Санаи 31 марти соли 2025 вохӯрӣ байни Муовини якуми директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” Ван Чжэн ва Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Пекин-Душанбе ва Душанбе-Гуанҷоу-Душанбе, кушодашавии хати нави ҳавоии аэронавигатсионӣ L181 (AGVUT) мавриди муҳокима қарор гирифт.
Инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни корхонаи истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои ватании Чинӣ (СОМАС) бо ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, Муовини якуми директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг дар ҷараёни вохӯрӣ иброз доштанд, ки Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати омода намудани мутахассисони ботаҷриба дар тамоми самтҳои соҳавӣ ва вусъат додани ҳамкориҳо бо Мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои болозикр аз ҷониби Муовини директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Умедворем, ки баргузории вохӯрии болозикр дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду бародаркишвар - Тоҷикистону Чин нақши муассир хоҳад гузошт.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.













































