Фаъолият

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)

Вохуриҳои судманд меафзояд

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 30/09/2024 - 16:33

     Санаи 30 сентябри  соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохурӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Назарзода Ҳабибулло Темур, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сулаймон Давлатзода ва инчунин, Раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам  Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал - Дуайлиҷ ва Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарӣ муҳтарам Тавфиқ ибни Фавзои ар - Рабиъа, баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Сафи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷ меафзояд

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Чшб, 14/08/2024 - 17:55

     Санаи 14 августи соли 2024 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ байни  намояндагони воломақоми соҳаи авиатсияи гражданӣ: Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур, директори генералии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” Валиев Абдулқосим, муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Маликзода Аслиддин  ва   Бен Хоскинс – Менеҷери калони Фурудгоҳи  “Heathrow” оид ба шабакаҳои ҳавопаймоӣ мулоқоти судманд оид ба масъалаҳои алоқаи ҳавоӣ баргузор гардид.
     Мақсад аз баргузории  вохурии мазкур ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе - Лондон мебошад. Ёдовар мешавем, ки санаи  28 марти  соли 2024  дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шуда буд.
     Умедворем, ки баргузории вохуриҳои болозикр ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи граждании ду кишвар  нақши муассир хоҳад гузошт.

шаҳри Лондон

Тоҷикӣ

Вохӯрии котиби генералии Котиботи доимии комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё (ТРАСЕКА) бо роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 30/05/2024 - 13:20

     Санаи  30-юми майи  соли 2024 вохӯрии котиби генералии Котиботи доимии комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё (ТРАСЕКА) Асет Асавбаев бо директори Агентии авитсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло доир гардид, ки дар он якчанд масъалаҳо барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Тоҷикӣ

Вохӯриҳои судманд ҷиҳати рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 17/05/2024 - 15:39

     Санаҳои  15-16 майи соли 2024 вохӯрии Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи-Шимолии ИКАО Николас Ралло бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ, роҳбарият ва кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ, инчунин, роҳбарияти корхонаҳои авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Тоҷикӣ
Обуна ба Фаъолият