Санаи 15 ва 16 октябри соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохурӣ байни роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании Давлатҳои Осиёи Марказӣ, азҷумла: ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Дар вохуриҳои мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни давлатҳои Осиёи миёна ва Давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо, зиёд намудани шумораи хатсайрҳо, роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоии байни кишварҳои болозикр баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур ва Директори Маъмурияти авиатсионии Давлати Қатар оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, азҷумла, дар моҳи ноябр-декабри соли 2024 масъалаи ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе- Давҳа-Душанбе вохурӣ баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 6 феврали соли 2017 Созишномаи ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расида буд. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи мазкур, 22 апрели соли 2019 Протоколи вохурӣ ба имзо расида, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ва ҶСК “Тоҷик Эйр”, аз ҷониби Давлати Қатар Ширкати ҳавопаймоии “Qatar Airways” ҳамчун интиқолдиҳандагони мусофирон, бор, бағоҷ ва почта таъин гардиданд.
Умедворем, ки баргузории вохурии зикргардида дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, азҷумла, беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ширкатҳои авиатсионӣ, таъмин гардидани бехатарии парвозҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
Аксҳо аз ҳолати баргузории ин вохурӣ.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.













































