Бо мақсади татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ бо ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Рақамикунонии соҳаи авиатсияи гражданӣ» ва «Заминаҳои ҳуқуқии рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби ширкати ватании машваратию - технологии «Мушовирон» моҳҳои октябр - декабри соли 2023 бо иштироки мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар: КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар», ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» семинарҳо баргузор гардиданд.
+992 (37) 236-53-34 | INFO@CAA.TJ | Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |