Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 04/17/2024 - 15:55

     Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти  семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2024 дар толори бинои ҶСК “Тоҷик Эйр” бо иштироки директори Агентии авиатсияи гражданӣ муҳтарам Сафарзода Дилшод Файзалӣ, Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Юсуфӣ Музаффар Қурбон, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори ДИПҶТ  Амирзода Маҳмуд, ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони дастгоҳи марказии агентӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар баргузор гардид.
     Зимни баргузории ҷаласа  аз ҷониби Директори агентӣ, Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар намудани сифати хизматрасонӣ, сари вақт аз рӯи реҷаи муайяншуда парвоз намудани тайёраҳо, таъмини мусофирон бо маводи хурока, сари вақт дастрас гардидани бору бағоҷи шаҳрвандон,  ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, зиёд намудани кормандони бағоҷрасон, ба талабот ҷавобгӯ намудани “долони сабз”, муоширати хуб, беҳтар намудани сатҳи забондонӣ, бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, фаъол намудани “дарвозаҳои электронӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, омодагиҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, дар муддати муқарраршуда таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои миллӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати  эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва мулоқоти Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз санаи 9 марти соли 2024, сари вақт иҷро намудани маводҳои назоратӣ, паст намудани нархи чипта, диққати ҷиддӣ додан оиди бартараф намудани қарзҳои кредиторию дебиторӣ, диққат додан ба сару либоси мусофирон, васеъ намудани парвозҳо, бештар намудани созишномаҳои тиҷоратӣ, сохтмон ва ташкили толорҳои транзитӣ  ва дигар масъалаҳои  ҷойдошта мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи корҳои анҷомдодашудаи комиссияи тафтишотӣ дар фурудгоҳҳои кишвар баромад намуда, ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ баробар намудани сатҳи хизматрасонӣ, сари вақт аз рӯи реҷаи муайяншуда парвоз намудани тайёраҳо, таъмини мусофирон бо маводи хурока дар дохили тайёраҳо, сари вақт дастрас гардидани бору бағоҷи шаҳрвандон, бартараф намудани ҳолатҳои дуздӣ ва осебрасонӣ ба мусофирон, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, нокифоя будани шумораи корманди бағоҷрасон, ба талабот ҷавобгӯ набудани “долони сабз”, муоширати хуб намудан аз ҷониби  кормандони фурудгоҳ, беҳтар намудани сатҳи забондонӣ, бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, фаъол намудани “дарвозаҳои электронӣ” , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ ибрози андеша намуданд.
     Намояндаи ДИПҶТ Амирзода Маҳмуд дар баромади худ ҷиҳати диққати махсус додан аз лаҳзаи қабули мусофирон, омодагиҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои байналмилалие, ки дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд, дар муддати муқарраршуда таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарҷамъона иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат, сари вақт иҷро намудани маводҳои назоратӣ, беҳтар  намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, паст намудани нархи чипта, диққати ҷиддӣ додан оиди бартараф намудани қарзҳои кредиторию дебиторӣ, диққат додан ба сару либоси мусофирон ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.
Дар рафти маҷлис директори агентӣ азҷумла дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ҳамзамон мулоқоти Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 9 марти соли равон иброз доштанд, баромад намуда,таъкид сохтанд, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди мамлкат бояд ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро вазифаи ҷонии хеш қарор диҳанд ва иҷрои қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро таъмин созанд.
Азҷумла қайд гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 дар агентӣ кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авиатсияи миллӣ” ҷоннок карда шуда,аъзоёни он дар чорабиниҳои ҷумуҳуриявию шаҳрии ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд. Инчунин, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, № 795 коллективи кормандони агентӣ пурра ба омӯзиши забони хориҷӣ (англисӣ) фаро гирифта шуданд.

 

Тоҷикӣ

Меню: