ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ КОРМАНДОНИ КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНӢ

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/05/2024 - 17:37

Дар толори ҶСК «Тоҷик Эйр» бо иштироки Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Дилшод Файзалӣ, Директори Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» - Амирбекзода Назира, Директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» - Шодмонбекзода Парвиз, сардорони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ ва ҳайати кормандони корхонаҳои авиатсионии кишвар оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Нахуст, Сафарзода Дилшод Файзалӣ - Директори Агентӣ  саҳм ва нақши бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаҳои гуногуни  мамлакат, азҷумла, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ  беназир арзёбӣ намуданд.
Сипас, Назира Амирбекзода зимни баромади худ қайд намуданд, ки  аз рӯзҳои таъсисёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдории сулҳу субот ва тинҷиву оромии роҳи нав, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванд марому мақсади Роҳбарияти олии кишвар буд. Дар ин бора борҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву баромадҳо ва суҳбатҳо таъкид намудаанд. Ин марди шариф осудагии ин миллату давлатро танҳо дар ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мебинанд.
Ҳамин тариқ, ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат муҳим буда, дар он тамоми ҷанбаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда қарор дода шудааст.
Директори  ҶСК «Тоҷик Эйр» Шодмонзода Парвиз ба музокира баромада, андешаҳои худро нисбати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳми босазо гузоштан дар корҳои ободкориву созандагӣ баён намуданд.
Ҳар як нафар бояд Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури болои мизии худ қарор дода,  ҳамарӯза чун барномаи ҳаётан муҳим аз рӯи он кор ва фаъолият намояд.

Тоҷикӣ