БАИМЗОРАСОНИИ ЛОИҲАИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХУСУСИ ПРОТОКОЛ ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ОИД БА АЛОҚАИ ҲАВОӢ

Панель управления для слабовидящих

Интерфейс
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Автор: WWW.CAA.TJ Дата публикации: четверг, 18 Апрель, 2024 - 17:55

     Маросими табодули санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 18.04.2024  паз аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гузоштанд.
      Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмӣ табодули санадҳои нави имзошуда сурат гирифт. Аз ҷумла лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйир ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Ба итминон метавон гуфт, ки санади нави имзошуда заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро ба таври назаррас таҳким мебахшад.

Таджикский