Вохӯрӣ тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати дархости мулоқоти Сафири Туркия

Панель управления для слабовидящих

Интерфейс
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Автор: WWW.CAA.TJ Дата публикации: среда, 13 Декабрь, 2023 - 06:18

     Имрӯз дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати дархости мулоқоти Сафири Туркия вохӯрӣ доир гардид.
     Дар вохӯрии мазкур Директори Агентӣ - Сафарзода Дилшод Файзалӣ, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе Умут Аҷар, Директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) Иброҳим Этҳем Унал ва намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
     Дар оғози вохӯрӣ Директори Агентӣ-Сафарзода Дилшод аз ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд. Сафири Туркия қайд намуданд, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду кишвар мебошад ва дар солҳои охир пешравиҳои зиёде дар ин самт ба чашм мерасад.
     Ҳамзамон, имзо намудани Ёддошти тафоҳуми нав миёни мақомотҳои авиатсионӣ, зиёд намудани шумораи парвозҳои мусофиркашонӣ, ифтитоҳи парвозҳои боркашонӣ, паст кардани нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии руи замини дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Бахусус қайд карда шуд, ки парвозҳои боркашонӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
     Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) барои пешрафти соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба масъалаи ҳамкориҳо ба монанди бозомузии мутахассисони соҳа, омӯзиши мутахассисони фурудгоҳҳо, мубодилаи таҷрибаи кишвари Туркия ва расонидани дигар кӯмакҳоро изҳор намуданд.

Таджикский

Меню: