Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)

Аризаи электронӣ барои бақайдгирии давлатии ҳавопаймои бесарнишин

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Маълумоти ҲБГ 4 Имзо 5 Анҷом

Аризаи электронӣ ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
1 Оғоз 2 Аризадиҳанда 3 Муроҷиат 4 Замима 5 Имзо 6 Пешнамоиш 7 Анҷом
0%
Нашрияи «Авиатсияи Тоҷикистон»МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР БОРАИ «ICAO»

ХУШ ОМАДӢ, ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 21/03/2025 - 08:55

     Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи кишварро бо ҷашни Наврӯз  табрику муборакбод намуда, баҳратон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоишта таманно дорад.
Ҷашни миллӣ муборак, Тоҷикистони азиз!

 

 

 

 

 

Тоҷикӣ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 20/03/2025 - 16:55

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.

Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад.

Тоҷикӣ

ВОХӮРИҲО ҶИҲАТИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ИДОМА ДОРАНД

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/03/2025 - 15:33

     Санаи  11 марти соли 2025 дар толори Агентии авитсияи гражданӣ вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин – Ҷи Шумин баргузор гардид. Мақсади асосии вохӯрии мазкур ин зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар ва боз ҳам рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ арзёбӣ гардид.

Тоҷикӣ

«РӮЗИ МОДАР» ДАР АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 07/03/2025 - 18:21

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид.
Назарзода Ҳабибулло Темур – Директори  Агентӣ дар бораи қадру қиммати зан-модар, хизматҳои шоёни ӯ баҳри тарбияи фарзанд, ободии диёр, пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати кишвар ба мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад.

Тоҷикӣ

АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ШУҶОАТИ МИЛЛАТ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Ҷум, 21/02/2025 - 16:11

     Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи кишвар, сарбозони содиқу вафодори Ватанро ба ифтихори 32-юмин солгарди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, баҳратон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоишта таманно дорад.

Тоҷикӣ

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНДИ СОҲАИ АВИАТСИЯИ КИШВАР

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 20/02/2025 - 15:00

     Санаи 20 феврали соли 2025 дар толори Агентии авиатсияи гражданӣ вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон – Ҷамол Бакр Абдулло  баргузор гардид. Мақсади асосии вохӯрии мазкур ин рушди соҳаи авиатсияи граждании ду кишвар ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ дар ин соҳа  мебошад.

Тоҷикӣ

НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ ТЕХНИКИИ “ДАРВОЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ” ДАР ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 20/02/2025 - 08:08
ДАРВОЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

    Бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол авиатсияи граждании кишварамон рушд намуда истодааст.  Ба имзо расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби истифодаи таҷҳизоти техникии Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 1 декабри соли 2024 мавриди амал қарор гирифт, исботи ин гуфтаҳост. Тибқи иҷрои қарори мазкур дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ таҷҳизоти техникии  “Дарвозаҳои электронӣ” насб карда мешаванд.
     Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд, тавассути ин таҷҳизот аз назорати сарҳадӣ гузаранд ва  истифода аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” ба таври зерин сурат мегирад:
-    Гузоштани саҳифаи асосии ҳуҷҷати сафар ба дастгоҳи хониши шиноснома ва пайравӣ намудани дастури амали навбатии дар экрани таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ” пайдошаванда;
-    Даромадан ба дохили таҷҳизоти техникии “Дарвозаи электронӣ” ва анҷом додани аксгирӣ, ки ба таври худкор фаъол мешавад;
-    Баъди анҷоми расмиёт баромадан аз таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ”;
-    Ҳангоми истифода бурдани таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” мусофирон бояд ба аломатҳое, ки дар атроф, дохил ва экрани таҷҳизоти техникии   мазкур  нишон дода шудаанд, пайравӣ кунанд.
-    Дар як вақт аз як таҷҳизоти техникии “Дарвозаҳои электронӣ” як мусофир истифода мебарад.
     Мақсад аз иҷрои талаботи қарори мазкур ин: содагардонии гузаштани назорати сарҳадӣ дар толорҳои омад ва рафти терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам намудани вақти бақайдгирии пешазпарвозӣ ва пасазпарвозии мусофирон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, рушди соҳаи  сайёҳӣ дар кишвар, пешгирии таҳдидҳои муосир ба амнияти сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳҳо ва  ба таҷрибаи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани шароити хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад.

Тоҷикӣ

САФИ ҲАМКОРИҲО БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶ МЕАФЗОЯД

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 13/02/2025 - 16:16

шаҳри Абӯ Забӣ

     Санаи 10-12 феврали соли 2025 Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ (Global Implementation Support Symposium), ки дар шаҳри Абӯ Забии Амороти Муттаҳидаи Араб   баргузор гардида буд, иштирок намуданд.
     Дар намоишгоҳи болозикр Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) – Хуан Карлос Саласар, Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) – Николас Ралло, Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб – Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ ва инчунин, роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании зиёда аз 35 давлати хориҷ  ҳузур доштанд.
     Дар рӯзи нахустини ин чорабинӣ, директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ҷиҳати омодагии Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, инчунин, васеъ намудани ҳамкориҳо бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва кишварҳои хориҷ суханронӣ намуданд.

     Инчунин, санаи 11 январи соли ҷорӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ва Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб – Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ  вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар хатсайрҳои Душанбе-Абӯ Забӣ ва Душанбе-Шарҷа, инчунин масъалаи кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифт.


     Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии “Air Arabia” ва Директори минтақавии Ширкати ҳавопаймоии “Wizz Air” вохӯриҳо ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нав ва инчунин, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ баргузор гардиданд.


     Умедворем, ки баргузории вохуриҳои болозикр ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
     Аксҳо аз ҷараёни баргузории вохӯрӣ.

Тоҷикӣ

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ДАР АГЕНТӢ

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 03/02/2025 - 13:50

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии зерин озмун эълон менамояд:
1.    Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи танзими фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ – 3626 сомонӣ.
2.    Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи назорат оид ба истифодабарии парвозию техникӣ, 1 – ҷой, маоши мансабӣ – 3626 сомонӣ.
3.    Мутахассиси шуъбаи танзими фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 ҷой – маоши мансабӣ – 1484 сомонӣ.
4.    Мудири бахши бақайдгирӣ ва назорати киштиҳои ҳавоии бесарнишин, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2435 сомонӣ.
5.    Сармутахассиси бахши бақайдгирӣ ва назорати киштиҳои ҳавоии бесарнишин, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
6.    Мутахассиси шуъбаи назорат оид ба истифодабарии парвозию техникӣ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1484 сомонӣ.
7.    Сардори шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2968 сомонӣ.
8.    Сармутахассиси шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
9.     Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.
10.    Мутахассиси шуъбаи назорати фурудгоҳҳо ва аэронавигатсия, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1484 сомонӣ.
11.    Сармутахассиси шуъбаи бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии киберӣ, 1 – ҷой, маоши мансабӣ –2204 сомонӣ.
12.    Мутахассиси пешбар шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, 1-ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.
13.    Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорат, 1-ҷой, маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ.
14.    Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –– 2968 сомонӣ.
15.    Мудири бахши ҳуқуқ, 1-ҷой, маоши мансабӣ –2435 сомонӣ.
16.    Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ,1-ҷой, маоши мансабӣ –1798 сомонӣ.  

Тоҷикӣ

Нашрияи «Авиатсияи Тоҷикистон»

Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Шнб, 01/02/2025 - 14:51
Нашрияи «Авиатсияи Тоҷикистон»

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва табодули иттилоъ дар байни сохторҳои давлатӣ, корхонаҳои авиатсионии кишвар ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар сатҳи байналмилалӣ, тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду пешрафти соҳаи авиатсияи граждании кишвар, муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, таблиғи санъат ва ҳунарҳои мардуми тоҷик, ва ташвиқ намудани фаъолияти мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, муаррифии навгониҳои соҳа, нашри рӯзномаи «Авиатсияи Тоҷикистон»-ро ташкил намояд. Зикр ба боварист, ки ин рӯзнома муаррифгари фаъолияти соҳа буда, дар рушду пешрафт ва тараққиёти самти авиатсияи граждании кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН RSS