Маҷлиси васеи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Submitted by WWW.CAA.TJ on Tuesday, April 9, 2024 - 3:33pm

     Санаи 9 апрели соли 2024 маҷлиси васеи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур директори Агентӣ муҳтарам Сафарзода Дилшод оиди риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ, инчунин, саҳмгузор будан дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва мутахассисони ҷавон, шинохти қадру қиммати Ватан, аҳамияту муҳиммияти он дар ҳаёти ҳар як шаҳрванд, ҳифзи Ватану миллат, таъмину таҳкими суботу амният суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки ба ҷавоби хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад, ки ба қадру қиммати сулҳу осоиштагии давлатамон бирасем ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ҳифз намоему тақвият бахшем.

Tajik