ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

Панель управления для слабовидящих

Интерфейс
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Автор: WWW.CAA.TJ Дата публикации: Пятница, 24 Ноябрь, 2023 - 17:23

     Парчами Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчам гуфтаанд: "Рангҳои парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошад".
Оре, парчами давлатӣ мояи ифтихори  ҳар як шаҳрванди кишвар, ифодагари иттиҳоду сарҷамъи, нангу номус, ватандӯсти ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
     Ҳамагон ёд дорам, ки дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, дар маркази пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид ва ин парчам бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордхои гинес  ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, "Боғи Парчами миллӣ" номгузори шуд. Дарозии матои парчам 60 метр ва бари он 30 метр буда, рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст.
Ниёгони мо аз қадимулайём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи диравш машҳур буд. Диравши давраи сосониён чор ранг дошт: сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи хешро дошт. Паҳлавонони ба номи монанди Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо диравши хешро доштанд.
     Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихори ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарастӣ кишвар доимо побарҷо бошад.
     Имрӯз нафаре, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
     Дар ин рӯзи таърихи ба ҳамаи шумо ҳамватанони азиз сиҳативу сарбаландӣ ва зиндагии осудаву сарсабзро таманно дорам. Бигузор Парчами мо, дар фазои ободу озоди кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад.
     Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


Сафарзода Дилшод Файзалӣ - Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

Таджикский

Меню: