April 2024

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Submitted by WWW.CAA.TJ on Tuesday, April 9, 2024 - 7:33am

Ҳамватанони азиз!

Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Манбаъ: 
http://president.tj/node/33036

Поздравительное послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона по случаю праздника Фитр

Submitted by WWW.CAA.TJ on Tuesday, April 9, 2024 - 7:33am

Дорогие соотечественники!

Вечером сегодняшнего дня завершается благостный и одухотворённый возвышенными чувствами месяц Рамазан, завтра наступит благословенный праздник Фитр – праздник разговения в почитаемый мусульманами мира месяц Рамазан.

По случаю этого благословенного и религиозного праздника искренне поздравляю славный народ Таджикистана и наших зарубежных соотечественников.

Желаю каждой семье в нашей стране счастливой и благополучной жизни, а нашей любимой Родине вечного нерушимого мира и прочной, незыблемой стабильности.

Манбаъ: 
http://president.tj/ru/node/33037

Маҷлиси васеи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by WWW.CAA.TJ on Tuesday, April 9, 2024 - 3:33pm

     Санаи 9 апрели соли 2024 маҷлиси васеи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур директори Агентӣ муҳтарам Сафарзода Дилшод оиди риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ, инчунин, саҳмгузор будан дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва мутахассисони ҷавон, шинохти қадру қиммати Ватан, аҳамияту муҳиммияти он дар ҳаёти ҳар як шаҳрванд, ҳифзи Ватану миллат, таъмину таҳкими суботу амният суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки ба ҷавоби хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад, ки ба қадру қиммати сулҳу осоиштагии давлатамон бирасем ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ҳифз намоему тақвият бахшем.

Tajik

Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар

Submitted by WWW.CAA.TJ on Wednesday, April 17, 2024 - 3:55pm

     Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти  семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2024 дар толори бинои ҶСК “Тоҷик Эйр” бо иштироки директори Агентии авиатсияи гражданӣ муҳтарам Сафарзода Дилшод Файзалӣ, Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Юсуфӣ Музаффар Қурбон, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори ДИПҶТ  Амирзода Маҳмуд, ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони дастгоҳи марказии агентӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар баргузор га

Tajik

БАИМЗОРАСОНИИ ЛОИҲАИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХУСУСИ ПРОТОКОЛ ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ОИД БА АЛОҚАИ ҲАВОӢ

Submitted by WWW.CAA.TJ on Thursday, April 18, 2024 - 5:55pm

     Маросими табодули санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 18.04.2024  паз аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гузоштанд.

Tajik

Талабот ба истифодабарандагони авиатсияи гражданӣ оид ба сертификатсия ва расмиёти бақайдгирӣ (Лоиҳа)

Submitted by WWW.CAA.TJ on Wednesday, April 24, 2024 - 8:41am

     Мақсад аз қабули Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚА ҶТ-21) «Талабот ба истифодабарандагони авиатсияи гражданӣ оид ба сертификатсия ва расмиёти бақайдгирӣ» ин, пеш аз ҳама иҷроиши талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва стандартҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ки ба он ҳамасола ислоҳот ворид карда мешавад, мебошад.
     Қоидаи мазкур Талаботро нисбат ба истифодабарандагони нақлиёти ҳавоӣ оид ба сертификатсия ва раванди бақайдгирии онҳоро тартиби муайян менамояд.

Tajik

ҶАЛАСА ДОИР БА МЕТОДОЛОГИЯИ ТАРТИБ ВА МЕТОДИКАИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ)

Submitted by WWW.CAA.TJ on Wednesday, April 24, 2024 - 3:11pm

     Санаи 24 апрели соли 2024 дар толори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори агентӣ муҳтарам Сафарзода Дилшод Файзалӣ, муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Насрутдинзода Қиёмитдин Шоҳвалӣ, сарнозири ҳамин раёсат, капитани адлия Файзуллозода Баҳрулло Иззатулло, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва ҳайати кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷаласа баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои банди 3-и қарори Ҳукумат

Tajik

«Забон донӣ – ҷаҳон донӣ»

Submitted by WWW.CAA.TJ on Wednesday, April 24, 2024 - 3:33pm

     Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро шумораи зиёди давлатҳои дунё ба  расмият шинохта, муносибатҳои мутақобила ва судмандро ба роҳ мондаанд, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим мебошад.
     Ин аст, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, № 795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» коллективи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба омӯзиши забони англисӣ фаро гирифта шуданд.

Tajik

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

Submitted by WWW.CAA.TJ on Saturday, April 27, 2024 - 6:54pm

Моддаи 22. Мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда

1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад:

Tajik

Фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ҷиҳати тадбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

Submitted by WWW.CAA.TJ on Saturday, April 27, 2024 - 6:55pm
Tajik

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by WWW.CAA.TJ on Saturday, April 27, 2024 - 6:59pm

Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Tajik