилисиро роҳандозӣ намуд. Бо ифтитоҳи ин хатсайр шаҳрвандони ҳарду кишвар имкон пайдо мекунанд, ки барои худ боз як кишвари зебову ҳамешасабзро кушода бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ҳамдигар ошно шаванд.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони меҳнат, тамоми шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ғалаба бар фашизми гитлерӣ самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат орзу менамоям.
Як ҳақиқати ба ҳамагон маълум вобаста ба он ҷанги пурфоҷиа ин аст, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таъмин карда шуд.
Имрӯз дар толори Агентии авитсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ҷамъомад баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ҳабибулло Темур баромад карда, аз ҷумла қайд намуданд: Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари итифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 294 ҳазор сокинон ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бо фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд.
6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзида ва соҳибтаҷрибаи ин соҳаҳо таъин карда шуданд.
Мақсад аз қабули Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚА ҶТ-21) «Талабот ба истифодабарандагони авиатсияи гражданӣ оид ба сертификатсия ва расмиёти бақайдгирӣ» ин, пеш аз ҳама иҷроиши талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва стандартҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ки ба он ҳамасола ислоҳот ворид карда мешавад, мебошад.
Қоидаи мазкур Талаботро нисбат ба истифодабарандагони нақлиёти ҳавоӣ оид ба сертификатсия ва раванди бақайдгирии онҳоро тартиби муайян менамояд.