Вохӯрии директори Агентӣ - Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Латвия, муовини вазири нақлиёт - Уилдс Рейманис

Панель управления для слабовидящих

Интерфейс
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Автор: WWW.CAA.TJ Дата публикации: четверг, 7 Декабрь, 2023 - 15:16

Санаи 7 декабри соли 2023 дар Агентии авиатсияи гражданӣ вохӯрии Директори Агентӣ - Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Латвия муовини вазири нақлиёт - Уилдс Рейманис баргузор гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - Сайдализода Шоира, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фируз Маҳмудов ва аз ҷониби вазорати нақлиёти Латвия - Елина Стродана иштирок доштанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои тарафайн пешниҳод намуданд, ки корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Латвия масъалаи ҳамкориро дар татбиқи барномаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи авиатсия ба роҳ монанд.
Дар фарҷоми мулоқот Роҳбарони гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Латвия оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Таджикский

Меню: