ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Submitted by WWW.CAA.TJ on Thursday, September 7, 2023 - 3:55pm

     Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ҶСК "Тоҷик Эйр" чорабинии тантанавии идона доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Дилшод Файзалӣ, муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амирзода Маҳмуд Ҳамид, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Неъматзода Маликшо роҳбарону кормандони корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.            
     Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо суханони табрикотӣ баромад карда,  кулли кормандони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро бо фарорасии ҷашни муқаддаси Ватани азизамон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, баҳрашон сиҳатмандиву комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.
     Бояд қайд намуд, ки баъд аз баромади меҳмонони ҷамъомад собиқадорон, мутахассисон, кормандони соҳаи авиатсияи кишвар, ки дар рушди соҳа хизматҳои шоён намудаанд, бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Tajik