Ҳозирин ва дӯстони гиромӣ,
ҳамкорон ва шарикони арҷманд,
Имрӯз рӯзи таърихӣ ва муҳим барои соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, яъне ифтитоҳи парвози мустақим байни пойтахтҳои Пекин ва Душанбе.
Боиси зикр аст, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо бисёр мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон вусъати тоза меёбанду ба рушду нумӯи соҳаи авиатсияи граждании кишвар боис мегарданд.
Дар натиҷаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани теъдоди парвозҳо байни пойтахти Тоҷикистону Чин ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои ду кишвар ба Агентии авиатсияи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буданд.
Натиҷаи дастгириҳои Сарвари кишвар ва баргузории вохуриҳои дуҷониба буд, ки шуруъ аз 16 июни соли 2025 парвозҳои мусофиркашонии мустақим миёни фурудгоҳҳои Пекин ва Душанбе оғоз гардида, ҳафтае ду маротиба амалӣ карда мешаванд.
Ин хатсайр на танҳо василаи нақлиётии байни ду давлат аст, балки рамзи таҳкими муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории созанда ва эҳтироми мутақобила байни кишварҳои мо мебошад. Мо бовар дорем, ки оғози ин парвоз ба рушди ҳамкории иқтисодӣ, густариши мубодилаи фарҳангӣ ва сайёҳӣ ва ҳамчунин ба рушди сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Тоҷикистон ҳамкории бисёрсолаи судманд бо Чинро баланд арзёбӣ намуда, бовар дорад, ки кушодани ин хатсайрҳо мардум ва фарҳанги ҳарду кишварро бештар ба ҳам мепайвандад ва равобити байналмилалиро боз ҳам тақвият мебахшад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи ин лоиҳа саҳм гузоштанд — ширкатҳои ҳавопаймоӣ, мақомотҳои авиатсионӣ, дипломатҳо ва мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ сипосгузорам.
Зиндаву поянда бод дӯстии байни мардуми Тоҷикистон ва Чин.
Чи тавре, ки Рӯдакии бузург қайд намудааст:
Ҳеҷ шоди нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ташаккур барои диққататон!