ДУСТДОРИИ ВАТАН АЗ ТАЪРИХ САРЧАШМА МЕГИРАД

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Submitted by WWW.CAA.TJ on Friday, February 9, 2024 - 7:03am

     Дар толори маҷлисгоҳи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Директори Агентӣ - Набизода Азиз Абдусамад, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ - Шарифзода Абдувалӣ,  сардорони раёсату шӯъбаҳо ва кормандони Агентӣ ҷаласа оиди омӯзиши китоби "Тоҷикон" доир гардид.
     Нахуст Набизода Азиз - муовини директори Агентӣ қайд намуданд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи кӯҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихи дар китоби мондагор ва пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" инъикос ёфтааст.
     Сипас, Шарифзода Абдувалӣ - номзади илмҳои таърих қайд намуданд, ки китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда,      солҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид дошта буданд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
     Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи таърихнигорӣ дар он аст, ки ӯ исбот намуд, халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи тоҷик аст. Бо итминон гуфта метавонем, ки номи неки ин абармарди таърихнигори халқу миллат то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

Tajik