ВАҲДАТ НАҶОТИ МОСТ

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Сшб, 25/06/2024 - 12:26

     «Халқи бузургвору қаҳрамони ман!  Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургиву шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди ту сари таъзим фуруд меорам. Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ карданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем. Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст».

Эмомалӣ Раҳмон


     Имсол халқи ватандӯсти кишвари мо 27 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу субот ва дустиву якдилӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса  ҷашн мегиранд.
     Ҳамаи мо хуб медонем, ки пойдориву таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз меҳру муҳаббати самимии Пешвои миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати фарҳангсолорамон боис шуд, ки ҳисси ватандӯстиву худогоҳии халқи кишвар боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо намояд.
     Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона пеш бурда истодааст.
     Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
     Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.  
     Бале, он дарахте, ки сарвари кишварамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваи ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо, мо тоҷикон фахр мекунем. Маҳз бо кушишҳои сарвари оқилу тавоно ва ватандустамон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
     Бинобар ин, халқи тамаддунофар ва меҳнаткаши ҷумҳурӣ бояд, ки барои устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, ки хеле бо ҷонфидоӣ ба даст омадааст, тамоми неру ва маҳоратро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ¬Эмомалӣ Раҳмон ба харҷ диҳанд.
     Ҳамватанони азиз, ҳар яки мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем. Боварӣ дорам, ки мо – халқи шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол  имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ҷаҳду талоши бештар намуда, дар боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳми босазои худро мегузорем.
     Ҳамватанони азиз, ҳамаи шуморо бо фарорасии иди муқаддаси миллат - 27 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад.

Эй ҳамдиёри ман, Ваҳдат наҷоти мост,
Ваҳдат сиришти мо, Ваҳдат ҳаёти мост.

Директори Агентии авиатсияи граждании
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назарзода Ҳабибулло Темур

Тоҷикӣ

Меню: