Барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Астана - Душанбе - Астана ва имконияти пешниҳоди тахфиф ба «Ширкати ҳавопаймоии Эйр Астана» аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)
Ношир: WWW.CAA.TJ Санаи интишор: Пшб, 01/11/2024 - 11:31

     Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ - Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Валихан Туреханов Суюунчалиев  ва намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Азизмуродова Аниса доир гардид.
     Дар оғози вохӯрӣ Директори Агентӣ аз ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд. Сафири Қазоқистон қайд намуданд, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду кишвар мебошад ва дар солҳои охир пешравиҳои зиёде дар ин самт ба чашм мерасад. Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур масъалаи барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Астана - Душанбе - Астана ва имконияти пешниҳоди тахфиф ба «Ширкати ҳавопаймоии Эйр Астана» аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
     Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба рушд додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуданд, ки дар оянда низ робитаҳои судманд боз ҳам густариш дода шавад.

 

Тоҷикӣ