ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ВА КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНИИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

Accessibility options

Interface
Adjust the interface to make it easier to use for different conditions.
This renders the document in high contrast mode.
This renders the document as white on black
This can help those with trouble processing rapid screen movements.
This loads a font easier to read for people with dyslexia.

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом
Submitted by WWW.CAA.TJ on Tuesday, January 9, 2024 - 10:47am

     Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2024 бо иштироки муовини сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амирзода Маҳмуд, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Дилшод, муовини Директори Агентии авиатсияи гражданӣ - Набизода Азиз, муовини Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» – Саидзода Раҳимҷон,  муовини Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» - Маликзода Аслиддин, муовини аввали директори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» - Юсупов Абдусаттор, Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» – Ҳомидзода Нуралӣ, Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» – Абдурашидзода Фарҳод, муовини директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» – Ҳамроев Фируз, муовини директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» – Қурбонов Алимаҳмад ва сардорони раёсату шӯъбаҳо, бахш ва кормандони Дастгоҳи марказии  Агентии авиатсияи гражданӣ  баргузор гардид.
     Зимни баргузории ҷаласа фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои асосӣ дар соли 2023, андешидани чораҳои қатъӣ ва таъхирнопазир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, афзоиш додани хатсайрҳо, азнавсозию мустаҳкам намудани инфрасохтори заминии фурудгоҳҳои байналмилалӣ бо техника ва таҷҳизотҳои муосири замонавӣ, ба танзим даровардани нархи чиптаи ҳавопаймоҳо, ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барои мутахассисони соҳаи авиатсия ва дигар мавзӯҳои соҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, нақша ва ҳадафҳо барои семоҳаи аввали соли 2024 муайян карда шуд.

Tajik