ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ҶСК "Тоҷик Эйр" чорабинии тантанавии идона доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Дилшод Файзалӣ, муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амирзода Маҳмуд Ҳамид, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Неъматзода Маликшо роҳ